Лекции по "Психологии"
Автор: Ziyodaliyev Eraj • Январь 24, 2021 • Курс лекций • 2,554 Слов (11 Страниц) • 912 Просмотры
МАВЗУИ №1. ПРЕДМЕТ, ВАЗИФА ВА ПРИНСИПӼОИ ПСИХОЛОГИЯ.
1. Психология чиро меомӯзад? - Психология ӽаёти психикӣ, олами рӯҳии моро илми психология меомӯзад. Аз ӽамин лиӽоз, психология – илм дар бораи психика, қонунияти зоҳиршавӣ ва тараққиёти он мебошад.
2. Психика чист? - Психика мафхуми умуми мебошад, ки бисёр ходисахои субъективиро, ки психология хамчун фан меомузад, муттахид мекунад.Тахти мафхуми психика хамин хел ходисахое (субъективиро, ки психология хамчун) фахмида мешаванд, ки онхо хамин хел ходисахои хаёти ботинии шахсро инъикос мекунад. Психика хамчун зухуроти хаёти ботини ба хайвон низ хос аст.
3. Психика дар кадом шакл инъикос меёбад? - Мавҷудияти психика бо шаклҳои олии ҳаѐти органикӣ алоқаманд мебошад; зуҳуроти психика фақат ба одам ва ҳайвонот хос аст. Дар айни замон чӣ тавре, ки мушоҳидаҳо ва тадқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, психикаи ҳайвонот назар ба психикаи одам бештар содда ва элементарӣ мебошад.
4. Принсипӽои психология кадомӽоянд? -
1. Принсипи детерминизм.
2. Принсипи инкишофи психика дар фаъолият.
3. Принсипи ягонагии шуур ва фаъолият.
5. Вазифаӽои психология кадоманд? - Омӯхтан ва фаҳмидани ҳамаи ҳодисаҳои психикӣ, яъне ошкор намудани қонунияти объективие, ки асоси пайдоиш, ташаккул ва тараққиѐти онҳо мебошад, яке аз вазифаҳои муҳимтарини психология ба шумор меравад.
МАВЗУИ № 2. МОХИЯТИ МЕТОДХОИ ПСИХОЛОГИЯ.
1. Мохияти методхои тадқиқоти дар чист? - Аз рўи принсипхои назариявии психологияи материалисти ходисахои психикаро аз рўи чунин методхо меомўзанд: мушохида, озмоиш, тест (санчиш), анкета, сўхбат, омўзиши махсули фаъолият, сотсиометрия, тарчумаи хол.
2. Ба гурӯхи методхои асосии кадом методхо дохил мешаванд?- Ба методхои асоси мушохида ва худмушохидакуни, методи озмоиш (лабаратори, таббии), методи психологию педагоги (констативи, тасвири, ташаккулдиханда) дохил мешаванд.
3. Мохияти принсипи объективият дар чист? - Хубии (мохияти) ин принсип дар он аст, ки хамаи ходисахои психики аз рўи харакат, таѓйирѐби дида баромада мешавад. Онхо аз рўи сабабу ходисахои биологи, синнусоли, объективияти, шароитхои хаѐти ва фаъолияти одамон детерминистианд (сабабноканд).
4. Методи мушохида аз методи озмоиш бо кадом хусусиятхо фарқ мекунад? –
А) Методи мушохида – ҳамчун яке аз методхои асосӣ барои омӯхтани ҳаѐти психикии инсон дар психология ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Бо ѐрии методи мушохида протсессхои алоҳидаи психикиро меомўзанд, монанди: идрок, диққат, хотир, тафаккур, ирода, хаѐл.
Б) Методи озмоиш (эксперимент) – яке аз методхои мухими психологи мебошад. Дар методи мушохида мо гуфта будем, ки психолог ва ѐ педагог дар вақти мушохида ба ходисахои психики дахолат намекунад, яъне аз дур истода мушохидаро давом медихад. Вале хангоми гузаронидани озмоиш баръакс, педагог ѐ психолог ба протсессхои психики фаъолона дахолат карда, бо кадом сабаб чори шудани он протсессхоро муайян мекунад.
5. Намудхои тести психологиро номбар намоед.
1) Тест барои муайян намудани майлу хоҳиш ва лаѐқатмандии касбӣ.
2) Тест барои омўхтани сифатхои маънави-психологии шахсият.
3) Тест барои ошкор кардани қобилиятҳои одамон.
4) Тест барои муайян намудани қобилияти ақлӣ.
Дар методи тест ба ҳар ҷавоб: «ҳа» ѐ «не» хол муайян карда шудааст.
МАВЗУИ № 3. МАФЦУМИ ОДАМ, ФАРД, ШАХС ВА ФАРДИЯТ.
1. Фардият чиро ифода менамояд? - Шахсият дар фаъолияти инсон нақши муҳимро мебозад. Бе шахсият моҳияти ҳамаи корҳои инсонро тасаввур намудан ниҳоят душвор аст. Шахс мафҳумҳои худро дорад: индивид ва индивидуалнокӣ. Ба таркиби индивид тамоми давраҳои гуногуни синнусолӣ дохил мегарданд, яъне давраи навзодӣ, тифлӣ, кӯдакӣ, наврасӣ, ҷавонӣ, калонсолӣ, пиронсолӣ ва кӯҳансолӣ. Яъне кӯдак ҳамчун индивид ба дунѐ омада минбаъд ҳамчун шахс ташаккул меѐбад.
...