Кор бо файлҳо дар С++
Автор: Komil5555 • Январь 31, 2019 • Курсовая работа • 4,179 Слов (17 Страниц) • 1,517 Просмотры
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Факултети “Телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ”
Кафедраи “Барномарезӣ”
«Тасдиқ мекунам»
Мудири кафедра, дотсент ________ .
«_____»___________2018 с.
Кори курсӣ
Фанни “Барномарезӣ”
Мавзӯъ «Кор бо файлҳо дар С++»
Иҷрокунанда: Зарифов Саидсамӣ, донишҷӯи
бахши 4-уми шӯъбаи рӯзона,
ихтисоси ТМБМҲ ва Н
Роҳбари илмӣ: Музаффаров Д.
Хуҷанд – 2018
Кор бо файл
дар забони барномасозии С++
НАҚША
Сарсухан
- Мафҳуми файл. Дохилкуни аз файл ва хоричкуни ба файл
- Операторҳо дар С++
- Кор бо файл дар С++
- Речахои кушодани файл
- Функсия барои пушидани файл
- Истифодаи функсияҳои санчиши
- Гузориши масъала
- Барномаи масъала
Хулоса
Адабиёти истифодакардашуда
Сарсухан
Забони барномасозии C++ барои хама барои онхое, ки пеш аз ин ягон бор барнома нанавиштаанд, ва ё сохиби тачрибаи барноманависи дар забонхои дигар мебошанду мехоханд, ки ба олами афсонавии С++ ворид шаванд. Ин дастур барои хамаи онхое, ки аз кори барномаи бо дасти худ навиштаашон халоват мебаранд.
Асосгузори забони барномасозии C++ Бярн Страуструп (Bjarne Stroustrup) мебошад.
С++ ин забони барномасозие, ки лахчахои бисёр дорад, ба мисоли забони табие, ки сохиби лахчахои бисёре. Дар С++ лахчахо бисёранд на барои он ки одамони онро истофодабаранда дар Чануб ё Шимол зиндаги мекунанд; балки барои он ки ин забон якчанд компиляторхои (compiler) гуногун дорад. Масалан, се компилятори машхуртарин инхоянд: Microsoft Visual C++, Borland C++, GPP.
Хар яки ин компиляторхо хусусиятхои фарккунандаи худро доранд. Лекин хамаи онхо функсияхоеро, ки дар стандарти ANSI/ISO барои забони С++ оварда шудаанд, нигах медоранд. Ба гайр аз ин, хар як компилятор функсияхои гайристандартии худро дорад (ба монанди калимахое, ки танхо дар ин ё он лахча мавчуданду халос). Бисёр вакт истифодаи фукнсияхои гайристандарти сабаби хатогихо хангоми компилятсияи манти ибтидоии (source code) як барномаи С++ дар компиляторхои гуногун мешавад.
Дар кори курсии мазкур сухан дар бораи сохтани файли “Оператор” меравад. Дар қисми аввал мо оид ба тағирёбандаҳо, оператоҳо маълумот медиҳем. Дар охир як масъала гирифта ҳал карда шудааст.
Мафҳуми файл. Дохилкуни аз файл ва хоричкуни ба файл
C++ хам дохилкуни аз файл ва хам хоричкуни ба файлро ба воситаи синфхои (classes) зерин таъмин мекунад:
- ofstream. Синф барои сабти маълумот ба файл (дар асоси ostream сохта шудааст);
- ifstream. Синф барои хондани маълумот аз файл (дар асоси istream сохта шудааст);
- fstream. Синф барои амалхои хам хондан ва хам сабти маълумот (дар асоси iostream сохта шудааст).
Файлро дар холати ичро шудани дохилкуни мо хамчун манбаъ тасаввур карда метавонем; манбае, ки аз он маълумоти ба мо даркори чори аст. Файлро дар холати ичро шудани хоричкуни мо хамчун анбор тасаввур карда метавонем; анборе, ки ба он маълумоти ба мо даркори чори мешавад.
Рафти кор бо файл аз якчанд даврхо иборат аст.
Кушодани файл. Якумин амале, ки аз болои объектхо(намояндагон, нусхахо)-и ин синфхо ичро карда мешавад, ин мантикан пайваст кардани ягон объект бо ягон файли вокеи мебошад, ки ин амалро кушодани файл меноманд. Яъне файли кушодашуда дар барнома бо ягон объект ифода карда мешавад, албатта бо кумаки яке аз синфхои болои. Харгуна амали хоричкуни ва ё дохилкуние, ки аз болои ин объект ичро карда мешавад ба файли вокеи низ татбик карда мешавад.
Барои кушодани файл аз функсия-аъзои синфхои болои функсияи open() истифода мебаранд:
...