Мафҳуми сармоягузорї ва фаъолияти сармоягузорї
Автор: BekAlibekov • Апрель 3, 2018 • Реферат • 4,119 Слов (17 Страниц) • 4,410 Просмотры
Наќша :
Сарсухан
1. Мафҳуми сармоягузорї ва фаъолияти сармоягузорї
2. Мақсад ва таснифоти сармоягузорї
3. Сиёсати сармоягузорї
4. Таснифи сармоягузорї
5. Баҳисобгирии сармоягузории кўтоҳмуддат
6. Сарчашмаҳои асосии сармоягузориҳои давлатї
7. Сарчашимаҳои сармоягузорї дар корхонаҳо ва ташкилотҳои тичоратї
8. Бањисобгирии ќоѓазои ќимматнок
Хулоса
Рўйхати адабиётњои истифодашуда.
Сарсухан
Пеш аз он ки ман ин мавзўъро оѓоз кунам, мехостам камтар мафњумро оиди сармоягузорињо баён намоям, чуноне ки дар СБЊМ 25 омадааст: «Сармоягузорињо-дороињоеанд, ки ташкилот бо маќсади афзоиши бойгарии худ тавассути таќсимот баландкунии арзиши сармояи худї ё бадастории фоидаи дигаре ба мисли онњое, ки бо воситаи муносибатњои байнињамдигарии тиљоратї ба даст меоянд, нигоњ медорад».
Аз ин термин чунин бар меояд, ки маќсади асосии сармоягузорї гирифтани фоида мебошад. Аз ин рў њар як сармоягузор пеш аз он, ки маблаѓи худро њамчун сармоя гузорад, бо бизнес-наќша хуб шинос шавад ва тањлили чуќур кунад. Зеро сармоягурї низ хавф дорад. Њар як сармоягузор ба худ суол гузорад: «Оё маблаѓи ман фоида меорад ё не ?»
Сармоягузорињо – ин молиягузорї ба ќоѓазњои ќимматноки ширкатњои дигар аст. Мебояд сармоягузор – инвестор ва эмитентро фарќ намуд. Инвестор – ширкатест, ки воситањои пулии худро ба ќоѓазњои ќимматноки аз љониби эмитент баровардашуда мегузорад.
Сармоягузорињо аз рўи маќсад: сармояи асосї ва сармояи молиявї; аз рўи ваќт: кўтоњмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат људо мешаванд.
Дap адабиётњои илмї якчанд мафњумњо оиди сармоягузорї мављуд аст, ки пањнгаштаи он - сарфи дарозмуњлати сармоя дар мамлакати худ, ё ин ки дар ҳориља бa корхонаҳо, ташкилотҳо, лоиҳаҳои сохибкорї, барномахои иљтимоиву иќтисодї, лоиҳаҳои навовари бо маќсади гирифтани фоида ё ин ки дастрас шудан ба маќсадҳои самаранок мебош1. Мафҳуми сармоягузорї ва фаъолияти сармоягузорї
Сармоягузорї (инвестиция) аз калимаи лотинии «investire» гирифта шуда, маънояш - гузоштани дарозмуддати сармоя ба ин ё он ташкилот, корхона бo маќсади гирифтани фоида мебошад.
Дap адабиётњои илми якчанд мафњумњо оиди сармоягузорї мављуд аст, ки пањнгаштаи он - сарфи дарозмўњлати сармоя дар мамлкати худ, ё ин ки дар хориља бa корхонаҳо, ташкилотҳо, лоиҳаҳои соњибкорї, барномањои иљтимоиву иќтисодї, лоиҳаҳои навоварї бо маќсади гирифтани фоида ё ин ки дастрас шудан ба маќсадҳои самаранок мебошад.
Дар њудуди мамлакат сармоягузориро на фаќат барои гирифтани фоида иљро менамоянд, инчунин барои ќонеъ гардонидани талаботҳои иљтимоии љамъият низ равона мешаванд.
Калимањои «сармоягузорї» ва «маблаѓгузории асосї» аз рўи мазмуни худ наздиканд ва баъзе аз муаллифон онњоро синоним меноманд.
Фаъолияти сармоягузорї — ин гузоштани дарозмўњлати сармоя ва дар амалия татбиќи намудани лоињањои сармоягузорї бo маќсади дастрас шудан ба манфиатњои самаранок, мебошад.
Ба фаъолияти сармоягузорї раванди сармоявї-сохтмонї мансуб аст. Бе истифодаи раванди сармояи-сохтмонї аз нав бунёд гардонидани фондњои асосї ба монанди сохтмони нав, аз нав таљњизонидани техникї, васеъ намудани корхонањо, номумкин мебошад.
...