Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Институтњо ва ташкилотњои иљтимої

Автор:   •  Ноябрь 10, 2022  •  Контрольная работа  •  2,632 Слов (11 Страниц)  •  125 Просмотры

Страница 1 из 11

[pic 1][pic 2]

Мавзӯи 7. Институтњо ва ташкилотњои иљтимої

Наќша:

1. Институтњои иљимої: мафњум ва намудњо        

2. Вазифањои институтњои иљтимої.        

3. Оила њамчун институти иљтимої        

4. Њуќуќ њамчун институти иљтимої        

Адабиёт:

  1. Бањромбеков В., Миров Ф. Асосњои сотсиология. - Душанбе: “Матбуот”, 2015.  
  2. Волков Ю. Е. Социология. — М.: «Дашков и К°», 2012.
  3. Гидденс Э. Социология. Перев. с англ. Изд. 2-е. -М.: Едиториал УРСС, 2005.
  4. Гулаҳмадов Ш.Н., Абдулвоҳидов С., Файзиев Б. Сотсиология. – Кулоб, 2011.
  5. Идиев Х., Гиёев Ќ., ва дигарон. Сотсиология. - Душанбе, 2003
  6. Лавриненко В.Н. Социология. Конспект лекций. - М.: Проспект, 2013.
  7. Массионис Д.Ж. Социология. - М., 2004.
  8. Осипов Г. Социология. Основы общей теории. Второе издание. - М.: Инфра-М, 2013.
  9. Социология для юристов: учебное пособие для студентов вузов, обучающихся по специальности "Юриспруденция".-М.: ЮНИТИ, 2015, 
  10. Чеснокова В. Ф. Язык социологии: Курс лекций. - М.: ОГИ, 2010.
  11. Штомпка П. Социология. - М., 2010.

Мафњумњои калидї:

“Институти иљтимої”, “институткунонї”, “меъёро”, “арзишњо”, “оила”, “ВАО”, “њуќуќ”, “маориф” ва ѓайрањо

 1. Институтњои иљимої: мафњум ва намудњо

Институтњои иљтимої ин он сутунњое њастанд, ки бинои љамъиятро нигоњ медоранд. Мафњуми “институт” ба забонњои аврупої он аз забони лотинї ворид шудааст: institѓtѓm - барпо (ташкил, муќаррар) кардан, бино кардан. Вобаста ба замон мафњуми институт ду маъноро ќабул кард – маънои мањдуди техникї (номи муассисањои илмї ва таълимї) ва маънои васеи иљтимої - маљмўи меъёрњои њуќуќ дар хусуси доираи муайяни муносибатњои иљтимої, масалан, институти никоњ, институти таълимот, институти давлат. Яке аз якуминњо шуда Торстейн Веблен дар хусуси институтњои иљтимої «Назарияи синфи бекорхўља» (1899) маълумот додааст.

Сотсиологњо ин мафњумро аз њуќуќшиносон ќабул карданд ва маънои онро таѓйир доданд. Вале, албатта маънои асосї - маљмўи меъёрњое, ки соњаи муайяни муносибатњои љамъиятиро танзим мекунад, боќї монд. Институти иҷтимої гуфта, шакли таърихан ташаккулёфтаи ташкили фаъолияти муштараки одамонро меноманд. Институти иҷтимої -ин маљмўи меъёрҳо, қоидањо, рамзњо, боварињо, арзишњо, наќшњо ва аломатњои танзимдароварандаи доираи мухталифи фаъолияти муштараки одамон буда, тавассути он талаботњои њаётан муњими одамон қонеъ гардонида мешаванд. Тавассути институтњои иљтимої алоќањо ва муносибатњои иљтимої ботартиб, бонизом, расмї ва стандартї гардонида мешаванд.

Чи хеле, ки маълум аст, њайвонот ба муњит ба воситаи инстинкт (майли табиї, одат, хислат, њис) мутобиќ мешавад. Инстинкт ба њайвонот имкон медињад барои вуљуд доштанаш мубориза баранд ва талаботњои муњими њаётии худро таъмин кунад. Одам ќариб њамаи инстинктњои худро гум кард, инстинктњои боќимонда дар муњити хатарнок ва таѓйирёбанда њаёт ба сар бурдан на он ќадар зиёд ёрдам мерасонанд. Наќши инстинктњоро дар љамъиятї инсонї институтњои иљтимої бозї мекунанд, ки натиљаи эволютсияи мадании њазорсолањо мебошанд. Онњо њам барои вуљуд доштан, бомуваффаќият зиндагї кардан ва мубориза бурдан ёрдам мерасонанд. Институти иљтимої фаъолияти муштараки одамонро ба роњ монда, таъиноти асосиашон қонеъ гардонидани талаботҳои моддї ва маънавии одамон мебошад. Масалан, институти иқтисодиёт ба истењсолот, мубодилот, истеъмол ва хизматрасонӣ машғул аст ё институти маориф барои аз як насл ба насли дигар интиќол додани мероси фарњангї хизмат мерасонад. Њоло дар илми сотсиология нишонањои зерини институтњои иљтимої номбар карда мешаванд:

...

Скачать:   txt (34 Kb)   pdf (194.5 Kb)   docx (25.8 Kb)  
Продолжить читать еще 10 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club