Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Бозихои серхаракат ва ахамияти он дар тарбияи насли наврас

Автор:   •  Апрель 12, 2022  •  Эссе  •  1,826 Слов (8 Страниц)  •  855 Просмотры

Страница 1 из 8

БОЗИҲОИ СЕРҲАРАКАТ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС

Мамадносирова Мобегим – муаллими калони кафедраи педагогика ва психология

        Бозӣ яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи муносибат дар ҷараёни дарс ва берун аз дарс  мебошад. Ба ин маънӣ бозӣ тағйири ин ё он амалро табиатан  роиҷ медонад ва ҳамзамон дар синф, майдонча ва толори варзишӣ муҳити озоди муносибатро фароҳам меорад.

        Ҳамин тавр фаъолияти кӯдакон дар ҷараёни бозӣ метавонад ба инкишофи ҷисмонии онҳо мусоидат намояд. Бозӣ қувваи бузург ва ниҳоят хубу ивазнашавандаи инкишофи ақли кӯдак аст. Кӯдак ба бозӣ бештар майлу ҳавас дорад, ки ин табиатан хоси онҳост ва ин нуқтаро равоншиносон низ ёдрас шудаанд. Дар синфҳои ибтидоӣ шароити хуби ташкил ва истифодаи бозиҳо дар ҷараёни дарс мушоҳида мегардад.

        Бозӣ фаъолияти равонии хонандагонро мӯътадил намуда, шавқу ҳавасашонро ба дарс, хоса ба обутоб додани бадан афзуда имконияти фарогирии маводро бештар сохта, хасташавиро рафъ менамояд ва ҷараёни ҳаракатро осон мегардонад.

        Чӣ тавре, ки  дар боло зикр намудем бозӣ чун омили пешбарандаи фаъолияти кӯдакон дар инкишофи ҷисмонӣ нақши асосие дорад, чунки лаҳзаи бозӣ аз кӯдакон қобилияти муносибати муайян доштанро талаб мекунад.

        Муошират бо иштирокдорони бозӣ – шарти асосии бозӣ мебошад, яъне дар кадом дарсе, ки бозӣ ташкил карда шуда бошад, бо ҳамон забон ташкил намудани бозӣ мувофиқи мақсад аст. Истифодаи бозиҳои серҳаракат дар дарси тарбияи ҷисмонӣ дар синфҳои ибтидоӣ вазифаҳои асосии методиро амалӣ менамояд. Ба монанди:

  • омодагии равонии хонандагон ба дарс;
  • таъмини табии такрори машқҳои гимнастикӣ
  • тамрини дурусти машқҳо, ки тайёрӣ ба иҷро намудани бозиҳои  серҳаракат мебошад.

Махсусан дар фосилаи аввали омӯзиш гузаронидани бозиҳои таълимӣ аҳамияти хоса дорад. Дар ҷараёни ин гуна бозиҳо кӯдак ҷисман солим инкишоф меёбад. Дар ҳар як бозӣ фаъолияти меайяне амалӣ мегардад. Иштирокдорони бозӣ аз ҳаракатҳои гуногун истифода менамоянд ва бо ёрии маводҳои варзиши талаботи бозиро иҷро намуда, саъю кӯшиш менамоянд, ки дар бозӣ ба қоидаҳои он риоя намоянд.

        Ҳамин тавр яке аз роҳҳои муассири раванди беҳдошти сифати таълиму тарбия дар синфҳои ибтидоӣ истифодаи бозиҳои серҳаракат мебошад

        Зери мафҳуми бозӣ ҳамон тарзҳое фаҳмида мешаванд, ки барои рафъи хасташавии кӯдакон хизмат намуда, шавқу ҳаваси онҳоро ба дарс зиёд мекунанд.  

Бозиҳои серҳаракат ҳам бачагон ва ҳам калонсолон бо шавқу завқ ба иҷро мерасонанд.

        Бозиҳо аз намудҳои гуногуни ҳаракат: роҳгардӣ, давидан, ҷаҳидан, ғуррондан, бартараф кардани монеаҳо иборат аст. Бозиҳо ба ҷамъ кардан ва барқарор намудани диққат ва фикр ёрӣ медиҳад. Сифатҳои тобоварӣ, тезкорӣ,қувва ва обутобёбиро инкишоф медиҳад. Бозиҳои якҷояи бачагон ҳисси дӯстӣ ва рафоқати байниҳамдигариро тарбия менамояд.

...

Скачать:   txt (21.1 Kb)   pdf (151.8 Kb)   docx (560.5 Kb)  
Продолжить читать еще 7 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club