Танзим ва назорати фаъолияти бонкњо тиљоратї дар љумњурии тољикистон
Автор: Mahmud • Январь 9, 2023 • Реферат • 6,107 Слов (25 Страниц) • 208 Просмотры
Замимаи 1
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии
Корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён -
“Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”
НОМИ МУАССИСА: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
МАЗӮЪ: ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКЊОИ ТИЉОРАТЇ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
ИҶРОКУНАНДА: Низомов Ш. Њ. донишљўи соли 3-юми ихтисоси 25010402
РОҲБАРИ ИЛМӢ: Мањмудов М. А. муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии ДДДТ
ДУШАНБЕ-2019
ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКЊОИ ТИЉОРАТЇ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
НАЌШАИ КОР:
1. Аз пайдоиши бонкњо ва низоми идоракунии онњо.
2. Танзим ва назорати фаъолияти бонкҳои тиљоратї.
3. Тањлили бозори хизматрасонињои молиявии бонкњои тиљорї.
Рўйхати адабиётњо:
- Аз пайдоиши бонкњо ва низоми идоракунии онњо.
Бонкњои caњњомї њам монанди дигар бонкњо муассисаи молиявї ќарзї мебошанд. Бонкњо чун муаcсисаи молиявї дар давлатњои ќадимии Юнону Рим арзи вуљуд, намуда дар рафти муомилоти пулии љомеаро фарогиранда дар тули асрњо ба миён омадаанд. Таърихи бонкњоро њархела маънидод мекунанд. Акнун андаке ба ин масъалањо даљл хоњем намуд.
Мувофиќи маълумотњо бонкњои ибтидои њануз дар инкишофи иќтисодиётї ин давлатњо, пешрафти ќуввањои истењсолкунанда, ривољи истењсолоту тиљорат пайдошавии муасисањои ба бонк шабоњатдошта ба вуљуд омада буд. Албатта, он муассисот аз бонкњои замони мо хеле фарќи калон доштанд.
Минбаъд таназзул ёфтан, хароб гардидани ин давлатњои бузург бонкњои аввалинро њам аз байн бурда буданд. Дар асрњои миёна ављу камолот, љушу хуруши фаъолияти тиљоратию соњибкорї аз нав талаботро ба бонкњо зиёд мегардонд. Шояд дар пояи фаъолияти заррофон (заргарон) ва саррофон (дуконњои пуливазкуни) фаъолияти аввалаи мансуби бонкњо ба роњ монда шуда бошад.
Мувофиќи тасдиќоти муњаќќиќон аввалан заргарон ба фаъолияти тиллошиносї машѓул буданд. Онњо бо тилло сару кор дошта, каму беш захираи онро доштанд ва назар ба дигарон масъалањои пули тиллоиро хубтар сарфањм мерафтанд. Онњо пулњои њаќиќию ќалбакиро њам аз њамдигар фарќ мекарданд. Аз ин лињоз нисбати онњо эътимоди мардум зиёдтар буд. Шояд бо њамин сабаб њам аввалњо одамон миќдори муайяни пулњои худро дар шакли тангањою тиллову нуќрагї ва онро барои нигањдорї супорида, ба ивазаш вексел (васиќа) мегирифтанд. Минбаъд ин васиќањо дар мавриди пешнињод шудан бо пулњои наќд иваз карда мешуданд. Ба њамин минвол чекњо ва дигар ўњдадорињои хаттиро њам истифода мебурданд. Сонитар заррофон барои худ як масъалаи муњимро аниќ менамоянд, ки мавриди зиёдтар будани пулгузорандагон захираи амалии пулњои наќд каму зиёд буда метавонад. Яъне, агар њамаи пулгузорон як ваќтаю якбора омада, бар ивази ўњдадорињои ќоѓазии дар дасташон буда, пулњои нав талаб намоянд, онгоњ тамоми наќдинаи ин муассисот масраф гардида, фаъолияти он ќатъ мешуд. Аммо њељ гоњ ин гунна њодиса рух намедињад. Яъне мизољони пулгузошта пасу пеш, баъзењо барваќт, дигарњо дертар пули наќд талаб мекунанд. Илова бар он пулгузори њам, њамчун амалиёт давом ёфтан мегирад. Ана њамин хел, бонкњо амалиёти пулсозиро аз худ менамоянд. Яъне бо навишта додани васиќа, чекњо ва дигар њуљљатњои пули онњо роњи интишори пулро пеш мегиранд. Гўё бонкњо њамчун коргоњ ё фабрика-и пулбарор фаъолият мебурдаги мешаванд. Худи истифодаи ўњдадорињои хаттие, ки дертар номи билетњои бонкиро ва ё бонкнотњоро гирифтаанд, ба њамин гуна натиља меоранд.
...