Тавсифи қоғазҳои қиматнок ва намудҳои онҳо
Автор: Zohir • Декабрь 2, 2024 • Реферат • 988 Слов (4 Страниц) • 5 Просмотры
МАВЗӮИ №3. ТАВСИФИ ЌОҒАЗЊОИ ЌИМАТНОК ВА НАМУДЊОИ ОНЊО
Наќша:
- Муњокимаи мафњуми ќоғазњои ќиматнок
- Мафњуми ќимматњои фондї, функсияњои ќоғазњои ќимматокноки расмї ва ғайрирасмї, асосї ва истењсолї
- Гурўњбандии ќоғазњои ќиматнок.
Адабиётњои тавсияшаванда:
- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бозори ќоѓазњои ќиматнок ва фаъолияти биржавї» 2006 сол.
- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Љамъиятњои сањњомї»
- Кодекси андози Љумњурии Тољикистон 2009 сол.
- Галанов В.А. Басова А.И. «Рынок ценных бумаг» 2-е издание Финансы и статистика М. 2003-2006 год.
- Њабибов А., Љамшедов Р. «Васоити таълимӣ аз фанни ќоѓазњои ќиматнок ва бозори он», Душанбе ДДМТ- 2007 сол.
1. Муњокимаи мафњуми ќоғазњои ќиматнок
Ќоѓазњои ќиматнок - як шакли сармояест, ки метавонад ба ивази пул ё мол фурўхта шавад, дар бозор њамчун шакли мол њаракат намояд ва ба соњибаш даромад орад.
Ќоѓазњои ќиматнок дар шакли мафњуми умумиаш - ин њар гуна хуљатест, ки бо нархи муайян харидуфурўш карда мешавад. Барои фањмидани моњияти ќоѓазњои ќиматнок бозори молиявї, бозори ќоѓазњои ќиматнок ва инчунин биржаро донистан лозим аст.
Ќоѓазњои ќиматнок дорои чунин хусусиятњо мебошанд, ки онњоро бо пул наздик менамояд:
- Нисбатан ба осонї ба пули наќд иваз мешавад.
- Њамчунин он дар суратњисоб нишон дода мешавад.
- Онро њамчун кафолат истифода бурда метавонанд. (залог)
- Дар давоми солњои тўлони нигоњ дошта мешавад.
-Аз насл ба насл мерос гузошта мешавад, ё ки таќдим карда мешавад.
Њамаи ќоѓазњои ќиматнок дар шакли ќоѓазї бароварда мешавад ва аз њамин љо номи он гирифта шудааст. Арзиши номиналии онро бо воситаи он чизе, ки дар ќоѓази ќиматнок навишта шудааст, ё ин ки бо роњи бозорї муайян карда мешавад.
Аммо тараќќиёти муносибатњои бозори дар дањсолањои охир ба он оварда, расонид, ки шакли ќоѓазин ба шакли бењуљљат, гузариш аз шакли ќоѓазин ба шакли беќоѓаз аз он вобаста аст, ки якум; бо зиёдшавии миќдори ќоѓазњои ќиматноки дар гардиш буда, пеш аз њама намудњои машњури онњо сањмия ва вомбарг. Дигар намуди ќоѓазњои ќиматнок ин миќдорашон на он ќадар зиёд мебошад бисёртар шакли њуљљатї афзалият дорад.
Бисёри њуќуќњо, ки бо доранда ќоѓазњои ќиматнок вобаста карда шудаанд, ќатъи назар аз шакли онњо фурўхта мешаванд. Масалан: ќоѓази ќиматнок дар шакли дорандаи материалии ин њуќуќњо амалї гардад.
Шакли беќоѓазии он њисоббаробаркунї, гузаштани онро аз як шахс ба шахси дигар, нигоњ доштан ва ба њисобгирї, андозситонї ва ѓайрањоро тезонд, осон кунад ва гирдгардиши онњоро арзон кунад.
Бо дигаргунињои сохторї дар бозори ќоѓазњои ќиматнок вобаста аст. (бо зиёдшавии шумораи номии ќоѓазњои ќиматнок ва бо камшавии шумораи таќдимкунандаи ќоѓазњои ќиматнок)
Барорандагони (ношир) ќоѓазњои ќиматнок асосан инњо мебошанд:
- Сектори хусусї;
- Давлат;
- Субъектњои њориљї;
Бинобар ин, аз рўи бароришашон ќоѓазњои ќиматнок ба ќоѓазњои ќиматноки зерин људо мешаванд:
- Хусусї;
- Давлатї;
- Байналхалќї;
Ва дар навбати худ онњо боз ба зергурўњњо људо мешаванд:
- ќоѓазњои ќиматноки хусусиро корпоратсия ва ё фирмањои ѓайримолиявї ва инситутњои ќарзию молиявї (бонкњо, ташкилотњои суѓурта ва маблаѓгузорњо) мебароранд;
- ќоѓазњои ќиматноки давлатиро Њокимиятњои марказї ва Њокимиятњои мањалли мебароранд;
- ќоѓазњои ќиматноки байналхалќиро аз рўи бароришашон (ношир), асъор, мўњлати дар муомилот буданашон фарќ мекунанд.
Барорандагони ќоѓазњои ќиматнок шахсони њуќуќї ва ё Њокимиятњои иљроия ё ин ки, органњои худидоракунї дар мањалњо, аз номи худашон дар назди дорандагони ќоѓазњои ќиматнок ўњдадоранд оиди њуќуќ ва вобаста будани онњо љавобгар мебошанд.
Ќоѓазњои ќиматнок вобаста аз соњибияташон људо мешаванд ба:
- Номї.
- Ордерї.
- Пешнињодї.
Ќоѓази ќиматноки номї - ин ќоѓази ќиматноке мебошад, ки дар он номи дорандаи он ќайд карда шудааст ва рўихати соњибони он ки дар шаклњои њуљљатї ва электронї бурда мешавад.
...