Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Идораи кадрҳо ва ташкили музди кор дар корхона

Автор:   •  Март 28, 2019  •  Лекция  •  3,476 Слов (14 Страниц)  •  1,653 Просмотры

Страница 1 из 14

Идораи кадрҳо ва ташкили музди кор дар корхона

7.1. Кадрҳои корхона ва сохтори онҳо

Қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият аз се унсури асосй таркиб ёфтаанд: олоти меҳнат, предмет ё ашёи меҳнат ва кувваи корй. Ҳамоҳанг гаштани ин се унсур ҷараёни бефосилаи истеҳсолоти неъматҳои моддиро, ки конеъкунандаи талаботҳои истеъмолкунандагон мебошад, ба вуҷуд меорад. Қувваи корй, ин маҷмӯи қобилияти ҷисмониву ақлонии офарандагии инсон ё худ қобилияти меҳнатии вай мебошад.

Дар доираи корхона кувваи корй таърифу истилоҳи нисбатан мушаххастарро соҳиб мегардад, ки кадрҳои корхона номида мешаванд.

Кадрҳо ё захираҳои меҳнатии корхона - ин маҷмӯи кормандони касбу ихтисосҳои гуногуни дар корхона машғули меҳнат буда ва ба ҳайати рӯихатии он шомил шуда мебошанд. Ба ҳайати рӯихати кадрҳои корхона ҳамаи кормандони ба кор қабулгардида, ки бо фаъолияти асосиву ёрирасон машғуланд, дохил мешаванд.

Кадрҳои корхона захираи асосии ҳар як воҳиди иқтисодӣ ба шумор мераванд, ки ба сифату самаранокии истифоДабарии онҳо натиҷаи ниҳоии фаъолияти корхона вобастагй дорад. Аз ин рӯ, донистани ҳайати кадрҳои корхона ва тагйироти он барои идоракунии корхона шарт ва зарур аст. Нишондиҳандаҳои мутлақу қиёсии зерин тавсифдиҳандаи ҳайати кадрҳои корхона ва тағйиротҳои муайяни микдорӣ, сифатӣ, сохтории онҳо мебошанд:

- шумораи рӯйхатӣ ва ҳозиршавии коргарони корхона ё вохидҳои он дар санаи муайян;

  • шумораи миёнаи руйхатии коргарони корхона ё воҳидҳои он дар давраи муайян;
  • вазни қиёсии коргарони унсурҳои алоҳидаи истеҳсолӣ (гурӯҳ, категория) дар шумораи умумии коргарони корхона;
  • суръати афзоиши шумораи коргарони корхона дар давраи муайян;

-дарачаи миёнаи коргарони корхона;

  • вазни қиёсии хизматчиёни дорой маълумоти олй ва миёнаи махсус дар шумораи умумии хизматчиён ё коргарони корхона;
  • сайлонияти кадрҳо аз рӯи ба кор қабул ва аз кор холи кардан;
  • бо фонд таъмин будани меҳнати коргарон дар корхона ва ғайра.

Маҷмӯи нишондиҳандаҳои боло оид ба вазъи микдорй, сифати, сохтории ҳайати кормандон тасаввурот дода, барои муайянсозии тамоюли инкишофи онҳо, тарҳрезӣ, таҳлил ва коркарди чорабиниҳои меҳнатии корхона заминай зурурии ахборй фароҳам меорад.

Тавсифи микдории захираҳои меҳнати корхона, дар навбати аввал, бо чунин нишондаҳандаҳо мисли шумораи рӯихатй, ҳозиршавӣ ва миёнарӯихатии коргарон дода мешавад.

Шумораи руйхатии коргарони корхона - ин шумораи коргарони ҳайати рӯихатӣ дар санаи муайян бо назардошти коргарони дар ин рӯз ба кор қабулшуда ё азкоррафта мебошад.

Шумораи ҳозиршавии коргарони корхона - ин микдорй коргарони ҳайати рӯихатӣ, ки ба кор баромадаанд. Фарқияти байни ҳайати ҳозиршавй ва рӯихатй микдорй бозистии рӯзмарраро (рухсатӣ, беморӣ, сафарҳои хидматй ва гайра) тавсиф медиҳад.

Барои муайян намудани шумораи кормандон дар давраи муайян нишондихандаи шумораи миёнаи рӯихатй истифода мешавад. Ин нишондиҳанда барои ҳисобкунии ҳосилнокии меҳнат, музди меҳнати миёна, зарибҳои гардиш, сайлонияти кадрҳо ва як қатор нишондиҳандаҳои дигар зарур аст.

Шумораи миёнаи рӯихатии коргарон дар як моҳ бо роҳи ҷамъ намудани шумораи коргарони ҳайати рӯихатӣ барои ҳар як рӯзи тақвимии моҳ (рӯзҳои истироҳату идҳо низ дохиланд) ва тақсим намудани бузургии ҳосилшуда бар шумораи рӯзҳои тақвимии моҳ ҳисоб карда мешавад.

Ғайр аз шумораи коргарон тавсифи миқдории нерӯи меҳнатии корхона метавонад дар шакли фонди захираҳои меҳнатӣ 3.м.) ба ҳисоби одам-рӯзҳо ё худ одам-соатҳо ифода гардад, ки онро чун ҳосили зарби шумораи миёнаи рӯихатии коргарон (Шм.к.) бар давомнокии миёнаи давраи меҳнатӣ (Тд.м.) бо рӯзҳо ё соатҳо ҳисоб менамоянд:

...

Скачать:   txt (45.2 Kb)   pdf (327.7 Kb)   docx (2 Mb)  
Продолжить читать еще 13 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club