Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Мавќеи идоракунии кормандон дар низоми илми муосир

Автор:   •  Апрель 16, 2018  •  Лекция  •  1,193 Слов (5 Страниц)  •  1,215 Просмотры

Страница 1 из 5

Мавзўи 2. Мавќеи идоракунии кормандон дар низоми илми муосир

Наќша:

1. Идоракунии кормандон ва иќтисодиёти корхона

2. Якљоякунї дар идоракунии кормандон

3. Корманд – њамчун объект

4. Роњњои идоракунии иќтидори кормандони корхона

Роњњои идоракунии иќтидори кормандони корхона. Масъалањои таъминоти кормандони корхона дар баробари ташкили корхона ба миён меоянд. Инкишофи саноат, хољагии ќишлоќ, наќлиёт, алоќа, истењсолот, њарбї зарурияти тадќиќоти масъалаи таъминоти кормандиро ба вуљуд оварданд.

Дар тамоми давлатњои мутараќќї, аз љумла дар Тољикистон низ роњњои илмии таъминоти кормандони корхона кор карда баромада шудааст, ки дар асоси пешнињоди иќтисодшиносон, равоншиносон, љомеашинос ва дигар мутахассисон тарњрезї гардидааст.

Дар аксари давлатњо марказњои калони тадќиќотї амал мекунанд, ки фаќќат доир ба масъалањои корманди пажўњиш мебаранд.

Дар корхонањо бошад, шўъбаи кормандон вуљуд дорад, ки онњо бевосита доир ба интихобот ба љо гузорї ва пешнињоди кормандон хизмат мекунанд.

Дар илм ва амалия дар шароити њозира ин равияи нави менељменти кормандї мебошад. Сардори шўъбаи кормандон бояд, ки доир ба мутахассисон як ќатор ахборро донанд ва истифода баранд. Ба ин масъалањо дохил мешаванд, масъалањои демографї:

 дараља ва тарзи зиндагонии ањолї;

 имконоти коргарони кироя;

 интихоби кормандон;

 тайёрии касбї ва љобаљогузории кормандон;

 бехатарии мењнат;

 музди мењнат ва њавасмандии он;

 нафаќа, имтиёзњо ва њаргуна ёрдампулињо;

 тартиби ќабул ва аз кор хориљ намудани коргарон;

 њамкорї доир ба саломатии коргарон.

Дар ИМА мутахассисон оиди ба «менељменти кормандї» тадќиќоти «Ќувваи коргари 2000» гузарониданд, ки дар он як ќатор пешнињодњо оид ба инкишофи бозори мењнат ва таъмини љои кор дар корхонањо нишон дода шудааст. Дар натиљаи тадќиќот як ќатор њолатњо муайян карда шуданд:

 кам шудани миќдори коргарони љавон дар истењсолот;

 афзоиши синну соли миёнаи коргарон;

 мавќеият ёфтани муњољирон (хориљињо) дар инкишофи ќувваи корї;

 камшавии љои корї дар истењсолот ва зиёдшавии он дар соњаи хизматрасонї;

 талабот ба мутахассисони дорои дараљаи баланди дониши интелектуалї;

 гуногунии ќувваи коргарї дар ташкилот ва љустуљўи роњњои нави идоракунии коргарон.

Бояд таъкид кард, ки унсурњое, ки муњаќќиќони амрикої муайян намудаанд, аксаран барои Тољикистон низ мувофиќат менамояд ва мо низ бояд сари ин масъала андеша намоем.

Њанўз солњои 50-уми асри гузашта, муњаќќиќони амрикої як ќатор консепсияи идоракунии захирањои башариро пешнињод намуданд. Дар натиља маълум гардид, ки солњои 60-70-уми асри гузашта дар Шарќ, дар Љопон системаи наве тартиб дода шудааст, ки бартарии калоне нисбат ба системам амрикои дорад. Назарияшиноси Љопонї У.Оучи дар аввали солњои 80-уми асри XX ин назарияро омўхта, назарияи навро бо номи «2» пешнињод намудааст. Мувофиќи ин назария менељерони Љопонї дар амалия аз рўи меъёрњои зерин кор карданд:

1. Асоси идоракунї – одам, чунки вай асоси ширкат ва кор буда, муваффаќияти тамоми кор аз ў вобаста аст.

2. Ширкатњо барои таъминоти доимии кормандии худ, усули кироии якумраро истифода мекунанд.

3. Ротатсия, ё худ њаракати кормандонро бояд, баъди бањои њаматарафаи кори онњо додан онњоро доимо аз як љо ба љои дигар гузаронидан;

4. Љавобгарї љињати натиљаи кор барои њар як шахсе алоњида буда, назорат дар шакли ѓайрирасмї сурат мегирад.

5. Интихоби кормандонро барои ширкатњо аз мактабњои олї аз

...

Скачать:   txt (15.5 Kb)   pdf (55.3 Kb)   docx (15.7 Kb)  
Продолжить читать еще 4 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club