Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Ҳуқуқи бонкӣ ҳамчун соҳаи комплекси ҳуқуқ

Автор:   •  Январь 8, 2022  •  Лекция  •  8,556 Слов (35 Страниц)  •  285 Просмотры

Страница 1 из 35

нкӣ

БОНКИ ЛЕКСИЯҲО

ЊУЌУЌИ БОНКЇ

КӮЛОБ - 2022

         

Мавзуи 1.   Ҳуқуқи бонкӣ ҳамчун соҳаи комплекси ҳуқуқ

  1. Мафҳум ва мавқеи ҳуқуқи бонкӣ дар низоми ҳуқуқ.
  2. Предмет ва методи ҳуқуқи бонкӣ.
  3. Низоми ҳуқуқи бонкӣ.
  4. Принсипҳои ҳуқуқи бонкӣ

Ҷавоби 1.  Ҳуқуқи бонкӣ ҳамчун соҳаи комплексии ҳуқуқ баромад карда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи фаъолияти бонкӣ ба танзим медарорад.

Ҷавоби 2.  Муносибатҳои ҷамъиятие, ки тавассути меъёрҳои ҳуқуқи бонкӣ ба танзим дароварда мешаванд, предмети ҳуқуқи бонкиро ташкил медиҳанд.

Муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ дар байни иштирокчиёни он амалӣ гардонида мешаванд. Ин муносибатҳоро ба гурӯҳои зерин ҷудо мекунанд:

  • Муносибатҳои ҳуқуқии байни ташкилотҳои қарзӣ ва БМТ;
  • Муносибатҳои ҳуқуқии байни ташкилотҳои қарзӣ ва муштариёни онҳо;

Муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ гуфта, тарзҳо, роҳҳо ва воситаҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба рафтор ва иродаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ фаҳмида мешавад.

Тарзҳои асосии танзимнамоии ҳуқуқ инҳо мебошанд:

  • Иҷозатдиҳӣ;
  • Манъкунӣ;
  • Ӯҳдадорӣ;

Ҳуқуқи бонкӣ ҳамчун соҳаи комплексӣ дорои чунин методҳо мебошад:

  • Оммавӣ-императивӣ;
  • Хусусӣ-диспозитивӣ;
  • Комплексӣ;

Ҷавоби 3.  Низоми ҳуқуқи бонкӣ гуфта, таркиби пайдарпай ҷойгиршавии меъёрҳои ҳуқуқии бо ҳам алоқамандро дар таркиби ҳуқуқи бонкӣ мефаҳманд.

Низоми ҳуқуқи бонкӣ ду гурӯҳи асосӣ дорад:

  • Қисми умумӣ-амалиётҳои бонкӣ;
  • Қисми махсус-мавзӯъҳои асосии фан;

Ҷавоби 4.  Принсип ин асосҳои роҳбарикунандаи фан мебошад. Ба принсипҳои ҳуқуқи бонкӣ инҳо дохиланд:

  • Дахлнопазирии моликият;
  • Манъ будани монополияи бозори бонкӣ ва дастгирии рақобат;
  • Озодии фаъолияти бонкӣ;
  • Фазои ягонаи бонкӣ;
  • Афзалияти манфиатҳои тамоми иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ;
  • Монополияи эмиссияи БМТ;
  • Нигоҳ доштани сирри бонкӣ;
  • Музднок будани хизматрасонии бонкӣ;
  • Хусусияти иҷозат доштани фаъолияти бонкӣ;

Ҷавоби 5.  Илми ҳуқуқи бонкӣ низоми донишҳо, категорияҳо, хулосаҳо, муҳокимарониҳо дар бораи зуҳуроти ҳуқуӣ ва иқтисодию ҳуқуқӣ мебошад, ки предмети ҳуқуқи бонкиро ташкил медиҳад.

  • Дар илми ҳуқуқи бонкӣ масъалаҳои зерин омӯхта мешаванд:
  • Принсипҳои ҳуқуқи бонкӣ;
  • Меъёрҳои ҳуқуқи бонкӣ ва инкишофи онҳо;
  • Роҳҳои ташаккулёбии қонунгузории бонкӣ;
  • Муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар ҷараёни амалишавии фаъолияти бонкӣ ба вуҷуд меояд;

Мавзўи 2 : Муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ

  1. Мафҳум ва нишондиҳандаҳои асосии ҳуқуқи бонкӣ.
  2. Таркиби муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ.
  3. Намудҳои муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ.

Ҷавоби 1.  Муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ гуфта, муносибатҳои ҷамъиятиро меноманд, ки дар соҳаи фаъолияти бонкӣ аз ҷониби давлат ҳифзшаванда дар назар дошта мешавад, дар натиҷа ҳангоми амалӣ намудани низоми бонкӣ ба вуҷуд меояд.

Муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ ин алоқаи аҳамияти иҷтимоӣ дошати субъектони фаъолияти бонкӣ[1] мебошад, ки ба воситаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳо дар меъёри ҳуқуқи бонкӣ пешниҳод шудаанд. Ба муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ чунин хусусиятҳо хос мебошанд:

  • Муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ-як намуди муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи бонкӣ ба танзим дароварда мешаванд;
  • Муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ-вобаста ба моҳияташон муносибатҳои пулӣ буда, дар азнавтақсимкунии воситаҳои пулӣ байни соҳаҳои иқтисодиёт ва воҳидҳои марзии давлат[2], таъмини самаранокии ҳисоббаробаркунӣ ифода меёбад;
  • Муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ-алоқаи ҳуқуқии субъектони фаъолияти бонкӣ мебошад;

Ҷавоби 2.  Таркиби муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ гуфта, сохти дохилӣ ва алоқаи байни аломатҳои ҳбро меноманд.

Муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ дорои чуниналоматҳо мебошанд:

  • Субъектони муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ;
  • Объекти муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ;
  • Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ;

Субъектони муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ гуфта, иштирокчиёни муносибатҳоеро меноманд, ки ба фаъолияти бонкӣ алоқамандӣ доранд. Дар асоси таҳлили адабиётҳои илмӣ ба субъектони муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ инҳо дохиланд:

  • МН МО ҶТ;
  • Ҳукумати ҷт;
  • Вазорати молияи ҷт;
  • Ташкилотҳои қарзӣ;
  • Флиал ва намояндагиҳои ташкилотҳои қарзӣ;
  • Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

Объекти муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ неъматҳое мебошанд, ки вобаста ба онҳо ё оиди онҳо субъектони муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ алоқаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоранд. Инчунин қайд кардан зарур аст, ки ба сифати объекти муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ инчунин ғайр аз неъматҳои моддӣ[3] неъматҳои ғайримоддӣ[4] баромад мекунанд.

...

Скачать:   txt (88.9 Kb)   pdf (471 Kb)   docx (1.1 Mb)  
Продолжить читать еще 34 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club