Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Мафҳуми назорати андоз ва вазифаи мақомоти андоз дар ташкили он

Автор:   •  Апрель 15, 2023  •  Реферат  •  5,970 Слов (24 Страниц)  •  242 Просмотры

Страница 1 из 24

Н А Ќ Ш А:

Сарсухан .....................................................................................................3-4

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ОИД БА ТАШКИЛИ НАЗОРАТИ АНДОЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.1. Мафҳуми назорати андоз ва вазифаи мақомоти андоз дар ташкили он……………………….......................……………………………5-13

         1.2. Ҳуқук ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти андоз.........................................................................................................14-15

1.3. Ташкили ҷараёни санҷишҳои андоз………………................16-26

ХУЛОСА .................................................................................................27-29

РӮЙХАТИ ДАБИЁТИ  ИСТИФОДАШУДА......................................30-31

 

САРСУХАН

Мубрамияти мавзӯъи таҳқиқшаванда: Мақоми калидиро дар ошкор ва пешгирӣ аз саркашикардани андозсупорандагон аз пардохтиандозҳо ба зимаи назорати андоз вогузор карда шудааст. Яке аз эелментҳои таркибии механизми андоз, назорати андоз ба шумор рафта дар ошкор ва сафарбар намудани имкониятхои пешбарии хочагидорӣ ва интизоми молиявӣ мавкеъи халкунандаро ишғол менамояд .

Мақомоти андоз барои иҷрои назорати андоз нисбат башахсонивоқеӣ ва ҳуқуқӣ, санҷиши дуруст ҳисоб кардан ва саривақт пардохтани андозҳо ва дигар ҷанбаҳои андозбандӣ масъулияти пурра ва истисноӣ доранд.

Мафҳуми назорати андоз ин тафтиши риояи қонунгузории андоз аз ҷониби андозсупоранда, аз он ҷумла тафтиши дурустии ҳисоб, пурра ва саривақт пардохти андозҳо мебошад.

Сатњи коркарди илмии мавзуъ.  Масъалањои назариявї ва амалии марбут ба назорати андоз дар кишвар, принсипњои фаъолият, ва роњњои такмили он дар шароити иќтисоди бозорї   дар асарњои олимони тољик Исломов С., Гулмирзоев Д.Г.,Улуѓхољаева Х.Р., Бегмадов А.А., Шомуродов Ф,Исломов Т.С,Љумъабоев Х.Ќ, Ќаюмов С, Якубов И.Н тањлил карда шудаанд.

Санҷишҳои андоз, яке аз шаклҳои асосӣ ва самаранокӣ назорати андоз мебошад. Дар ҷараёни онҳо тавзеҳоти андозсупоранда, тафтиши маълумотҳои муҳосибӣ ва дигар амалиётҳо гузаронида мешаванд.

Мавзуи тадќиќотии мазкур механизми назорат оид ба риояи қонунгузории андоз ва фишанги асосии он – санҷишҳои андоз барраси мешаванд. Бо воситаи механизми назорати андоз, мақомоти андоз риояи қонунгузории андозро тафтиш мекунанд, маҳз оид ба пардохти андозҳо, ошкори ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳисоби фоизҳо ва ҷаримаҳо муайян карда мешавад.

Маќсад ва вазифаи тадќиќот - ин  омузиши раванди ташкили назорати андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омӯзиши шаклҳои гузаронидани санҷишҳои андоз мебошад.

Амалиётҳои назорати андоз тамоми системаи андозбанди инчунин андозхои алоҳида гуруҳои андоз гуруҳҳои андозсупорандагон ва дигар аломатҳо аз руи макон маҳал ва вақт дар бар гирифта мешаванд. Бо чунин самтҳои фаъолият назорати андоз тамоми доираи иқтисодиётро бо тарзи вертикалӣ ва горизонталӣ фаро мегирад. Дар натиҷа шароити фароҳам оварда мешавад ки мувофиқи он риоя кардани қоидаи ҳисобгири ва қисобот асосҳои қонунгузории андоз ва андозбандиро таъмин мегардонад.

...

Скачать:   txt (81.7 Kb)   pdf (229.7 Kb)   docx (35.8 Kb)  
Продолжить читать еще 23 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club