Электрноқилияти нахҳои пахта вобаста аз шароити сабзиши онҳо
Автор: Komili • Апрель 13, 2018 • Курсовая работа • 5,936 Слов (24 Страниц) • 608 Просмотры
Мундариҷа
Гузориши масъала……………………………………………………………..3
Сарсухан…………………………………………………………………………5
Боби 1
Таҷҳизотҳо ва усулҳои чен кардани электрноқилияти нахҳои пахта
§1.1. Асбобҳо барои коркарди технологии нахҳои пахата……………...7
§1.2. Тарозуи аналитикӣ……………………………………………………..9
§1.3. Таҷҳизоти Жуков………………………………………………………..11
§1.4. Тарозуи миллиграмӣ……………………………………………………13
§1.5. Ба кор тайёр намудани наноамперметр барои чен кардани электрноқилияти нахҳои пахта……………………………………………15
§1.6. Тартиб додани занҷири электрикӣ барои чен кардани электрноқилияти нахи пахта………………………………………………16
§1.7. Усулҳои ҳисоб кардани параметрҳои нахи пахта…………………18
Боби 2
Электрноқилияти нахҳои пахта вобаста аз шароити сабзиши онҳо
§2.1. Сохти нахи пахта ва хосиятҳои он……………………………………20
§2.2. Вобастагии электрноқилияти нахҳои пахта аз дараҷаи пухтарасии онҳо……………………………………………………………….22
§2.3. Вобастагии электрноқилияти нахҳои пахта аз массаи онҳо……23
Боби 3
Таъсири омилҳои беруна ба электрноқилияти нахҳои пахта
§3.1. Таъсири ҳарорат ба электрноқилияти нахҳои пахта……………...33
§3.2. Таъсири рӯшноӣ ва мавҷҳои электромагнитӣ ба электрноқилияти нахҳои пахта……………………………………………..36
§3.3. Таъсири рангкунандаҳо ба электрноқилияти нахҳои пахта……39
Хулоса……………………………………………………………………………44
Адабиёт…………………………………………………………………………46
Гузоришимасъала
Дар замонимуосирравиящои нави илми физика пайдошуда, сабабиинкишофи, на фацатилмгардидаистодааст, балки пешрафтиилмихтироъванавоварищосабабиинкишофисоҳаҳои гуногуни истеҳсолоти гардида метавонанд.
Бо чунин дигаргуни илми соҳаи физика ва нанофизика нанотехнология тадқиқотҳо оид ба хосиятҳои нимноқилии нахҳои пахта шуда метавонанд, чунки зиёда аз 30 сол то имрӯз олимони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо олимони Донишгоҳи Миллии Узбекистон ҳамкорӣ намуда, дар шаҳри Тошканд якумин маротиба нахи пахтаро ҳамчун маводи нимноқилӣ гуфта бо якчанд ихтироъҳои якҷоя тасдиқ намудаанд, аз ҷумла муайян карда шуд, ки нахҳои ҳар ҳарчӣ гуна пахтаро бо сифати терморезистор, фоторезистор ва ҳатто суръатфизои ҷараёни доимӣ истифода бурдан мумкин аст. Ҳоло зиёда аз 20 ихтироъҳо дар ин соҳа, дар ҶумҳурииТоҷикистон аз тарафи Шерматов М. ва шогирдон тадқиқотҳо то ҳол давом дорад, вале нахи пахтаро маводи рӯшноиҳискунанда гуфта ихтироъ шудо бошад ҳам, рӯшоноӣ мавҷи электромагнитӣ буда, ҷараёнгузаронии бояд аз дарозии мавҷи ҳар як рӯшноӣ бояд вобаста бошад.
Аниқ кардани он, ки кадом мавҷи рӯшноии бо чашмдидашаванда ба нахи пахта зиёдтар таъсир карда, электрноқилиятро ба вуҷуд меоварад, аниқ гардад, сабаби пайдошавии боз як соҳаи нави физикӣ дар қисми электромагнетизм мегардад. Аз ҳамин сабаб ҳам мақсаде дар назди тадқиқотчиёни физика гузошта шуда, ки ҳар як намуди рӯшноӣ ба электрноқилияти нахҳли пахта чӣ гуна таъсир карда метавонад, барои илм аҳмияти бузург дорад.
Дар асл ҳар як рангкунанда ба хосияти оптики соҳиб мебошад, яъне рӯшноии ба он мувофиқро инъикос намуда, дигар рӯшноиҳоро фурӯ мебарад. Чунин ҳодисаро барои нахи пахта истифода бурдан мумкин аст, яъне нахи пахтаро бо ҳар хел рангкунандаҳо омехта карда роли онро дар электрноқилияти нахи пахта аниқ намудан.
Вобастагии таъсири рангкунандаҳо ба электрноқилияти нахҳои пахта масъалаи асосии рисолаи мазкур мебошад.
Сарсухан
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз давлатҳои аграрӣ ба ҳисоб рафта, бо коркарди зироатҳои қишлоқ машғул аст.
Яке аз чунин зироатҳо пахта ба ҳисоб рафта, вай зироати техникӣ мебошад, чунки дар истеҳсолоти бофандагӣ ва ҳатто ҳарбӣ ҳам истифода бурда мешавад.
Истеҳсол ва коркарди нахи пахта аз якчанд зинаҳои технологии мураккаб иборат аст, ки он зинаҳо ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дахл доранд ва сифати нах аз дараҷаи ташкили истеҳсолот, тараққиёти илм дар он соҳа, протсессҳои автоматикунонӣ ва монанди инҳо вобаста аст. Аз ҳамин сабаб ҳам баъзан чунин ҳолатҳое мешавад, ки маҳсулоти хоми дар зинаи охирини протсесси автоматикунонӣ ба коркард равонкардашуда аз ҷиҳати хосияташ назар ба зинаи аввали коркарди технологӣ фарқи кулли мекунад.
...