Тарљумаи компютерї
Автор: Zidanek • Февраль 6, 2019 • Статья • 906 Слов (4 Страниц) • 454 Просмотры
ПРОБЛЕМАЊОИ АКТУАЛИИ ТАРЉУМАИ КОМПЮТЕРЇ
Исмоилов Мизроб Ахмедович1
Иброњими Юсуф2 (E_mail: ibrohimi-yusuf@mail.ru)
1Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
2Донишкадаи технология ва менељменти инноватсионї дар шањри Кўлоб
Барои тарљумаи компютерӣ то њол барномае, ки забони њаќиќиро дуруст коркард кунад, сохта нашудааст. Дар тарљумаи компютерӣ 3-усул мавҷуд аст: тарҷума дар асоси ќоидањо; тарҷумаи статистикї; усули Translation Memory. Њамаи ин усулњо хатогињои айнан якхеларо доранд: тарљумаи нодурусти номњо, иборањои кутоњкардашуда, калимаҳои дорои ду ва зиёда маъно, љобаљогузории аъзоњои љумла бе назардошти хусусиятњои забони тарљума.
Тарљумаи компютерї (ТК) – яке аз соҳаҳои нињоят муњими забоншиносии иттилоотї мебошад, ки он тамоми проблемањои коркарди матнро фаро мегирад. Бартарияти ТК дар коркарди њаљми калони додашудањо, суръати тарљума ва кам кардани харољоти тарҷума ифода меёбад. Аммо то ҳол барномаи тарҷумаи компютерӣ, ки матни додашударо дар ҳамон шакли маънои ба дигар забон дуруст ва дақиқ тарҷума кунад, сохта нашудааст.
Дар замони имрӯза 3-усули иљрои ТМ мавҷуд аст: тарҷума дар асоси ќоидањо; тарҷумаи статистикї; усули Translation Memory.
Барои тарҷума аз рӯи қоидаҳо алгоритме истифода мешавад, ки ба раванди тафаккури инсон аз рӯи пайдарпайии амалҳо дар ҷумлаи додашуда нигаронида шудааст, яъне ба ҳар як элементи ҷумла бояд таҳлилҳои зерин гузаронида шавад:
- таҳлили морфологї-муайянкунии њиссаи нутќи калимаю ибораи додашуда;
- љустуљўи истилоҳот, воњидњои фразеологї барои ҳамон соҳа ва аз таҳлили оянда истисно кардани онҳо;
- таҳлили синтаксисї-тањлили сохтор ва муайянкунии аъзоҳои љумла – мубтадо, хабар, муайянкунанда, пуркунанда, ҳол. Дар айни замон чунин ќабул шудааст, ки системаҳои тарҷумаи компютерӣ матнҳои забони англисиро ба осонӣ тарҷума мекунанд, зеро дар он тартиби ҷойгиршавии калимаҳои ҷумла хеле дақиқ аст. Аксари забонҳо тартиби озоди ҷойгиршавии калимаҳоро дар ҷумла дастгирӣ мекунанд, ки ин раванди қолабсозӣ(формаликунонӣ)-и забонро мураккаб мегардонад;
- таҳлили лексикӣ-људокунии калимаҳои якмаъно аз калимаҳои бисёрмаъно(дорои якчанд эквиваленти тарҷумакунӣ);
- таҳлили грамматикӣ-муайянкунии иттилооти грамматикӣ бо назардошти додашудаҳои забони тарҷумакунӣ;
- синтези ҷумлаи ҳосилшаванда(тарҷума).
Усули статистикии тарҷумаи компютерӣ аз таҳлили массиви матнҳои якхела ва барои тарҷума интихоб кардани варианти бисёртар мувофиқаткунанда асос ёфтааст. Барномаҳои бо чунин алгоритм сохташуда ягон қоидаи грамматикиро ба эътибор намегиранд. Дар асоси чунин технология аз ҷониби ширкати амрикоии Google хизматрасонии Google Translate сохта шудааст. Ибораҳои алоҳида ҳангоми тарҷумаи статистикӣ дуруст тарҷума мешаванд, аммо грамматика вайрон мешавад: баъзан тарҷума то ҳадде номувофиқ мешавад, ки маънои онро фаҳмидан ғайриимкон аст.
Технологияи Translation Memory ҳуҷҷати додашударо бо матнҳои ба таври доимӣ пуршавандаи пойгоҳи матнҳои тарҷумашуда муқоиса карда, матнро тарҷума мекунад. Мувофиқатро ёфта, барнома варианти пештар тасдиқшударо бармегардонад.
Қисми асосии тарҷумаҳо ба ҳуҷҷатгузории техникӣ ва мукотибаи корӣ алоқаманд аст. Дар ин соҳаҳо ибораҳои стандартӣ ниҳоят зиёд такрор мешаванд, ва лексикаи матн дар қолаби муайян маҳдуд шудааст. Тарҷумаи компютерӣ дар ин ҳолат ба истифодабарандагон то ҳадде кумак карда метавонад. Вале ҳангоми тарҷумаи махсусгардонидашудаи компютерии матнҳо ҳолатҳои тарҷумаи бемаъно зиёд рух медиҳад. Дар мукотиботи корӣ номҳо ва дигар элементҳои матн, ки набояд тарҷума карда шаванд, зиёд истифода бурда мешаванд ва тарҷумаи бемаънои он хондани матнро мушкил ва ғайри қобили фаҳмиш мегардонад. Монеаи дигар ҳангоми тарҷумакунӣ ихтисораҳо мебошанд: United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization – UNESCO, United Nations Population Fund – UNFPA, Union of Soviet Socialist Republics – USSR ва ғайраҳо. Дар ин ҳолат аксаран шакли ихтисоршудаи номҳо ё ибораҳо ба ҳамон шакли аслӣ вале бо ҳарфҳои алифбои тарҷумакунӣ баргардонида мешаванд. Масалан: UNESCO – ЮНЕСКО, UNFPA – ЮНФПА, USSR – ЮССР. Барои ҳалли ин проблема зарур аст, ки ихтисораҳо тарҷума шуда, дар асоси онҳо базаи ягонаи ихтисораҳо тартиб дода шавад. Яке аз проблемаҳои дигари тарҷумаи компютерӣ дорои якчанд маъно будани баъзе калимаю ибораҳо мебошад, ки маънои аслии он вобаста ба ҷумла муайян мешавад. Маънои калима вобаста ба соҳае, ки дар он матн тарҷума шудааст, дигаргун буда метавонад.
...