Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Хусусиятҳои маъногии воҳидҳои фразеологии “Гулистон”- С. Шерозӣ дар шарҳи муқоисавии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ

Автор:   •  Март 9, 2019  •  Курсовая работа  •  7,413 Слов (30 Страниц)  •  922 Просмотры

Страница 1 из 30

                                            Нақшаи кор:

Муқаддима

Боби 1. Масъалаҳои асосии фразеологияи муосир

  1. Доир ба таърихи омӯзиши фразеология дар

забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ.......................................

  1. Воҳидҳои фразеологии аслӣ дар забонҳои муқоисавӣ...............................................................

Боби 2. Хусусиятҳои маъногии воҳидҳои фразеологии “Гулистон”- С. Шерозӣ дар шарҳи муқоисавии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ..........................................................

2.1. Ҳаммаъноӣ (синонимия).........................................

2.2. Зидмаъноӣ (антонимия)..........................................

Хулоса..............................................................................

Рӯйхати адабиётҳо.........................................................

                                     Муқаддима

     Қонунияти рушди забон аз ҳаёти воқеии ҷомеаи инсонӣ сарчашма мегирад. Адиби воқеъбин ва воқеънигор ҳодисаю воқеаҳои замони худ ва замони тасвиршавандаро ба таври реалӣ дар эҷодиёти худ дар чаҳорчӯбаи имконоти забони адабӣ ва қонуниятҳои забони мавҷудаи он тасвир менамояд. Бинобар ин қонуниятҳои рушду таккомули забони адабӣ ва умуман забони халқ дар давру замонҳои гуногун дар эҷодиёти адибони бузурги замон инъикос меёбад. Маҳз барои ҳамин эҷодиёти адибони маъруф маҳаки асосии тадқиқ ва омӯзиши забони адабии ҳар давру замон қарор мегирад. Ҳар як нависанда дар эҷоди асри бадеӣ аз таъбироту ифодаҳои гуногуни халқӣ аз зарбулмасалу мақолҳо ва ривояту масалҳо истифода мебарад ва ин унсурҳо асоси воқеъбинона тасвир намудани ҳаёти халқ мебошад. Дар ин миён мавқеи воҳидҳои фразеологӣ (минбаъд ВФ) басо назаррас аст.

         Ибораҳои фразеологӣ (минбаъд ИФ) як ҳиссаи калони боигарӣ ва ҳусну таровати ба худ хоси забони миллӣ ба шумор меравад. Онҳо яке аз воситаҳои хеле муҳими лексикӣ буда, ҳамчун масолеҳи тайёр барои образноку дилчасп, мӯъҷазу кӯтоҳ ифода намудани баён ва барои офаридани образҳои бадеӣ мавқеи бориз доранд. Дар ВФ-и ҳар як забон таҷрибаи ҳаёт, табъу кайфият, урфу одат ва таъриху маданияти ҳамон халқ инъикос мегардад. Аз ҳамин сабаб маъно дар ВФ хеле нозук, пӯшида, вале басо рангин ва пурҷозиба ифода меёбад, ин боиси эҷоди мушкилӣ дар тарҷумаи онҳо ба забонҳои хориҷӣ мегардад.

     Бузургони мо ҳар кадом ба қадри дониш ва малакаи худ аз ин хазинаи беинтиҳои маонӣ истифода намуда, аз як тараф мавқеи онҳоро дар забони адабӣ мустаҳкам карда бошанд, аз тарафи дигар бо роҳи аз забони зинда дохил намудани ВФ- и шоиста, ҳамчунин сохтани ин гуна ибораҳо бо табъи солим адади онҳоро дар забони умумиллӣ замон то замон афзудаанд. Бинобар ин, омӯхтани ВФ-и эҷодиёти адибони алоҳида ҳам барои таин намудани маҳорати сухангустурии онҳо, ҳам барои муайянсозии ҷараёни такмили адабии давр дорои аҳамияти калони илмист.

       Яке аз адибони забардаст, ки ВФ-ро ба таври услуби хоса ва бо маҳорати баланди эҷодӣ мавриди корбаст қарор додааст Саъдии Шерозист. Ба вижа, “Гулистон”-и ӯ, ки саршор аз тасвирҳои беназир ва саҳнаҳои нодири зиндагист, аз ВФ бой ва ғанист. Он чӣ дар “Гулистон” беш аз ҳар чиз ҷалби назар мекунад, таҷрибаҳои фаровону мутанаввеи Саъдист дар зиндагонӣ. Вақте ин китобро бодиққат аз назар мегузаронем, симои марди дунёдида ва пухтаву андешавар дар назарамон муҷассам мешавад, ки дар саросари умр аз фарозу нишебиҳои бисёре гузашта, дар Шероз - шаҳри шеъру ишқ ва дигар ҷойҳо тааммулҳо карда, дар билоди муҳимми дунёи он рӯз аз мазҳари бузургоне чун Абулфараҷ ибни Ҷавзӣ, Абӯҳафс Умари Сӯҳравардӣ ва дигарон нуктаҳо омӯхтаву баҳраҳо бурда, бо табақоти мухталиф – аз подшоҳону вазирон гирифта то афроди мутавассит ва омаи мардум – баҳсу мунозираҳо дошта, дар сафарҳо бо корвониён аз ҳар даста ҳаёт ба сар бурда, аз шаҳре ба шаҳре рафта, биёбонҳоро тай намуда ва дар ҳар ҷо чизҳои тоза дидаву афзун ба бар китобҳои бисёр, ки хонда, ҷаҳонро аз роҳи таҷрибаи мустақим озмудаву шинохтааст. Ба илова, ҳуши саршору зеҳни равшану борикбини ӯ дар паси ҳар чиз, ҳатто машҳудоти оддӣ, нуктаҳое зарифу бадеъ дарёфтааст.

...

Скачать:   txt (82 Kb)   pdf (835.4 Kb)   docx (35 Kb)  
Продолжить читать еще 29 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club