Махсусияти инъикоси мавзуи ҷиноят ва ҷазо дар матбуот (дар мисоли рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва ҳафтаномаи “Фараж”)
Автор: Maftuna Barotova • Апрель 4, 2023 • Реферат • 5,080 Слов (21 Страниц) • 161 Просмотры
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ
ТОЉИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ
“ДОНИШГОЊИ ДАВЛАТИИ ХУЉАНД БА НОМИ АКАДЕМИК
БОБОЉОН ЃАФУРОВ”
РИСОЛАИ ХАТМ
(дараҷаи бакалавр)
МАВЗУЪ: “Махсусияти инъикоси мавзуи ҷиноят ва ҷазо дар матбуот
(дар мисоли рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва ҳафтаномаи “Фараж”)”
Факултет: Филологияи тоҷик
Ихтисос: Рӯзноманигорӣ
Кафедра: Журналистика ва
назарияи тарҷума
Муаллифи рисола: хатмкунандаи
гурӯҳи “407”-и соли 4-уми
шуъбаи рӯзона
Баротова Мафтуна Мансуровна
Роҳбари илмӣ: Комилов Каримбой
Исломович
номзади илмҳои филология, дотсент
Хуҷанд-2021
Мундариҷа
Муқаддима..................................................................................
Боби 1-ум. Таҳлили мавзуи ҳуқуқии матбуот дар Тоҷикистон.....
Фасли 1.1. Моҳияти муқаррароти қонунгузорӣ дар мавриди ба танзим овардани фаъолияти ВАО.........................................................................
Фасли 1.2. Таснифу таҳлили мавзуи ҳуқуқӣ дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва ҳафтаномаи “Фараж”.................................................
Боби 2-юм. Махсусияти сохторию жанрии маводи мавзуии ҷиноят ва ҷазо дар матбуоти даврӣ..............................................................
Фасли 2.1. Вижагиҳои инъикоси мавзуи ҷиноят ва ҷазо дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”: таҳлили сохторию жанрӣ.........................................
Фасли 2.2. Қолаби сохторию жанрии маводи мавзуи ҷиноят ва ҷазо дар ҳафтаномаи “Фараж”.........................................................................
Хулоса...................................................................................................
Феҳристи осори таҳқиқӣ........................................................................
Муқаддима
Гузориши масъала. ВАО дар баробари инъикосгари њаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иљтимоӣ, фарњангӣ, маърифатӣ будан, њамзамон ҳимоятгари ҳуқуқи инсон ва арзишњои умумибашарӣ мебошад. Он дар њифз ва гиромидошти нуфузи инсонӣ ва баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ хидмат мекунад. Воситаи ахбори омма ҳамчун ҳокимияти чорум дар љомеаи муттамаддин эътироф гардида, мавқеи хоса дорад. Инъикоси фаврии муҳимтарин воқеот дар манотиқи мухталифи дунё, таҳлили падидаҳои умдаи ҳаёти сиёсї, иқтисодию иљтимої, бозтоби чеҳраҳои нави сиёсиву молиявї омилҳои асосии пешдастии ВАО дар рақобат бо фарогирии ҳарчи бештари қишрҳои љомеа мебошад. Омӯзиш ва таҳқиқи ВАО дар замони Истиқлолият яке аз вазифаҳои асосии аҳли таҳқиқ ва муҳассилини соҳаи журналистика мебошад. Инчунин дар инъикос кардани камбудиву мушкилиҳои ҷомеа, барҳам додани нуқсонҳои ҷамъият, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва инъикоси ҷинояткорӣ нақши муассирро мебозад. Имрӯз васоити ахбори омма ҳамқадами ҳаёт ва љузъи хеле муҳиму људонопазири љомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотї ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад. Озодии сухан, ки онро Конститутсия ва дигар санадҳои марбутаи ҳуқуқӣ кафолат медиҳад, бо манфиатҳои миллию давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Беҳуда ВАО-ро минбари озод миёни ҳукумат ва мардум нагуфтаанд, зеро аҳоли тавассути он рочеъ ба ҳалли мушкилоти љойдошта ибрози ақида менамояд.
...