Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Хусусиятҳои истифодабарии роҳҳои автомобилгард

Автор:   •  Май 9, 2022  •  Реферат  •  1,751 Слов (8 Страниц)  •  242 Просмотры

Страница 1 из 8

Хусусиятҳои истифодабарии роҳҳои автомобилгард

Омилҳое, ки ба ҳолат ва истифодаи роҳҳои автомобилгард таъсир мерасонанд.

Ба ҳолати роҳҳои автомобилгард омилҳои гуногун таъсир мерасонанд. Ин омилҳоро аксаран, ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва нигоҳдорию- таъмир ба инобат мегиранд. Ҳангоми истифода ба роҳ омилҳои зерин таъсир мерасонанд:

  • қувваи воситаҳои нақлиётӣ;
  • обҳои зеризаминӣ ва сатҳӣ;
  • омилҳои иқлимӣ – табиӣ;
  • фаъолияти хоҷагидории одамон.

Бунёди роҳҳои нав албатта ба иқтисодиёти маҳаллҳои ба роҳ пайваст буда фоидаовар мебошанд. Дар вобастагии имконияти истифодаи роҳҳо ҳудудӣ маҳаллҳо васеъ шуда маҳаллаҳои нав бунёд шуда, корхонаҳои саноатӣ сохта мешаванд, хоҷагии қишлоқ тараққӣ менамояд ва робитаи байни маҳаллҳо хуб мешаванд. Албатта дар баъзе ҳолатҳо истфода намудани роҳо зиёд гардида ин ба фарсудашавӣ ё хурдашавии роҳ оварда мерасонад.

Роҳ асосан пеш аз ҳама бояд нисбат ба таъсири қувваҳои воситаҳои нақлиётӣ устувор бошад. Қувваҳои нақлиётӣ бо таври динамикӣ таъсир расонида вобаста ба шароити иқлимӣ онҳо гуногун мебошанд. Таъсири онҳо дар шароитҳои намӣ, ки қабатҳои роҳ ҳангоми боришотҳои пай дар пай намнок мешаванд, хатарнок мебошад. Дар ин ҳолат ҷодаи роҳ, яъне хоктӯдаи роҳ низ, хеле номнок шуда мумкин аст, ки дар зери таъсири қувваҳо вайрон шавад. Аз ҳамин сабаб дар роҳҳои дараҷаи паст ҳангоми баҳорон гузариши нақлиётҳои гаронвазн камтар менамоянд. Роҳҳои 1 – 3 – юм дараҷа бояд дар ҳар гуна фасли сол гузариши воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд. Вобаста ба қабатҳои роҳ агар асфалтобетон бошад дар вақти гармӣ вай мулоим шуда, пастию баландӣ пайдо менамояд. Номукаммалии ҷодаи роҳ, қабатҳои роҳ ин бевосита ҳолати роҳро вайрон менамояд ва ба монеъшавии сръати ҳаракати нақлиёт оварда мерасонад.

Ба ҳолати устувории қабати роҳ, бевосита аз тез тормоз ё боз истии воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳ ё истгоҳҳо ба амал меояд. Дар ин ҷо пастхамиҳои мавҷмонанд пайдо мешаванд.

Ба ҳолати роҳ об низ таъсири манфӣ мерасонад. Таршавӣ, сернамшавии қисми поёни болопуши роҳ ва ҷодаи роҳ ба вайроншавии роҳ оварда мерасонад. Оби дар қабати роҳ ях шуда онро вайрон менамояд. Яке аз вазифаҳои муҳими роҳсозон дар он мебошад, ки бояд оби зери заминӣ ё сатҳиро аз сатҳи роҳ бояд дур намоем. Нигоҳдории хуби роҳ аз дар якҷоягӣ кор кардани системаи обдуркунии роҳ мебошад.

Дар ҳолатҳои дигар шароитҳои иқлимӣ низ ба устувории ҳолати роҳҳои автомобилгард халал мерасонанд. Дар шароитҳои намии бисёр қабатҳои шағалӣ, ки зич карда нашудаанд ба қобилияти устувории онҳо халал расонида роҳро тез вайрон менамояд. Туман, шамоли барф, тундбоди барф, яхбандӣ ба ҳолати роҳ халал расонида мумкин аст, ки ҳаракати нақлиётӣ қатъ гардад.

Дар ноҳияҳое, ки иқлимашон гарм мебошад ҳарорати асфалтобетони қабати роҳ ба 70 - 80°С гарм шуда, ҳангоми гузаштани воситаҳои нақлиётӣ шакли қабат дигаргун мешавад. Ҳамвории қабат дигар шуда коэффитсиенти часпиш кам мешавад, ки ин ба ҳолати вайроншавӣ ва ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ халал мерасонад. Аз ҳамин сабаб ҳангоми лоиҳакашӣ ба шароити иқлимии маҳал диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Таъсири омилҳои гуногун дар як вақт ба моводҳои сохтмони роҳ таъсири манфӣ расонида дар натиҷа мум фарсуда мешавад ва маводҳои таркиби асфалтобетон ноустувор шуда, қабатҳои роҳҳо оҳиста – оҳиста вайрон мешаванд.    

Нишондодҳои асосии истифодабарии роҳҳои автомобилгард

Нишондодҳои истифодабарии нақлиётии ҳолати роҳҳои автомобилгард якчанд намуд шуда аз онҳо ҳолати истифодабарии роҳ ва ҳаракати нақлиёт вобаста мебошад.

Гурӯҳи зерини нишондодҳо мавҷуд мебошанд, ки онҳо хусусияти кори нақлиёти роҳи автомобилгард, сифати истифодабарии нақлиётии болопӯши роҳ ва ҷодаи роҳ, ҳолати роҳҳои автомобилгард дар умум ва шароити ҳаракат, муфиднокии кори нақлиётӣ дар роҳ.

...

Скачать:   txt (19.6 Kb)   pdf (127.7 Kb)   docx (556.5 Kb)  
Продолжить читать еще 7 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club