Муқаддима. Мақсад ва вазифаҳои фан
Автор: maz_lutf • Октябрь 27, 2021 • Лекция • 1,019 Слов (5 Страниц) • 365 Просмотры
Лексия 1. Муқаддима. Мақсад ва вазифаҳои фан.
Нақша:
- Мақсад ва вазифаҳои фан
- Муқаддима
- Муҳити кори Visual Basic
- Марҳилаҳои коркарди барнома
1.Маќсади омўзиши фан:
Маќсади таълими фанни барномасозии визуалї ба донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси 1-40.01.02-02 – технология ва низоми иттилоотї (дар иқтисодиёт) ин шинос намудани донишљўён бо масъалањои назариявӣ, сохтани лоиха, модулњои барномавї ва базаи маълумот бо ёрии забони сатњи баланд VisualBasic, ташаккул додани мањорати барномасозӣ барои идоракунии компутерњои њозиразамон ва њалкунии масъалањои мушаххас мебошад
Вазифа:
- Ташаккулдињии мафњумњои асосии назарияи барномасозии визуалӣ ва моњияти татбиќи забонњои барномасозии сатњи олӣ дар донишҷӯён;
- Азхудкунии забони алгоритмии забони VisualBasic
- Омӯзиши операторхои асосии забон дар ваќти њалли масъалањо, сохтани барномањо ва модулњо, дар барномањо истифодабарии аниматсия ва имкониятњои графикии забон;
- Кор бо муњити интегриронии IDE, имкониятњои иловагии забон, созкунӣ ва ивазкунии параметрҳо, кор бо китобхона ва базаи маълумот
- Азхудкунии кор бо намуди таѓирёбандањо, истифодабарии формањо, коркарди лоиња, сохтани EXE-замимаҳо (приложения)
- Азхудкунии протсесси сохтани комплекси барномавӣ
2. Мақсади ворид шудани мо ба ҷараёни илму техникаи ҷаҳонӣ ин шинос намудани насли наврас бо дастовардҳои навтарини илм, технологияи пешқадами иттилоотӣ ва дар ин замина омода сохтани мутахассисони баландпоя мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон.
Дар қатори якчанд фанҳои ихтисосӣ, ки асоси донишҳои касбӣ ба шумор мераванд фанни барномасозии визуалӣ ҷой ва мақоми хоса дорад. Яъне, он яке аз фанҳои муҳимтарини ихтисосие мебошад, ки барои омӯхтани фанҳои ихтисосии курсҳои болоӣ сарчашмаи асосӣ ба ҳисоб меравад.
Барои шурӯъ намудани азхудкунии забонҳои барномасозӣ, донишҷӯ бояд аз омӯзиши забонҳои барномасозии савияи олӣ оғоз кунад. Ба забонҳои барномасозии савияи олӣ оилаи Бейсик дохил мешавад..
Microsoft Visual Basic 6 — тавсири машҳури забони барномасозӣ мебошад ва имкониятҳои нави он дар бозори воситаҳои коркард мавқеро пурзӯр менамояд. Муҳити Visual Basic барои коркарди замимаҳои шаклан гуногун қулай мебошад. Шумо метавонед замимаҳои автономии пурзӯр, бозиҳо ва воситаҳои хидматиро бо осонӣ тартиб диҳед. Технологияи ActiveX бошад тартиб додани замимаҳое, ки ба Internet-ро таквият дорад, имконият медиҳад.
3. Муҳити кории Visual Basic – ро бисёр вақт муҳити коркарди интегриронӣ (Integrated Development Environment) ё ихтисор карда IDE меноманд, зеро, ки ӯ дорои функсияҳои гуногун мебошад: балоиҳагирӣ, таҳриркунӣ, компилятсия ва созкунии (отладка) замима.
Баъд аз он, ки барномаи Visual Basic дар компютер омода намуда шудааст, мо метавонем онро ба кор андозем. Барои ба кор андозии Visual Basic дар муҳити Windows амалҳои зеринро бояд иҷро намуд:
- Интихоби тугмачаи Пуск дар панели масъалаҳо
- Интихоби замимаи Программы, баъд Microsoft Visual Basic 6.0 (ба расми 1.1. нигаред)
[pic 1]
Расми 1.1. Ба кор андозии барномаи Visual Basic
Баъди ба кор андозии барномаи Visual Basic дар экран оинаи муоширатии New Project пайдо мешавад. Оина ба истифодабаранда имконияти интихоб намудани амалиётҳои минбаъдаро медиҳад. Баъди интихоб намудани намуди лоиҳа ва пахши тугмачаи Открыть- дар экран муҳити коркарди интегриронии Visual Basic пайдо мешавад.
