Омилҳо ва шартҳои самаранокии ташаккули қобилиятҳои лидерии хонандагон дар низоми таълими босалоҳият
Автор: Зулолиддин Зиёвиддинзода • Май 10, 2024 • Курсовая работа • 17,472 Слов (70 Страниц) • 79 Просмотры
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЖУМЬУРИИ ТОЖИКИСТОН
ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР Ш.ПАНҶАКЕНТ
Факултети ғоибона
Кафедраи педагогика-психологияи
Рисолаи хатм
Аз фанни педагогика
дар мавзӯи: “Омилҳо ва шартҳои самаранокии ташаккули қобилиятҳои лидерии хонандагон дар низоми таълими босалоҳият”
Иҷрокунанда: Донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси
таҳсилоти ибтидоӣ
шӯъбаи фосилавӣ
Абдукаримова Моҳира
Роҳбари илмӣ: Мақсудов Зафар.
Панҷакент 2021с.
Рисолаи хатм оғоз шуд: аз “ ________” _______ с 20 ______
Ба ҳимоя роҳ дода шуд: аз “ ________”_______ с 20 ______
Мудири кафедра:_________________ н.и.ф. Ғаффоров Мизроб.
Роҳбари илмӣ: _________________ н.и.п Мақсудов Зафар
Донишҷӯ: _________________ Абдукаримова Моҳира.
Мундариҷа
Муқаддима.....................................................................................................4-8
БОБИ 1. Низоми таълими салоҳиятнокӣ: Усулҳо ҳамфаъол, таҳсилоти босалоҳият қобилияти лидерии хонандагон..........................................9-33
1.1 Муносибати салоҳиятнокӣ: Ташаккули қобилияти лидерии хонандагон ҳангоми таълим...........................................................................................13-17
1.2. Истифодаи босалоҳияти омилҳо дидактикӣ дар таълим..............18-22
1.3. Таҳсилоти босалоҳият дар таълими якҷоя............................................23-33
БОБИ 2.Мафҳум, принсипҳо, мақсадҳо, вазифаҳои арзёбӣ, қобилияти лидерии хонандагон...............................................................................34-53
2.1. Муносибати салоҳияту қобилияти хонандагон дар таълим............38-44
2.2. Бозиҳои таълимӣ бо низоми таълими салоҳиятнокӣ.....................45-53
Хулоса.......................................................................................................54-56
Феҳристи осори таҳқиқот.........................................................................57-58
Муқаддима
Гузориши масъала. Нақши бунёдгузорони фардои ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, таъмини якпорчагии мамлакат ва устувор гардонида мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои сулҳпарвари ҷаҳон бузург аст. Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир намуда истодааст. Институтҳо, мактабҳои муҳити кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳакуматӣ муассисаҳои таълими ташаккул ёфта, имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоқикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад. Далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол барои расидан ба мақсадҳои пешгирифтаашон роҳи душвору пурпечутоб ва шарафнокро тай намудаанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки бо баланд бардоштани иқтидори зеҳниву илмӣ ва дар маҷмӯъ, масъалаи сифатан беҳтар намудани татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро, ки маҷмӯи ҳадафҳои саодати рӯзгору ҳаёти насли наврас мебошад, бо садоқати хоса таъмин намоем.
Дар давраҳое, ки низоми синфӣ-дарсӣ ва шарҳӣ- аёнӣ ташаккул ёфта, ба қуллаҳои баланди худ расида буд, шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатии одамон, арзишҳову дастовардҳои илму техника дар сатҳи дигар қарор доштанд. Масалан, аксари фаъолиятҳои истеҳсолот ба таври дастӣ сурат мегирифт. Ба ақидаи Аткинсон Р. “Дар таълими анъанавӣ диққати асосӣ ба инкишофи хотир равона мешавад, на ба инкишофи тафаккур. Он ба ташаккули қобилиятҳои эҷодӣ, мустақилӣ, фаъолии хонандагон таъсири кам дорад. Илова бар ин миқдори ахбору маълумоти пешниҳодшаванда нисбат ба қобилият ва равандҳои азхудкунии он зиёд меебошад”.дар сарчашмаҳои илмӣ методӣ оид ба масъалаҳои содда фикру ақидаҳои мудиф оварда шудааст. Аз ҷумла дар китоби “Методика преподования математики в началыхклассах”- М.А. Бантова ва дигарон Москва 1986 оид ба нақши ҳалли масъалаҳо зиниҳои ҳалли масъалаҳо маълумот дода таснифоти масъалаҳои соддаро мувофиқи мақсад шарҳ додаанд. Онҳо 25 намуди масъалаҳои соддаро ба се гуруҳ ҷудо намуданд. Мушоҳидаи дарсҳои муаллимони синфҳои ибтидоӣ ва таҷрибаи кории худ водор намуд, ки фикру мулоҳизаи хешро нисбати мавзӯи тадқиқотӣ баррасӣ намоям. Дар натиҷа ба хулосае , ки мавзӯи интихобкардаам мавзӯи актуалӣ, баҳсталаб буда , бисёр кор карданро талаб мекунад. Дар китоби “Методика начального обучения математике”, дар зери таҳрири Л.Н.Скаткин нашр шудааст, оид ба ҳал ва намудҳои масъалаҳо, чунин, фикру мулоҳизаҳо баён гардидааст. Ҳалли масъалаҳои таълими салоҳиятнок имкон медиҳад, ки математикаро бо ҳаёт зич алоқаманд намоем. Муаллиф оид ба инкишоф ва дарккунии хонандагон пешкаш менамояд, ки масъалаҳоро аз ҳаёт гирифта ҳал намоем. Дар ҳақиқат дар китоб барои намуна масъалаҳои гирдоварда шудаанд, кионҳо меҳнати калонсолон, ҳамсолон, муваффақиятҳои фан ва техникаи солӣ 1965-1973-ро дар бар мегиранд он масъалаҳо, ки оид ба бузургиҳои арзиш, нарҳ додашуданд, ба замони давраи мо алалхусус, солҳои охир мувофиқ нестанд.
...