Хусусиятҳои асосии ҷаҳонбинии фалсафӣ
Автор: safarmurod0000 • Февраль 13, 2019 • Контрольная работа • 1,339 Слов (6 Страниц) • 704 Просмотры
ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ФАРҲАНГ
ВА САНЪАТИ ТОҶИКИСТОН
ба номи МИРЗО ТУРСУНЗОДА
КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ
КОРИ МУСТАҚИЛОНА
Мавзӯъ: « Хусусиятҳои асосии ҷаҳонбинии фалсафӣ »
Иҷрокунанда: донишҷӯи бахши 2-юми шӯъбаи
Сурудхонӣ (халқӣ), факултаи
Санъати мусқии мардумӣ,
Сафармуроди Гулмурод
Қабулкунанда: Кенҷаева З.
Душанбе – 2018
Ҷаҳонбинӣ гуфта маҷмӯи ғояҳо, ақидаҳо ва назарияҳою арзишҳо, барномаю принсипҳое номида мешаванд, ки донишу муносибати одамонро оид ба олам ва мақоми одамро дар олам ба таври умумӣ муайян меиамояд. Ҷаҳонбинӣ бевосита ба шароити зиндагии одамон ба дараҷаи торафт фаҳмову дониста шудани муҳити зист ва муносибати онҳо бо ҳамдигар, бо гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ҷамъият вобаста аст.
Маълум аст, ки одамон дар ибтидои раванди иҷтимоӣ шудани ҷамъияти инсонӣ ҳатто ба натиҷаи хоби худ сарфаҳм рафта наметавонистанд, ба муайян кардани шабонарӯз, фаслҳои сол, бемориҳои гуногун ва дигар ҳодисаҳои атрофашон сарфаҳм намерафтанд. Ҳамаи ин бошад, дар он ҳар гуна тафаккуру таваҷҷӯҳ, руҳияю эҳсосотро ба амал меовард, ки олами асотирию динии онҳо мегашт.
Ҷаҳонбинӣ як навъ системаи эҳсосҳои умумӣ ва муносибатҳои бисёртарафаи одам бо олам ва худ ба одамони дигар, системаи на ҳамеша даркшудаи қоидаҳою принсипҳои асосии ҳаёти инсон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва худи ҷамъият аст. Вай асоси муносибатҳои ҳиссию иҷтимоӣ, руҳию, сиёсӣ, ахлоқию эстетикӣ, оилавию рӯзгорию динии одамон ба шумор меравад.
Ташаккули ҷаҳонбинӣ аз ду фаза иборат аст: ҷаҳонбинии амалию рузмарра ва ҷаҳонбинии назариявӣ. Ба ҷаҳонбинии амалии рузмара он ҳиссиёт, таваҷчӯҳу эътимод ва донишҳое дохил мешиванд, ки ҳар рӯзу соат, ба тарзи стихиявӣ амалиёти одамонро фаро мегиранд. Ба монанди хурсандӣ, руҳбаландӣ. саодату симо, мувозинат ва маъюсӣ, руҳафгодагӣ, худбинӣ, хушбахтӣ, бадбахтӣ ва монанди инҳо.
Ба фазаи дуюми ҷаҳонбинӣ ғояву ақидаҳо, муносибату принсипҳо, арзишу неъматҳо ва тарзи баҳодиҳии онҳо дохил мешаванд, ки ба тартибу системаи муайян дохил карда шуда, шакли илмию идеологиро мегиранд. Онҳо на ба таври стихиявӣ, на бо мақоми амалию рӯзмарра, балки аз тарафи олимон, адибону санъаткорон, зиёиёну сиёсатмадорон ва дигар мутафаккирон ба тартиб андохта мешаванд, манфиатҳои ин ё он синф, табақа ва чамъияти муайянро ифодаву ҳимоя менамояд. Масалан, донишҳои илмӣ. арзишҳои ҷамъиятӣ, идеологияи синфӣ ва ғайра.
...