Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Пуркунанда ва намудҳои он. Ифодаёбии онҳо дар забони чинӣ

Автор:   •  Декабрь 19, 2021  •  Реферат  •  3,715 Слов (15 Страниц)  •  526 Просмотры

Страница 1 из 15

Мундариҷа

Муқаддима .............................................................................................................

Пуркунанда ва намудҳои он. Ифодаёбии онҳо дар забони

чинӣ   ......................................................................................................................

Мафҳуми муайянкунанда ва роҳҳои ифодаёбии он дар забони

чинӣ ............................................................ ............................................................

Хусусиятҳои грамматикии ҳол дар забони  чинӣ ...........................................

Хулоса  ........................................................................................................

Адабиёти истифодашуда  ..........................................................................

МУҚАДДИМА

Муҳимияти мавзӯъ: Забон бузургтарин сармояи фарҳанг ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳои ҳар миллат буда, дар ҳизофоти асолати миллӣ ва ба ояндагон мерос гузоштани ҳувияти миллӣ нақши ҳалкунанда дорад.

Донистани забонҳои хориҷӣ дар замони ҳозира аҳамият калон дорад. Барои ҳамин моро лозим меояд, ки ғайр аз забони модари худбоз забонҳои хориҷиро меомӯзем, то ки аз пешрафти илму техника ва навоваризои ҷаҳон бохабар бошем. Забони чинӣ дар айни замон яке аз забонҳои серистеъмол дар ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад. забони чинӣ мукаммал ва омӯзиши иероглифҳояш барои бисёр одамон шавқовар мебошад. Дар вақти омӯзиши забони хориҷӣ моро зарур аст, ки мо фонетика, лексика ва грамматикаи забонро хуб аз худ кунем барое, ки ин шохаҳои  муҳими ҳамаи  забонҳо ба шумор меравад.

Мавзӯи баҳси ин кори курсӣ ба грамматикаи забони чинӣ  бахшида шудааст. Дар ин мавзӯъ мо грамматикаи аъзоҳои пайрави ҷумларо дида мебароем. Донистани ин мавзӯъ барои дар вақти ҷумлабандӣ дар грамматика хато  накардан аҳамияти калон дорад.  Дар рафти навиштани кори курсӣ моро лозим меояд, ки  ҳамаи паҳлӯҳои  грамматикаи ин мавзӯъро таҳқиқ, муқоиса карда омӯзем.

Гузориши масъала:  дар ин кори курсӣ ман тарзи ҷобаҷо гузоштани грамматикаи пуркунанда, дар кадом ҳолатҳо истифода намудани муайянкунанда, грамматикаи ҳолро ба таври пурра нишон медиҳам. Пуркунанда, муайянкунанда ва ҳол чӣ гуна таҳлил мешаванд ва  кадом маъноро ифода мекунад.  Аъзои пайрави ҷумла дар грамматикаи забонт чинӣ чӣ аҳамият дорад. Ҳар як грамматика дар худ нозукиҳои  махсус дорад, ки дар ҳолати  таҳқиқот мо бояд аввал ҳамон нозукиҳоро аз худ кунем ва омӯзем.

Дараҷаи омӯзиш: Дар чараёни кор адабиётҳо оид ба грамматикаи аъзои пайрави ҷумла ба забонхои тоҷикӣ, чинӣ  ва русӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, теъдоди зиёди мисолҳо ба забони чинӣ таҳлил карда шуданд.  Дар асоси омӯзиши грамматикаи аъзои пайравӣ ҷумла дар  забони чинӣ саҳми забоншиносони рус, ба монанди Горелов В.И., Семенас А., Карапетан А.М, Тан Аошан, Задоенко П.Т., Казакова Т.А., Комиссаров В.Н., Ахматова О.С., забоншиносони тоҷик  Кабиров М., Воҳидов А, Баҳриддин Камолиддинов, забоншиносони чин - Вао Ляо И,  Ло Чанпэй, Ван Ли, Чжоу Югуан ва саҳми дигарон калон аст.

Сохтори кори курсӣ: Кори  курсӣ аз муқаддима, ду боб, хулоса ва рӯйхати адабиётҳо  иборат мебошад.

Пуркунанда ва намудҳои он. Ифодаёбии онҳо дар забони чинӣ

        Маънои пуркунанда. Пуркунандаи аъзои дуюмдараҷаи ҷумла буда, маънои объект, чиз, мавзӯъ, мақсад ва ё восита, василаи амалро ифода мекунад. Илова бар ин, да забони чинӣ пуркунанда амал ва ё сифати миқдорир муайян менамояд (пуркунандаи миқдорӣ). Пуркунандаи миқдорӣ барои  иҷрои амал, чӣ қадар вақт сарф шуда, чанд маротиба такрор шудани амал, ба чӣ андоза калон будани ашёро ифода мекунад. Пуркунанда ибораи шумораҳои ашёиро ифода намуда, баъд аз хабар меояд.

Пуркунанда – аъзои пайрави ҷумла буда, обект ва воситаи амалро ифода менамояд. Инчунин, пуркунанда дар забони чинӣ амал ва ҳолатро дар муносибати миқдорӣ ифода мекунад.

Пуркунандаи миқдорӣ  барои амал чӣ қадар вақт сарф шудааст, амал чанд маротиба такрор шудааст, сифати ашё то чӣ андоза бузург аст,  нишон медиҳад. Он бо ибораҳои ададӣ-предметӣ ифода шуда,  баъд аз хабар меояд.

Пуркунанда метавонад бо пешоянд ва бе пешоянд бошанд. Илова бар ин, пешояндҳои зерин асосан истифода мешаванд:

给- gei,  对-dui,  向-xiang  одатан бо пуркунандаҳое, ки ба саволҳои ба кӣ? ба чӣ? ҷавоб мегӯянд, истифода мешаванд.

...

Скачать:   txt (42.6 Kb)   pdf (268.3 Kb)   docx (29.2 Kb)  
Продолжить читать еще 14 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club