Корхои беруназсинфи дар раванди таълими забони англиси
Автор: Zebo1989 • Апрель 11, 2020 • Курсовая работа • 15,481 Слов (62 Страниц) • 1,121 Просмотры
Рисолаи хатм оѓоз шуд: аз «16» сентябри соли 2013
Ба њимоя иљозат дода шуд: аз «25» майи соли 2014
Имзои мудири кафедра___________________
Имзои роњбари илмї_____________________
Имзои донишљў_________________________
МУНДАРИЉА
МУКАДДИМА ………………………………………………………………….3
БОБИ I. АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ КОРЊОИ БЕРУН АЗ СИНФЇ АЗ ФАННИ ЗАБОНИ АНГЛИСЇ………………………………………………..9
- Асосҳои психологї - педагогии корҳои берун аз синфи аз фанни забони англисї...............................................................................................9
1.2. Машғулиятҳои берун аз синфӣ чун зуҳуроти педагогї......................13
1.3. Маќсад ва вазифањои корњои берун аз синфї аз фанни забони англисї..........................................................................................................21
БОБИ II. ШАКЛЊОИ ТАШКИЛ КАРДАНИ КОРЊОИ БЕРУН АЗ СИНФЇ АЗ ФАННИ ЗАБОНИ АНГЛИСЇ……………………………….32
- Мазмун, мундариҷа ва методњои ташкил кардани корњои берун аз синфї аз фанни забони англисї.................................................................33
- Талаботҳо ба корҳои берун аз синфӣ......................................................47
- Ҳафтаи забони англисӣ њамчун як намуди кори берун аз синфӣ......49
Хулоса...........................................................................................................67
Рўйхати адабиёти истифодашуда................................................................69
Summery…………………………………………………………………………..72
МУЌАДДИМА
Забони хориҷӣ ба гурӯҳи махсуси соњаи таълимї алоқаманд буда, ба кори таълим сару кор дорад ва тариқи воситаҳо, усулҳо ва интиқоли маълумотномаҳо амалї мегардад.
Имрӯз забони англисӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Бо ин забон дар ҷаҳон дар ҳадди ақал 750 миллион одамон ҳарф мезананд ва барои нисфи онҳо забони англисӣ забони модарї ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз инҳо дар ибтидои асри XXI теъдоди ҳарфзанандагон ва нависандагон ба забони англисӣ нисбат ба дигар забонҳо бештар аст. Ин забон забони ҳамаи сокинони рӯи замин гаштааст ва он дар воқеъ ба забони аввалиндараҷаи ҷаҳон мубаддал шудааст. Забони англисӣ натанҳо маводи таълимї аст, балки инчунин воситаи таълим дар мактабҳо буда, инчунин воситаи муҳими якдигарфаҳмии фарҳангии дигар халқҳоро фароҳам меорад, ки бо ин забон ҳарф мезананд.
Дар омўхтани забони англисӣ дар мактабҳои миёна дарсҳои берун аз синфи аҳамияти махсус пайдо мекунад. Корҳои берун аз синфї кори ташкил кардани омӯзгорон фаъолиятҳои гуногундошта мебошад, ки онҳо берун аз дарс ба омӯхтани забон машѓул мешаванд ва онҳо шароити лозимаи табақабандии иҷтимоии фардияти кӯдакро фароҳам меоварад.
Дар мактабҳои маълумоти умумї муаллимон одатан ба раванди дарс аҳамияти хоса медиҳанд. Новобаста аз он, ки дарсҳои берун аз синфї нақши дуюмдараҷа дорад, вале бояд фаромўш накард, ки машғулиятҳои берун аз синфи ҳангоми таълими забони англисӣ аҳамияти калон дорад ва азхудкунии забонро метезонад. Мо чунин эътиқод дорем, ки машғулиятҳои берун аз синфї хеле муҳим буда, аҳамияти худро гум накардааст ва дар оянда ҳам зарур мемонад. Чунин раҳандозии кор муаллимро ва талабагонро, ҳамсинфҳоро ба ҳамдигар бештар наздик мекунанд, ба дониши талабагон тавсия мебахшад. Доираи маърифатии онњо васеъ мекунад ва шавқашонро барои дар оянда омӯхтани забон тақвият мебахшад. Машғулиятҳои берун аз синфи на танҳо омӯхтани забони хориҷиро фароҳам меорад, балки дар аз худ кардани таърих, ҷуғрофия, адабиёт, мусиқӣ ва дигар намудҳои илм кумак мерасонад, зеро вай ҳидоятгари гуногунҷанбаи донишҳо мебошад. Доир ба ин мавзӯъ мо адабиётҳоро омўхта ба хулосае омадем, ки ин проблема ба таври бояду шояд омўхта нашудааст, агарчи омӯзгорони амалї дар саҳифаҳои маҷаллаи “Иностранные языки в школе” қайд мекунанд, ки машғулиятҳои берун аз синфї яке аз таъсирбахштарин услуби омӯхтани забонҳои хориҷї мебошад. Дар муддати даҳсолаҳо дар мактабҳои таълимоти умумӣ гузаронидани машғулиятҳои берун аз синфи доир ба забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта намешуд. Танҳо ин намуди дарс, яъне гузаронидани машғулиятҳои берун аз синфї дар ҳолати зарурї барои тақвият бахшидани шавқ ба забони хориҷӣ гузаронида мешуд. Корҳои берун аз синфӣ доир ба забони хориҷӣ дар мактабҳои умумї аҳамияти калони таълими, тарбиявӣ ва тавсиябахши дониш дорад. Ин тарзи таълим на танҳо аниқ омӯхтани забони хориҷиро тавсия мебахшад, балки забони хориҷӣ имконият медиҳад, ки доираи маърифат, зеҳни хонандагон васеътар шавад инчунин ба онҳо фаъолияти бештари эҷодї, фазои ахлоқї фароњам оварда, одоби завқи эстетики талабагонро афзоиш мебахшад ва метавонад раѓбати омӯхтани забон ва фарҳанги мамлакати дигарро дар асоси ин донишҳо зиёдтар кунад.
...