Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Роҳҳои расидан ба Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030

Автор:   •  Май 1, 2019  •  Курсовая работа  •  15,873 Слов (64 Страниц)  •  525 Просмотры

Страница 1 из 64

                                                 САРСУХАН

2-6

Боби 1. Асосҳои назариявӣ ва методологии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030..............................................................

7-22

  1. Пешбини, ҳадаф ва вазифаҳои Стратегия.......................................

7-12

  1. Марҳилаҳои амалишавии стратегия.................................................

13-19

  1. Сарчашмаҳои маблағгузории стратегия..........................................

20-22

Боби 2. Роҳҳои расидан ба Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли  2030...................................................................................

23-64

2.1.  Низоми самарабахши идоракунии давлатӣ.......................................

23-39

2.2.  Имкониятҳои рушди кишвар то соли 2030.......................................

40-46

2.3. Самаранокии бахши воқеъии иқтисодиёт бо сатҳу сифати баланд............................................................................................................

47-64

Хулоса ва пешниҳодҳо................................................................................

65-68

Руйхати адабиётҳои истифодашуда...........................................................

69-70

Замимаҳо.......................................................................................................

71-73

                                                 НАҚШАИ КОР

Сарсухан

Иқтисоди ҷаҳон ба марҳилаи афзоиши суст қадам ниҳода истодааст, ки он ба шарикони азими тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон таъсири худро мерасонад. Тағйирёбии траекторияи инкишофи онҳо ба амал омада истодааст, ки дар навбати худ мушкилоти навро ба миён оварда, имкониятҳои иловагиро барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон фароҳам меоварад. Дар чунин шароит нигоҳ доштани суръати устувори афзоиши иқтисодӣ, таъмини диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ вазифаҳои муҳимтарини давлати навини мо ба ҳисоб мераванд.

Вобаста ба ин таҳия ва қабули стратегия, консепсияҳо ва барномаҳои кутоҳмуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат вазифаи муҳимтарини мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрванди маҳсуб меёбад.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст.

Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйиротҳои солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон, ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад.

Афзалиятҳои асосии рушди кишвар баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯи тадбирҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикосёфта равона шудаанд, муайян карда шаванд.

Ба чунин афзалиятҳо шомиланд:

(1) маориф;

(2) тандурустӣ;

(3) шуғл;

(4) нобаробарӣ;

(5) мубориза бар зидди коррупсия;

(6) таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо;

(7) идоракунии самаранок;

(8) ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

(9) пешгирии низои эҳтимолӣ;

10) амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ.

Барои амалисозии чунин афзалиятҳо ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нақши муҳим доранд. Фаъолияти ниҳодҳои мазкур дар низоми миллии баҳодиҳӣ ва ояндабинии рушд, муайянсозии вазифаҳои кутоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат ва мутаносибан нақшаҳои татбиқи онҳо асос меёбад.  

...

Скачать:   txt (220.2 Kb)   pdf (1.1 Mb)   docx (108.3 Kb)  
Продолжить читать еще 63 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club