Ҳалли масъалаҳои экологӣ
Автор: мухаммад фирузода • Апрель 25, 2021 • Реферат • 645 Слов (3 Страниц) • 447 Просмотры
Ҳалли масъалаҳои экологӣ
Инкишофи босуръати илму техника дар нимаи дуюми асри XX ба ифлосшавӣ ва тағироти биосфераи замин оварда мерасонид. Масалан, миқдори гази дуоксиди карбон дар атмосфера то 12-18%, чангу ғубор то 20% афзуд ва равшании рӯи замин бошад то 7-10% кам шудааст.з
Дар Тоҷикистон низ аз таъсири фаъолияти мухталифи инсон харобшавии муҳити зист ва сарватҳои табии мушоҳида карда мешавад. Махсусан, партовҳои корхонаҳои саноатӣ, газҳои аз корхонаҳо ба атмосфера хориҷшуда, ва химиконии соҳаи кишоварзӣ боиси ифлосшавии обу ҳаво ва хок гардида ба вазъи муҳити зист таъсири манфӣ расонидааст.
Аз ин рӯ, масъалаҳои экологӣ дар қатори дигар мушкилотҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар мадди аввал гузошта шуда ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва қонунҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табии қабул карда шудааст. Масалан, дар моддаи 13-и Кониститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст: замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар бойгарии табиӣ моликияти истиснои давлат мебошад ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Инчунин, дар Ҷумҳуриямон оид ба масъалоҳи экологӣ як қатор қарорҳо:«Кодекс оид ба об» (27.12.1993), «Қонуни давлати оид ба назорати санитарии партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ »,(27.07.1994), қарори ҳукумати ҶТ «Оид ба вазъи таълим ва тарбияи экологии аҳолӣ»(23.03.1995).Барномаи давлатии тарбия ва маърифати аҳолии Тоҷикистон то соли 2000-ум ва дар давраи то соли 2010 (23.02.1996), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди экспертизаи экологӣ » (05,03,2003) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвоноти Тоҷикистон» (20,07,2003) ва ғайраҳо қабул шудааст. Бояд қайд кард, ки дар ташаккули маърифат ва тарбияи экологи мо донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳо пеш аз ҳама факултетҳои табиатшиносӣ нақши калонро иҷро карда метавонанд. Бинобарон он, экология ҳамчун фанни мустақил ба нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои мактабҳои олии Ҷумҳуриямон дохил карда шудааст. Барои самарабахш ташкил намудани тарбияи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ, истифода намудани аз усулҳои нав ва анъанавии экологӣ ба мақсад мувофиқ аст.
...