Муҳити коркарди интегриронии Visual Basic (IDE) аз элементҳои зерин иборат аст:
- Сатри меню. Меню дорои фармонҳое, ки дар вақти кор бо Visual Basic истифода бурда мешаванд. Ғайр аз менюҳои стандартии File, Edit, View, Window ва Help, дар ин ҷо менюҳое ҷойгир мебошанд, ки ба функсияҳои барномасозӣ иҷозатро (доступ) таъмин мекунанд, масъалан Project, Format ё Debug.
- Менюи контекстӣ. Дорои фармонҳое мебошад, ки бисёртар истифода бурда мешаванд. Барои кушодани менюи контекстӣ, нишондиҳандаи мушро ба болои объекти зарурӣ гузошта, тугмаи рости мушро пахш намудан лозим аст.
- Лавҳаи афзолҳо (ToolBar). Иҷозати босуръатро ба фармонҳои муҳити барномасозӣ пешниҳод мекунад. Бо хомӯшӣ дар вақти ба кор андозии Visual Basic дар экран лавҳаи стандартии афзолҳо инъикос мешавад (standart toolbar).
- Лавҳаи элементҳои идоракунанда (ToolBox). Лавҳаи ToolBox барномасозро бо маҷмӯи асбобҳое, ки дар вақти коркард, барои ҷойгиркунии элементҳои идоракунӣ дар форма лозим мешаванд, таъмин мекунад.
- Оинаи роҳбалади лоиҳа. Рӯйхати формаҳо ва модулҳои лоиҳаи ҷориро пешниҳод мекунад. Лоиҳа – ин маҷмӯи файлҳое, ки барои сохтани замима истифода бурда мешаванд.
- Оинаи хосият (Prorerties). Руйхати хосиятҳои ҷоришудаи форма ё элементҳои идоракунанда. Ин равзана барои тағирдиҳии хосияти объектҳои ҷудокардашуда, аз он ҷумла барои элементҳои идоракунӣ истифода мешавад. Дар зери мафхуми хосият ягон хусусияти объект, масалан, ном, ранг, намуди сарҳад ва ғ., фаҳмида мешавад.
- Дизайнери форма (Form Designer). Ин равзанае мебошад, ки барои таҳрири форма, яъне ба он илова ё хориҷкунии элементхои гуногуни идоракунӣ, хизмат мекунад. Ҳар як формаи кушодашуда, соҳиби дизайнери худ мебошад, ки дар муҳит одатан дар марказ ҷойгир мешавад.
- Оинаи макети форма (Form Layout). Ин оина имконият медихад, ки мавқеи форма дар экран ҳангоми ба кор андозии барнома, пешакӣ муайян карда шавад. Барои ин нишондихандаи мушро болои нишонаи формаи ин равзана оварда мешавад, сипас тугмаи чапи мушро пахш карда истода, формаро ба ҷои лозимии макети экран кашола додан лозим аст.
- Оинаи таҳрири матни барнома (Code). Оинаи мазкур барои тартиб ва таҳрири матни барнома, пешбинӣ шудааст. Кушодани оинаи коди объекти ихтиёрӣ бо пахши дукаратаи тугмачаи муш, дар болои ин объект амалӣ карда мешавад. Инро бо фармони View (Вид) ► Code низ иҷро кардан мумкин аст.
4. Марҳилаҳои коркарди барнома
Дар бисёр холатҳо сохтани замимаи оддитарин, навиштани коди барномавиро талаб мекунад. Протсесси сохтани Windows-замимаҳо аз якчанд мархилаҳо иборат мебошанд. Мо 5 марҳиларо ҷудо мекунем:
- Гузориши масъала – ҳалли фикрии он (аз рӯи имконият тартиб додани тасвири шифоҳии барнома, яъне барнома кадом амалро бояд иҷро намояд).
- Коркарди интерфейс – сохтани формаи замима бо мавҷудияти ҳамаи объектҳо ва хосиятҳои ин объектҳо.
- Барномасозӣ - муайянкунии он, ки кадом ходисаҳо дар вақти кори замима амалӣ мегарданд, тартиб додани алгоритмҳои протседура барои ин ходисаҳо ва навиштани барнома (коди барномавии ин протседураҳо).
- Созкунии барнома(отладка) – бартараф намудани хатогиҳои мантиқии протседураҳо, барои он, ки барнома дар муҳити балоиҳагирӣ қаноатбахш кор кунад.
- Компилятсияи натиҷавӣ - дар сурати будани зарурият сабт намудани лоиҳа ва сохтани замимаи иҷрошаванда.
Саволҳои санҷишӣ:
- Барои чӣ мухити Visual Basic-ро муҳити интегриронӣ меноманд?
- Коркарди барнома дар Visual Basic аз чанд марҳила иборат аст?
- Барномаи Visual Basic-ро чӣ тавр ба кор андохтан мумкин аст?
- Муҳити коркарди Visual Basic аз кадом элементҳо иборат аст?
...