Матни лексияњо аз фанни молияи корхона
Автор: tfaruh9 • Март 16, 2019 • Анализ учебного пособия • 19,207 Слов (77 Страниц) • 2,787 Просмотры
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
«Тасдиќ мекунам»
мудири кафедра
________Тиллоев С.И.
«__»______2018
Матни лексияњо
аз фанни молияи корхона
Душанбе – 2018
Моњияти молияи корхонањо дар шароити иќтисодиёти бозорї
- Моњият ва зарурати молияи корхона
- Вазифањои молияи корхонањо
- Шартњои ташкили молияи корхона
Моњият ва зарурати молияи корхона
Корхона – субъекти хољагидорї дар асоси соњибкорї ба роњ мондашуда мебошад, ки маќсади ќонеъгардонии талаботи љамъиятї ва ба даст овардани фоидаро дорад.
Молияи корхонахо – мачмуи муносибатхои пулиро дар бар мегирад, ки дар чараёни гардиши фондхои асоси ва воситахои гардони корхонахо мавриди ташкил ва истифода кардани фондхои пули ба вучуд меоянд, мебошанд.
Молияи корхона узви марказии системаи молиявии мамлакат хисоб меёбад, чунки мачмуи махсулоти чамъияти ва даромади милли хамчун сарчашмаи хамаи маблагхои молиявии мамлакат дар корхонахо ба вучуд меояд. Молияи корхонахо муносибатхои пулии гуногунро дар бар мегиранд. Ин муносибатхои пули иборатанд:
- Муносибатхои пули, ки дар чараёни ташкил ва истифода кардани фонди музди мехнат, фонди мукофоти модди, фонди пули барои додани девиденд, фонди тараккиёти ичтимои ва дигар фондхои пули дар байни корхонахо аз як тараф ва кормандони онхо аз тарафи дигар ба амал меоянд;
- Муносибатхои пули, ки дар дохили корхонахо мавриди сармоягузори, ташкил ва истифода кардани воситахои гардон, ба даст овардан ва истифода кардани фоида ба амал меоянд;
- Муносибатхои пули байни корхонахо ва ташкилотхои болоии онхо, ки дар чараёни истифодабарии фоида, маблаггузории истехлоки ва гайра маблагхои молияви ба вучуд меоянд;
- Муносибатхои пули, ки дар чараёни супоридани андозхо ва пардохтхо ба бучети давлати ва фонди хифзи ичтимоии ахоли ба вучуд меоянд;
- Муносибатхои пули байни корхонахо ва ширкатхои сугурта;
- Муносибатхои пули бо корхонахои духтархонди ва филиалхою шуъбахои алохида. Доир ба ташкил додани сармояи онхо, таксимот ва истифодабарии фоида ва маблаггузаронии истехсоли, молиякунонии филиалхо ва дигар сохторхои дохилии ширкатхо;
- Муносибатхои пули бо фонди хифзи ичтимои доир ба маблаггузарони ба фонди мазкур ва таъминоти ичтимоии кормандони корхонахо;
- Муносибатхои пули бо ширкатхои дигар доир ба сармоягузорихои молияви, барориш ва чойгиркунии сахмия ва вомбарг;
- Муносибатхои пулии дигар (муносибатхои пули, ки мавриди муфлис эълон кардани корхона, якчояшави ва таксимшавии ширкатхо, маблаггузарони ба фондхои хайрия ва гайра ба вучуд меоянд).
Чи тавре, ки дар ибтидо кайд шуд муносибатхои пулии мазкур дар раванди ташкилёби ва харакати (таксимот ва истифодабарии) сармоя, даромад, фондхо, захирахо ва дигармаблагхои молиявии корхонахо ба вучуд меоянд. Махз харакати маблагхои пули мохияти молияи корхонахоро ифода менамояд.
Дар шароити иктисодиёти бозори молияи корхонахо ахамияти калонпайдо мекунанд:
- Молияи корхонахо раванди такрористехсоли васеъро бо маблагхои пули таъмин менамоянд. Таъмини эхтиёчи такрористехсоли васеъ бо воситахои пули вазифаи асосии системаи молияви мебошад, зеро неъматхои модди дар раванди такрористехсоли васеъ ба вучуд оварда мешаванд ва дар ин асос талаботи чамъият ба молхо ва хизматрасони конеъ карда мешавад;
- Захирахои молиявие, ки давлат дар фондхои мутамаркази пулии худ бо максади конеъ кардани эхтиёчи молиявии мамлакат чамъовари мешаванд, дар корхонахо ба вучуд оварда мешаванд;
- Кисми захирахои молиявии ширкатхо бо максадхои истеъмоли истифода карда мешаванд. Аз ин лихоз бо воситаи молияи корхонахо тараккиёти ичтимоии мамлакат таъмин карда мешавад;
- Молияи корхонахо воситаи мухими танзими иктисодиёт мебошад. Дар натичаи тагир додани таносуби таксимоти маблагхои молиявии корхонахо тараккиёти истехсолот таъмин мешавад, ба истехсолот техника ва технологияи нав чори карда мешаванд.
Дар айни замон дар танзими иктисодиёт узвхои гуногуни системаи молияви иштирок мекунанд. Бо воситаи сиёсати сармоягузори, андози, бучети, маблаггузаронии истехлоки, сугурта, карзи ва гайра олоту воситахои молияви ба фаъолияти истехсоли ва ичтимоии корхонахо таъсири мушаххас расонида мешавад.
Молияи корхонахо мавкеи махсуси худро дорад ва ба хама чанбахои фаъолияти корхонахо, аз чумла истехсоли, тичорати ва ташкилии онхо тамгаи худро мегузорад.
...