Сармоягузорони хориљї ва рушди истиќлолияти энергетики
Автор: Комрони Одиназода • Апрель 23, 2019 • Научная работа • 2,533 Слов (11 Страниц) • 490 Просмотры
Комрони Шакар магистри
курси 2-юми факултети
“молия ва ќарз” ихтисоси
1- 25010401“молия”ДДМИТ
Сармоягузорони хориљї ва рушди истиќлолияти энергетики.
Истиқлолияти энергетикӣ дар сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат яке аз ҳадафҳои асосӣ ба шумор меравад. Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Аврупо Таир Мансуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро «яке аз асосгузорони ин созмон» номида, ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат дар ин созмон баҳои баланд дода буд. Дар робита ба татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ў изҳор дошт, ки «натанҳо нерўгоҳҳои обии Сангтўда ва Роѓун, балки дигар неругоҳҳо низ бояд сохта шаванд, чунки барои Тоҷикистон ин роҳи асосии тарққиёт аст ва таъкид дошт, ки сохтани ин гуна иншоотҳо бояд бо назардошти манфиатҳои кишварҳои поёноб сурат бигиранд». Ба андешаи ў «нерўи барқ натанҳо барои дохил, балки барои содирот низ бояд истеҳсол шавад ва кишваре, ки неруи барқ содир мекунад, кишвари босубот рушдкунанда» ба шумор меравад.
[1]Барои таҷдиди низоми энергетикии мамлакат дар 10 соли охир беш аз 13 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст ва дар ҳафт соли оянда бо мақсади ташкили фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ, рушди соҳа ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Ҳоло дар мамлакат 11 ширкати ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ, ба монанди Газпром (Россия), Тотал (Франсия), CNPC (Чин) ба иктишофу истихроҷи нафту газ машғул буда, то имрӯз ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ маблағгузорӣ кардаанд, ки ин барои дар оянда таъмин намудани кишвар бо нафту гази худӣ замина мегузорад.
Сатњў дараљаи рушди иќтисодиёт асосан аз иќтидори истењсолию хизматрасонињои давлат ва соњибкорињо вобаста буда бо ду усул интенсивї ва экстенсиви таъмин мегардад. Асоси рушди интенсивии иќтисодиётро болоравии ҳослнокии мењнат ва омилњои онро нишондињандањои иќтисоди муайян мекунад. Рушди экстенсиви дар иқтисодиёт бо бунёди соњибкорињои нав таљдиду мукамалгардонињои корхонањои истењсоли ва бунёди инфросохтори энергетикї, таъмин мегардад.
Ба истифода додани НБО-ҳои хурду калон, ифтитоҳи чандин корхонаҳои саноатӣ, ташкил гардидани садҳо ҷойҳои нави корӣ аз ин ҷумла мебошанд. Ҳамчунин оид ба аҳамияти Паёми имсолаи Сарвари давлат, ки самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика ва саноат, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ташкили маҷмааҳои саноатӣ ва сўзишворию энергетикӣ, таъмини ноҳияҳои дурдасти кўҳистон бо неруи барқ, ба кор андохтани неругоҳҳои барқи обии хурду калон, зарурати тезондани ҷараёни истифодаи технологияи муосир дар истеҳсолотро фаро гирифтааст, ибрози назар карданд.
Аз баски иќтисодиёти Љумњурии Тољикистон дар асоси њамгироњои аз сотсиализм меросгирифта бунёд ёфтааст, худтакрористењсол намоянда намебошад. Аз ин лињоз камбудињои дар он љоидоштаро дар стратегияи рушд пешбининамуда инфросохтори энергетики, обеъктњои афзалиятан бунёдёбанда эълон карда ба бунёди он иншоотњо пояњои асосии иќтисодиётро барои ояндаи миллати Тољик барпо намоем.
Дар њолатї мањдудиятї захирањои дохили молиявї таъмин намудани рушди иќтисодиёти милли бо роњои ташкил намудани корхонањои нав бе љалбї сармоягузорињои хориљи имконпазир нест. Бинобар, ин аз худкунии захирањои таббии нафту газ, бо ташкили корхонањои нави коркарди захирањои таббии бе љалби сармоягузорони хориљиро таќозо менамояд.
...