Режими гумрукї дар низоми танзими тиљорати беруна
Автор: firdavs_81 • Декабрь 25, 2019 • Курсовая работа • 20,004 Слов (81 Страниц) • 362 Просмотры
Наќшаи кор:
Сарсухан ……………………………………………………………….. 3
Боби 1. Моњият ва фишангњои сиёсати тиљорати берунї
1.1 Моњияти сиёсати тиљорати берунї ва хусусиятњои он …....8
1.2. Фишангњои асосии сиёсати тиљорати берунї.....................16
Боби II. Режими гумрукї дар низоми танзими тиљорати беруна
2.1 Моњият ва намудњои асосии режими гумрукї …………....…..31
2.2 Асосњои њуќуќии пардохти бољњои гумрукї дар режимњои гуногун ……………………………………………………….…...35
2.3 Имтиёзњо дар доираи режимњои гумрукї ……………………..39
2.4 Тањлили истифодаи режимњои гумрукї дар Љумњурии Тољикистон …...…………………………………………….……42
Хулоса………………………………………………………………..…...49
Руйхати адабиёти истифодашуда……………………………………..55
САРСУХАН
Таљрибаи понздањсолаи охир бевосита нишон дод, ки ягон давлати љањон бе иштироки мустаќилона дар раванди њамгироии љањон, бе њамкории бевоситаи иќтисодї бо давлатњои дигари љањон пешрафти иќтисодии мамлакатро таъмин карда наметавонад.
Дар тўли понздањ соли истиќлолият Љумњурии Тољикистон бо њамаи давлатњои аъзои Иттињоди Давлатњои Мустаќил ва аксарияти давлатњои Иттињоди Европа, ШМА, давлатњои Осиё, Шарќи Наздик ва Миёна, давлатњои Европаи Ѓарбї ва Шарќї, Хитой, Њиндустон робитањои бевоситаи иќтисодї барќарор намудааст. Ба мо аён гашт, ки ба сатњи иштирок дар протсессњои њамгироии дар љањон љараёндошта бевосита ба сатњи таъмини пешрафти иќтисодиёти њар як мамлакат дар алоњидагї вобастагї доштааст. Мувофиќи ќоида, њар чи ќадар мамлакат бештар ба фазои иќтисодии љањонї дохил шуда бошад, њамон ќадар бештар пешрафти иќтисодиёти дохилии худро таъмин карда метавонистааст. Дар хољагии љањони имрўза робитањои иќтисодии хориљї омили муњимтарине мебошад, ки ба пешрафти мунтазам ва устувори иќтисодиёти миллї, ташаккули сохтор ва фаъолияти самараноки он таъсири назаррас мерасонад.
Имрўзњо барои аксари давлатњои љањон њарчи бештар бароњмонии робитањои иќтисодии хориљї яке аз омилњои асосии суръатбахшандаи пешрафти иќтисодиёти мамлакат гардидааст. Бароњмонии истењсолот бо маќсади њарчи бештар зиёд намудани номгўй ва мањсулоти истењсолшуда дар тўли ду дањсолаи охири асри ХХ боиси ба ќатори давлатњои нави саноатии љањон дохил шудани якчанд давлатњои ќафомонда гардид. Бо оѓози асри нав робитањои иќтисодии хориљї њарчи бештар мавќеи хосаеро дар раванди њамгироии глобалї мебозанд. Мувофиќи талаботи имрўзаи иќтисодиёти љањон барои робитањои иќтисодии хориљї хусусияти ба худ хоси мунтазам афзоянда, либерализатсия, диверсификатсияи шакл ва намудњои фаъолияти иќтисодии хориљї хос аст. Дар байни хусусиятњои хоси номбурда дар пешрафти робитањои иќтисодии хољагии љањонї имрўзњо тамоили шакли диверсификатсионии њамкорї наќши бузург мебозад. Дар баробари шаклњои бароњмондашудаи робитањои иќтисодии хориљї солњои охир бо суръати том њамкории илмию техникї, туризм ва ѓайра ављ гирифта истодааст.
Дар низоми робитањои иќтисодии байни давлатњо тиљорат љои махсусро ишѓол менамояд. Ба таври умумї ќайд намоем, тиљорати байналхалќї воситае ба шумор меравад, ки бо ёрии он давлатњо метавонанд тахассусоти худро равнаќ дињанд, самаранокии захирањояшонро баланд бардоранд ва ба ин восита метавонанд њаљми умумии истењсолоти худро зиёд намоянд. Давлатњои мустаќил, мисли шахсони алоњида ва ё манотиќи људогонаи давлат метавонанд аз њисоби тахассусгардонии барориши мањсулот, ки самаранок истењсол мешаванду ба мањсулоти дар худашон истењсолнашаванда иваз карда мешаванд, фоидаи калон ба даст оваранд.
...