Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва проблемаи такмили он
Автор: Isfandiyor • Апрель 10, 2020 • Реферат • 2,330 Слов (10 Страниц) • 392 Просмотры
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Кори курси
Мавзӯъ: “Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва проблемаи такмили он”
Иҷрокунанда:
Душанбе - 2020
Мундариҷа:
Муқаддима.......................................
Боби 1. Ҷанбаҳои назариявии санҷиши андоз
- Хусусият, самтҳо ва намудҳои санҷиши андоз.......................
- Принсипҳо ва талаботҳои асосии санҷиши андоз.......................
- Машварати андоз ҳамчун як навъи асосии хадамоти санҷиши андоз.................................................................................................
Боби 2. Проблемаҳои рушд ва танзими санҷиши андоз
2.1. Вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушди бозори санҷиши андоз ва хизматрасониҳои ба он алоқаманд.........................................................
2.2. Танзими санҷиши андоз ва хизматрасониҳои ба он алоқаманд бо назардошти таҷрибаи хориҷӣ.......................................................
2.3. Марҳилаҳо ва усулҳои асосии банақшагирии санҷиши андоз...........................................................................................
Боби 3. Такмили ташкил ва усулҳои санҷиши андоз
3.1. Усулҳо ва ташкили дастгирии иттилоотии санҷиши андоз...............................................................................................
3.2. Хусусиятҳои усули санҷиш оид ба андоз аз арзиши иловашуда..........................................................................................
3.3. Ташаккули хулосаи санҷишӣ оид ба натиҷахои санҷиши андоз ва чораҳо оид ба таъмини сифати он....................................................
Хулоса ва пешниҳодҳо.................................................................
Рӯйхати адабиётҳо.......................................................................
Муқаддима
Айни замон дар соҳаи соҳаи молияи давлати системаи андоз ва хизматрасониҳои вобаста ба он талаботи зиёд доранд. Ин ба он вобаста аст, ки андозҳо ва пардохтҳо дар ӯҳдадориҳои корхонаҳо ҳиссаи нисбатан баландро ташкил медиҳанд ва дар миқёси миллӣ асоси буҷаи кишварро ташкил медиҳанд.
Ҳал кардани проблемаи такмилии андоз на танҳо ба корхонаҳо арзиши муҳим дорад, балки яке аз воситахое мебошад, ки назорати ҳисоботи дуруст ва саривақт пардохти андозҳо ва пардохтҳоро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, системаиандоз аҳамияти ҷамъияти низ дорад.
Талаботҳои асосӣ барои проблемаи такмили андоз умумӣ дар Стандартҳои байналмилалии санҷиш (СБА) ба низом дароварда шудаанд, ки бо қабули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни “дар бораи фаъолияти аудиторӣ”, мақоми санадҳои ҳуқуқии танзимкунандаи давлати гирифтааст.
Аммо, муфассал инъикоси тамоми шароитҳои имконпазир барои гузаронидани санҷиши андоз, омӯзиши омилҳои гуногун ба хулосаҳои молияи давлати таъсир мерасонад ва, ин чунин, истифода бурдани танҳо СБА кифоя нест.
Аз ин ҷо, рушди стандартҳои миллӣ ва инчунин стандардҳои ширкатӣ санҷиши андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст.
Дар ин робита, бояд равишҳои методологии стандарткунонии санҷиши андоз таҳия карда, ки дорои ҷалби рушди стандарти миллии санҷиши андоз бошад. Дар замони муосир, дар баробари тайёр кардани стандартҳои миллӣ, пешниҳоди як гурӯҳ стандартҳои дохилиширкатӣ низ лозим аст.
Рушди минбаъда ва истифодаи васеъи санҷиши андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор саволҳо ва мушкилотҳои ҳалнашуда дучор мешаванд.
Мушкилотҳои асосӣ:
- Ақибмонии танзими қонунгузории масъалаҳои вобаста ба гузаронидани санҷиши андоз;
- Набудани тадқиқотҳои илмӣ ба муайян кардани моҳият ва баҳодиҳии хавфҳо ҳангоми санҷишҳои андоз;
- Масъалаҳои ҳалнашуда ва усулҳои аник намудани масъулияти ширкатҳои аудиторӣ назар ба натиҷаҳои гузаронидаи санҷиши андоз;
- Набудани дар аксарияти ширкатҳои аудиторӣ стандартҳои дохилии ба роҳ мондани усулҳои санҷиши андоз ва методологияи таҳлили ҳисоботи андоз.
Аҳамияти кор. Вазъиятҳои дар боло зикршуда, ва инчунин зарурати шадидии рушди илмии назария ва амалияи сашҷиши андоз, аҳамият ва интихоби мавзӯъи рисолаи хатмӣ, фан, мақсад, вазифа ва сохторро баланд мегардонад.
Мақсад ва вазифаҳои кори курси. Мақсади кори курси аз рушди тавсияҳои назариявӣ-методологии муқарраротӣ ва илмӣ-амалӣ оид ба такмили минбаъдаи проблемаи андош мутобиқи талаботҳои муосири бозори иқтисодӣ иборат мебошад.
...