Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Устод Муҳаммад Осимӣ

Автор:   •  Октябрь 18, 2022  •  Реферат  •  538 Слов (3 Страниц)  •  153 Просмотры

Страница 1 из 3

Устод роҳнамои мост!

                      Хотираи шахсони бузург ҳаргиз аз хотири мо зудуда нахоҳад шуд.

Устод Муҳаммад Осимӣ яке аз бузургтарин шахсияти асри 20 – уми миллати тоҷик буданд, ки дар қатори С. Айнӣ, Б. Ғафуров, С. Умаров ва М. Турсунзода дар рушди Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯву эътибори он нақши назаррас доштанд. Агар устод Айнӣ ба кори Академияи илмҳои кишвар оғоз бахшида, устод Султон Умаров пояҳои онро устувор карда бошанд, маҳз устод Муҳаммад Осимӣ онро ба дараҷаи баланд расонида, фаъолияти устодони худро таҳким бахшиданд. Агар ба зиндагиномаи устод назар афканем, худ моту маҳбут гашта, шифтаи ин гуна устоди асил мегардем. Зеро корҳое, ки устод барои мо ояндагон анҷом додаанд қобили ситоиш аст.

Саҳми устод М.С.Осимӣ дар рушди илмҳои дақиқ хеле зиёд аст. Ташкил ва роҳбарӣ кардани Донишкадаи политехникӣ дар шароите, ки дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як номзади илмҳои техникӣ буду халос ин як қаҳрамонист.  Имрӯз он донишкада яке аз донишгоҳҳои беҳтарини кишвар асту дар сатҳҳои байналмиллалӣ муаррифгари давлату миллат мебошад. Ҳамасола довталабони зиёде ба донишгоҳи мо барои таҳсил ҳуҷҷатҳои хешро супорида, бо иштиёқи беандоза таҳсилро дар ин боргоҳ идома медиҳанд. Зеро дар донишгоҳ тамоми шароитҳои хуби таҳсил фароҳам оварда шуда, устодони варзида ба мо донишҷӯён дарс меомӯзанд. Робитаҳои донишгоҳ бо дигар донишгоҳҳо (донишгоҳҳои дохили кишвар ва берун аз он) ва созмонҳою корхонаҳо рӯ ба густариш аст. Мо донишҷӯён бо чашми худ ин пешравиҳоро дида мехоҳем, ки дар он саҳмгузор бошем.

Мо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бояд аз корномаи устод Осимӣ ибрат гирем ва хизматҳои эшонро қадр намоем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард, ки устод барои донишгоҳи мо чӣ корҳоро анҷом додаанд. Ин ҳама маҳсули дасти устод Осимӣ мебошад, ки мо дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин донишгоҳ дорем ва дар он таҳсил карда, соҳиби маълумоти олӣ мегардему дар соҳаҳои гуногуни саноати кишвар кору фаъолият намуда, барои пешравии Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи хешро мегузорем. Дар ҷаҳони муосир давлатҳое муваффақанд, ки соҳиби техникаву технология ва умуман саноати босифату пешрафта ҳастанд. З – ин сабаб мо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бояд ин масоилро хуб дарк намуда, барои пешрафти техникаву технологияи кишвари маҳбуби хеш тамоми саъю талоши хешро сарфа намоем. Ин агар аз як тараф хизмати мо дар назди халқу миллати хеш бошад, аз тарафи дигар пос доштани хотираи устоди хеш М.Осимӣ ва ба оламиён нишон додани азамату бузургии устодамон аст. Зеро дигарон амали моро ба он баҳо медиҳанд, ки мо дар куҷо маълумоти олии касбӣ гирифтаем ва устодони ба мо дарсгуфта киҳо буданд. Бешак ҳама бо шунидани номи донишгоҳамон пеш аз ҳама устод Осимиро ва кору фаъолитяи эшонро ба риштаи сухан мекашанд. Бо дарки ин маънӣ мо донишҷӯёни донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамеша номбардори устоди гиромиамон бошем.

...

Скачать:   txt (6.1 Kb)   pdf (55.3 Kb)   docx (8.6 Kb)  
Продолжить читать еще 2 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club