Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Афшура аз сабзи

Автор:   •  Январь 18, 2022  •  Курсовая работа  •  3,167 Слов (13 Страниц)  •  206 Просмотры

Страница 1 из 13

МУНДАРИҶА

САҲ.

САРСУХАН ....................................................................................

4

  1.  ҚИСМИ ТЕХНОЛОГӢ............................................

5

  1. Тавсиф ва таснифи ашёи хоми асосӣ ва ёрирасон….

5

  1. Сабзӣ. Таркибии химиявии он …………….................

5

  1. Талабот ба ашёи хом, сабзӣ............................................

10

  1. Схемаи технологии афшураи сабзӣ...................................

  13

  1. Технологияи истеҳсоли афшураи сабзӣ............................

  14

  1. Назорати технохимиявии истеҳсоли афшураи сабзӣ....

  19

  1. ҚИСМИ ҲИСОБОТӢ...........................................................

21

2.1. Ҳисоби технолгии маҳсулот.....................................................

21

2.2. Ҳисоби автоклавҳо .....................................................................

22

2.3. Интихоби таҷҳизотҳо ................................................................

30

ХУЛОСА ………………………………………………………………

39

РӮЙХАТИ  АДАБИЁТҲОИ ИСТИФДАШУДА.........................

41

[pic 1]

САРСУХАН

Афшураҳо, ки дар таркиби худ бисёр моддаҳои фаъоли химияви доранд истеҳсоли онҳо барои ратсиони  инсон аҳамияти калон дорад. Онҳо аз карбогидратҳо, кислотаҳои органикӣ витаминҳо ва моддаҳои минералӣ хеле бой мебошанд.

Аммо нигоҳдории меваҳо ва сабзавотҳо устувор нестанд. Бо афзоишёбии микроорганизмҳо онҳо зуд вайрон мешаванд ва мӯҳлати нигоҳдории онҳо дар намуди тару тоза дар давраи асосии ғунучин маҳдуд карда шудааст, ки вобаста аз намуди меваҳо ва сабзавотҳо аз 2-3 ҳафта то 2-3 моҳ давом дорад. Ҳама медонад, ки барои саломатӣ бояд витаминҳоро истеъмол намоем, дар афшураҳо бошад, миқдори онҳо зиёд аст. Масалан: витамини С; витамини Р; кислотаи фолиевӣ; провитамин А – каротин, ки бисёртар дар меваҳо ва сабзавотҳо мавҷуд аст, инчунин дар таркиби себ низ бо миµдори хеле бисёр дидан мумкин аст. Афшураҳо аз меваҳо бо роҳи таъсири механикӣ ва тариқи консервакунии физикӣ гирифта мешаванд, ки қариб тамоми моддаҳои ғизоии таркиби мевахо ба афшура мегузарад. Чи хеле, ки мо медонем Тоҷикистони мо кишвари офтобруя буда, тақрибан ҳамаи намуди меваю сабзавотҳо ҳамасола парвариш карда мешаванд, ки агар як миқдори муайяни онҳо ба хориҷа фурухта шавад боқимондаашро барои халқ пешкаш карда мешавад.

1. ҚИСМИ ТЕХНОЛОГӢ

1.1. Тавсиф ва таснифи ашёи хоми асоси  ва ёрирасон.

Барои истеҳсоли афшураи сабзӣ, талабот ба сифати ашё хом бояд сахт бошад. Ашё бояд дар муҳити аз ҷихати экологӣ тоза  руёнида шуда бошад. Дар вақти истеҳсоли афшура, сифати афшураҳои табиӣ ва шаҳдҳо на танҳо намуди зоҳири балки хосиятҳои технологии навъҳои ботаникии меваҳо ва растаниҳо ахамияти калон дорад. Ашёи хоми растанигӣ бояд ба критерияи бехатарии муқарраршудаи меъёри санитарӣ ва талаботҳои тиббӣ - биологии сифати ашёи хоми фурӯш ва маҳсулоти хӯрока ҷавобгӯй бошад..

1.2. Сабзӣ. Таркиби химиявии он.

Сабзӣ тарзар, [Daucussativus(D/], бехмеваест дусола, яке аз сабзавотҳои маъмултарин ба шумор меравад. Соли аввал бехмева, соли дуюм гул мекунад.Бехаш ғафс, серобу сершира (дарозиаш 10-20см), гуногуншакл (душакл,зугуташакл, гирда ё махрутшакл) ва гуногунранг (сафед, зард, норинчи, сурх, норинчии сурхтоб, бунафш) мешавад; вазнаш ба ҳисоби миёна 100 -200г пояи сабзӣ дусола сершоха буда то 100 см қад мекашад.Баргаш пармонанди се ё панҷ гуша, сабзи баланд, баъзан хокистари ё бунафштоб, хушагулаш чатрмонанд, гудаш дучинса (баъзан ҷудочинса), гулбаргхои гули канории чатр сафед ё зардтоб, гули маркази чатр одатан сурхи баланд. Асосан ба тавассути шамол ва ҳашарот гардолуд мешавад. Тухмаш хурд, гирдаи дарозруя, кирадору пашмакдор мешавад. Сабзии мазрӯъ аз сабзии худрӯй ба вуҷуд омадааст. Онро 4 ҳазор сол муқаддам кишт мекарданд. Сабзӣ сабзавоти маъмули юнониҳо ва римиҳои қадим будааст. Сабзӣ 5 намуд дорад: бахримиёназаминӣ, осиёгӣ, японӣ, сириягӣ ва китайӣ. Дар аксари мамлакатҳо аз ин Чумҳурии Тоҷикистон зернамудҳои осиёгӣ бахримиёназаминиро парвариш намуданд. Ба шароити Тоҷикистон навъҳои тезпазаки  Мушаки 195, Мушаки сурх, тезпазаку  миёнапазаки «Наианская 4», миёнапазаки Мирзоиизарди 304, Мирзоии сурх 228, «Шантенеэ 2461» мутобиқ карда шудаанд.

...

Скачать:   txt (38.8 Kb)   pdf (226.4 Kb)   docx (795 Kb)  
Продолжить читать еще 12 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club