Мазмун, мақсад ва вазифаҳои таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ
Автор: Зулолиддин Зиёвиддинзода • Май 10, 2024 • Лекция • 2,827 Слов (12 Страниц) • 127 Просмотры
Мазмун, мақсад ва вазифаҳои таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ.
Вазифаҳои таълими математика ҳанўз дар «Барномаи таълими математика», ки соли 1968 нашр гардида буд, ба таври умумӣ муайян карда шуда буд.
Дар он қайд карда шудааст; Вазифаҳои таълимдиҳии математика дар мактаб бошуурона ва мустаҳкам аз худ намудани дониш ва малакаҳои математикӣ мебошад, ки онҳо
а) дар ҳаёт ва кори ҳаррўзаи ҳар як аъзои ҷамъият заруранд;
б) асосӣ дар мактаб таълим додани дигар фанҳоро ташкил медиҳад,;
в) баъди хатми мактаб мустақилона давом додани донишгирӣ, хондани адабиёти илми – оммавӣ ва тахникӣ кифоя мебошанд. Аҳамияти таълимии математика дар тараққиёти умумии қобилияти маърифаткунонии хонандагон зуҳур меёбад.[1]
Ин нишондод бо вуҷуди дуруст буданаш мушаххасгардониро талаб мекунад. Чунин қонуният дар илми педагогика қабул гардидааст: таълими ҳар як фанни ҷудогона пеш аз ҳама се вазифаро ба ҷо меорад; маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ, инкишофдиҳандагӣ.
Аз ин рў вазифаҳои асосии таълими курси ибтидоии математикаро чунин муайян намудан мумкин аст:
1. Дар хонандагон ташаккул додани дониш, маҳорат ва малакаҳои ибтидоии илмӣ оид ба математика.
2. Гузоштани таҳкурсии мустаҳкам барои мунтазам аз худ намудани дониш, маҳорат ва малакаҳои мукаммали математикӣ дар синфҳои миёна ва болои мактабӣ.
3. Асоси методии ба амалҳои баръаксӣ алоқамандияти дарккунӣ, тафаккури мантиқии математики хонандагон.
4. Ташаккул додани шуурнокию ҷаҳонбинӣ ва сифатҳои ахлоқии хонандагон.
Материалҳои таълимӣ дар китобҳои дарсии математика барои синфҳои ибтидои аз рўи принсипи консентрикӣ ҷойгир кунонида шудааст. Барои ба тарзи консентрикӣ ҷойгир кунонидани материалҳои таълимӣ асосҳои зерин ҷой доранд:
1. Асоси психологӣ. Мувофиқ ба ин давраи авали таълим бояд он донишу маҳоратҳоеро дар бар гирад, ки хонандагон ва онҳо ба мактаб омадаанд. Аз ин рў, яку якбора ба омўзонидани ададҳои нисбатан калон, ки барои хонандагон дастрас нестанд, шурўъ кардан мумкин нест. Аввал ба хонандагон иҷро кардани амалҳои арифметикиро ба ададҳои начандон калон ёд додан ё омўзонидан лозим аст.
2. Асоси методии хусусиятҳои системаи шумор ва қоидаҳои иҷро кардани амалҳои арифметикӣ.
Дар системаи нумератсияи даҳӣ асоси бисёррақамаро номгўй даҳии якум ташкил медиҳад ва бо ин сабаб консентри ададҳои даҳии якум ҷудо карда мешавад. Вобаста ба хусусияти ададҳои номбурда аз 11 то 19 ададҳои даҳии дуюм махсус ҷудо карда мешавад. Дар ин доира ҷадвали ҷамъ омўзонида мешавад, ки он асоси ҷамъкунии хаттиро бо ададҳои бисёррақма ташкил медиҳад[1].
3. Асоси методии ба амалҳои баръаксӣ алоқаманд буда.
Дар асоси принсипи конссентркӣ дар барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсии математика материалҳои аз арифметика, элементҳои геометрия ва ибтидои алгебра ҷой дода шудааст.
Вобаста ба ин алоқамандӣ мазмуни таълими курси ибтидоии математикаро қисматҳои зерин дар бар мегиранд.
1. Нумератсияи ададҳо. Мазмуни ин қисмро ташкил медиҳанд; ба хонандагон таълим додани сохти ададҳои бисёррақма, разрядҳо ва классҳои онҳо (воҳидҳо, ҳазориҳо, миллионҳо), муносибати байни разрядҳои воҳидҳо, донистани аҳамияти ҷои рақамҳо дар вақти навиштани ададҳо, маҳорати хондану навиштани ададҳои бисёррақама, разряди берунаи онро нишон додан, дар намуди суммаи ҷамъшавандаҳои разряднок гузаштан, муайян кардани он, ки дар ҳамаи ададҳо чанд даҳиҳои разряди маҷмўъ ҷойгир аст ва ѓайра.
2. Амалҳои арифметикӣ. Мазмуни ин қисм ба хонандагон таълим додани масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: донистани моҳияти мушаххаси ҳар як амали арифметикӣ ва алоқамандии байни онҳо, истифода бурда тавонистани хосияти суммаҳо, ҳосилкунӣ барои ба таври ратсионалӣ ба ҷо овардани ҳисобкунии хаттиву даҳонӣ; донистани вобастагиҳо байни
...