Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Хусусиятҳои илму фалсафаи даврони Эҳё

Автор:   •  Сентябрь 14, 2019  •  Реферат  •  1,553 Слов (7 Страниц)  •  1,185 Просмотры

Страница 1 из 7

Хусусиятҳои илму фалсафаи даврони Эҳё.

Нақша.

1. Хусусиятҳои илму фалсафаи даврони Эҳё.

2. Бузургтарин намояндагони фалсафаи даврони Эҳё: Пико делла Мирандола, Н. Коперник, Г. Галилей, Н. Кузанӣ, Ҷ. Бруно,

Хусусиятҳои асосии илм ва фалсафаи даврони Эҳё.

Аввалин бор мафҳуми ренессанс ва ё худ Эҳё, дар эҷодиёти меъмор ва рассоми италиявӣ Ҷорҷо Вазари пайдо шуда, танҳо дар ибтидои асри XIX, бо он маъное, ки мо онро мефаҳмем, ин истилоҳ истифода бурда шудааст. Намояндагони даврони Эҳё илм, фалсафа ва умуман маданияти антиқаро идеализатсия карда, онро эҳё карданӣ буданд. Замони Эҳё аз Италия, дар асри XV оғоз ёфта, баъд ба тамоми Арупои Ғарбӣ паҳн шудааст. Аксаран Эҳёи классикӣ – италиявӣ ва шимолӣ, пасиалпиро фарқ мекунанд.

Агар дар маркази фалсафаи асримиёнагӣ масъалаи Худо, шинохтани зоту сифоти Ў истад, дар маркази фалсафаи Эҳё инсон ва масъалаи ҳаёту хушбахтии ў меистад. Гуманизм (инсондўстӣ) асоси фалсафаи замони Эҳё мебошад. Дар ин замона фалсафа аз теизм (Худошиносӣ), ба пантеизм (табиатро таҷассуми худо медонад) ва ҳатто ба сўи атеизм (инкори ҳастии Худо) меравад.

Таъсири маданият ва фарҳанги Шарқ ба Италия, алалхусус ба Венесия ва Флоренсия, ки бо онҳо алоқаи мустаҳками савдои ва фарҳангӣ барақарор буд ва аксарияти асарҳои мутафаккирони Шарқ бо воситаи онҳо ба забони лотинӣ тарҷума шуда буданд, хеле калон буд. Шаҳрҳои шимолии Италия хеле бой ва сернуфус буданд. Дар онҳо роли калонро тоҷирон ва соҳибони мануфактураҳо мебозиданд. Аксари ин шаҳрҳо респуликаҳои мустақил буда, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар онҳо аз дигар шаҳрҳои Аврупои асримиёнагӣ фарқи калон дошт.

Дар асри XV дар Италия зиёиён пайдо шуданд ва онҳо чун табақаи иҷтимоӣ нуфузи калон дошта, шахсоне буданд, ки асосан ба меҳнати эҷодӣ – фикрӣ машғул буданд. Ҳуқуқшиносон, табибон, муаллимони университетҳо, рассомону меъморон ва шоирону нависандагон аз қабили ин зумра зиёиён ҳисоб мешуданд. Аҳолии шаҳрҳои шимолии Италия аксаран босавод буданд, ин давре буд, ки одами нав, ки аз хурофоти асримиёнагӣ озод буд, ташаккул меёфт. Маданияти ин давра ягонагии ҷисмонию рўҳӣ, моддию маънавиро тараннум мекард. Агар дар асри миёна, ҷисми инсон зиндони рўҳ, вуҷудаш пургуноҳ хонда шавад, дар даврони Эҳё зебоиро дар ҷисму тани инсон меҷустанд. Осори Рафаэл, Титсиан, Боттичелли, Микеланҷелло, Леонардо да Винчи ва дигар устозони меъморию, рассомӣ ва муҷассамасозӣ шоҳиди ин падидаҳои маданияти даврони наванд.

Дар ин даврон ҷои таасубу одамбезориро гуманизм мегирад. Пико делла Мирандола (1463—1494) дар асари худ «Сухан оиди шарафи инсон» исбот мекунад, ки иродаи озод фарқи асосии инсон аз дигар мавҷудоти зинда мебошад. Асосгузори акдемияи Флоренсия Георгиос Гемистос (1360 - 1452), ки бо тахаллуси Плетон машҳур буд, ў инсонро зинаи ба ҳам пайвасткунанда, алоқамандкунандаи байни Худо ва табиат медонист.

2. Бузургтарин намояндагони фалсафаи даврони Эҳё: Пико делла Мирандола, Н. Коперник, Г. Галилей, Н. Кузанӣ, Ҷ. Бруно,

А. Моҳияти гуманизми Пико делла Мирандола.

Пико делла Мирандола (1463—1494) аз оилаи ашрофҳо таълим ва тарбияи хуб гирифтааст. Ў қобилияти ҳайраангези илмомўзӣ дошт, ҳанўз дар 14-солагиаш дар университети Падуя теологияро меомўзад, дар ҳамон ҷо бо асарҳои олимони Шарқ хусусан бо асарҳои Ибни Рушд шинос мешавад. Дониши мукаммал ва ҳаматарафааш ба ў имконият миедиҳад, ки системаи таълимоти худро ба вуҷуд орад. Моҳи декабри 1486 граф Мирандолаи 23-сола «900 тезис»-ҳои худро нашр мекунад ва онро дар маҷлиси мубоҳисавӣ (диспут), дар Рим ҳимоя кардан мехоҳад. Ў ҳамаи олимони Аврупоро ба Рим ба баҳсу мунозира даъват намуда, ваъда медиҳад, ки хароҷоти роҳро ба ўҳдаи худ мегирад. Ин тезисҳои ў ба хулосаҳои фалсафаи машшоияи Шарқӣ (400 - тезис) асос ёфта, 500 тезиси дигар ақидаҳои худи ўро оид ба сохти олам ва мавқеи инсон дар

...

Скачать:   txt (17.9 Kb)   pdf (128.3 Kb)   docx (12.7 Kb)  
Продолжить читать еще 6 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club