Зурурати њалли консептуалии масъалањои соњибкорї
Автор: Bakhtovar • Апрель 23, 2018 • Курсовая работа • 5,080 Слов (21 Страниц) • 567 Просмотры
Љумњурии Тољикистон
аз 3 декабри соли 2004 № 469
тасдиќ шудааст
Консепсияи
рушди соњибкорї дар Љумњурии
Тољикистон дар давраи то соли 2015
Мундариља
Муќаддима.
- Зурурати њалли консептуалии масъалањои соњибкорї.
- Маќсад ва вазифањои консепсия.
- Амалї намудани дастгирии давлатии соњибкорї.
- Таъсиси инфраструктураи дастгирии соњибкорї ва низоми таъмини иттилоотии соњибкории хурду миёна ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи онњо.
- Њамкорї бо воситањои ахбори омма дар соњаи таблиѓоти фаъолияти соњибкорї.
- Њамкории байналмилалї дар соњаи соњибкорї.
Хулоса.
Муќаддима
Консепсияи рушди соњибкорї, яке аз воситањои асосии дастгирии давдатии соњибкорї мебошад.
Самти стратегии рушди соњибкорї дар асри ХХI, ки ба љорї кардани технологияњои инноватсионї, аз лињози экологї пок ва бепартов, инчунин њифзи захирањо нигаронида шудааст, ба паст фаровардани харољоти истењсолот, бањисобгирии талаботи бозори љањонї, таъмини раќобатнокии миллї, мусоидат менамояд. Дар ин мафњум на танњо инноватсияњои дорои хосияти техногенї, балки технологияњои менељмент, маркетинг ва таълими соњибкорї низ ба назар гирифта мешавад.
Стратегияи рушди соњибкорї, њамчунин интихоби усулњои расидан ба маќсад, яъне рушди рўзафзун, мунтазам ва вусъатноки истењсоли молњо ва хизматрасонї аз тарафи субъектњои хољагидор, бењбуди мувозинати пардохтї ва таъсиси љойњои нави кориро низ пешбинї менамояд.
Лозим ба тазаккур аст, ки шароити кунунии пешбарии соњибкорї дар Тољикистон ба мављудияти мушкилињои амиќи марбут ба дастёбии субъектњои соњибкории хурду миёна ба бозор ифода ёфтааст, ба монанди ќобилияти пасти пардохти ањолї, болоравии харољоти наќлиётї ва дигар пардохтњо, душвории дастрасї ба сарчашмањои ашёи хом, технологияњои нав, сармояи ќарзї.
Дар бисёр маврид соњибкор на ин ки дар андешаи рушди бизнеси худ, балки дар фикри барљомонї мебошад. Тањлили вазъ ва рушди кунунии соњибкорї нишон медињад, ки маљмўи мамониятњои иќтисодї ва маъмуриву њуќуќї аз тарафи маќомоти идораи давлатї ва инчунин маќомоти мањаллии њокимияти давлатї вуљуд доранд.
Мањз, пардохтњои ѓайрирасмии субъектњои хољагидор аллакай аз давраи баќайдгирї, шурўъ мешаванд. Мањдудияти раќобат дар фазои бонкї соњибкорро маљбур месозад, ки бо сабаби фоизњои баланди ќарзї ва пардохтњои ѓайрирасмї дар шароити барояш ногувор фаъолият намояд. Хизматрасонии бонкї гаронарзиш буда, на аз лињози муддат ва на аз лињози сифат ба талаботи стандартњои љањонї љавобгў нестанд.
Дар мавриди ба фурўш расонидани мањсулот бо сабаби раќобатпазир будани молашон нисбати молњои воридшаванда истењсолкунандагони мањаллї ба мушкилињои зиёде дучор мегарданд.
Њарчанд оиди њимояи истењсолкунандагони мањаллї дар њама сатњњо њарф мезананд, веле дар асл бошад, тадбирњои дар ин самт андешидашуда нокифоя мебошанд. Дар натиља, истењсоли мањсулоти ивазкунандаи мањсулоти воридотї мањдуд шудааст.
Дар тамоми дунё маълум аст, ки соњибкории хурд таъминкунандаи асосии љорї намудани технологияњои нав, инноватсияњо ва ноу-хау дар таљрибаи истењсолї мебошанд, яъне онњо ќисми муњими пешбарандаи тараќќиёти илмию техникї ва илмию иќтисодї ба њисоб мераванд.
Нисбати андозсупорандагони азим бошад, новобаста аз шакли моликият, механизми иќтисодию њуќуќї боз њам беадолатона њаст, яъне дар асл, он тавре сохта шудааст, ки бештар сармоягузори хориљро ташвиќ карда, сармоягузор ва соњибкор-истењсолкунандаи мол ва хизматрасонии мањаллиро ноумед месозад. Аз ин сабаб, бахши зиёди соњибкорї дар ќисмати ѓайрирасмии иќтисодиёт љойгир шудааст.
Андозњое, ки аз љониби субъектњои соњибкории хурд аз рўи низоми содда пардохта машаванд, нисбат ба андозбандии корхонањои вобаста ба соњибкории миёна ва калон, бештар воќеъбинона асоснок шудаанд.
...