Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Муносибатҳои дипломатии Аморати Бухоро бо Руссия

Автор:   •  Февраль 19, 2019  •  Лекция  •  4,023 Слов (17 Страниц)  •  1,589 Просмотры

Страница 1 из 17

Муносибатҳои дипломатии Аморати Бухоро

Муносибатҳои  дипломатии Аморати Бухоро бо Руссия.

Бо Руссия муносибатҳои  дипломатӣ ва иқтисодӣ дар асри XVI омили тараккиёт барои Осиёи Миёна махсуб меёфт. Ин бештар аз хама дуввуми аср ки рафту омади сафирон байни Осиёи Миёна ва Руссия ранги доими гирифт.  Вобаста ба ин  бинобар навиштахои И.И Веселовский аввалин ташаббуси баркарории муносибатхо  аз тарафи Осиёи  Миёна огоз шудааст. Вале вобаста ба ин назария олимони зиёд натавонистанд хамфикр бошанд. Яке аз масьалаи муҳим ин буд, ки подшохи Руссия ба мамолики гуногун  мактубхо менавишт махсусан ба хони Бухоро ки у кушиш мекунад ахамияти байналхалкии Руссияро фахмонад, ки ӯ бозабони мехрубони дипломати ва мухаббатро иброз намудааст. Аз ин муомилаҳо бармеояд ки дар алохидаги Бухоро низ Руссияро яке аз  кищвархои пуркуваттарин ва подшохи онро бошад дар мукоиса ба хукуматдорон ва подшохони дигар мухимтар мехисобиданд.  Боз хамчунин Руссия барои Бухоро бозори тиҷориро мекушод. Бояд қайд намоем, ки сафирони фиристода ба осонӣ аз уҳдаи муроҷиат кардан вобаста ба равобити  аз ҳолатҳои махсус дар корҳои тиҷорат мебаромаданд. Махсусан грамотаҳои подшоҳони Руссия дар асри XVII фиристодан  оғоз мешавад. Албатта материалхоро доир ба ин замони сафоратхо аз Осиёи Миёна ба Руссияро ба мисли  Н.И.Веселовски, В.А. Уляновский, С.В.Жуковский  ҳамчунин дигарон сабт намудаанд. Онҳо ҳуҷатҳои  садсола яьне асрхои XVI- XVII-ро дар бар мегирад.  Масалан дар соли 1561  дар ҷавоб ба сафорати хони Урганҷ сафорати Иван  Грознов грамота бо сабти хубе барои мувакатан  мурочиатнамуда чун:” Ба шохи дустдоштаи  хамсархадамон  рохбари Осиё  Хочи Мухаммад”[1].        

Дар охири асри  XVI  чои аз  ҳама бошукӯҳ  дар қаср Грановитая палата  хисобида мешуд.  Ба ғайр  аз палатаи Грановити  сафирони Осиёи Миёнаро хамчунин дар  Золотой палата  ки деворхо бо навиштачоту нигоришхо оро дода шуда буданд. Дар  қафои вай  бошад  ошхона  мавҷуд буд, ки дар он одатан “курсиҳо барои сафирон“   гузошта шуда, ғайр аз ин дар қаср бо чунин ном мисли «Ответная»  ё « Посольский  приказ»  арзи ҳасти сафирон- ба суол ва дархостхои худ чавоб  мегирифтанд. Дар ин  палата хонаи махсуси  махфи ки зинапоя ва тирезаи махсус дошт вале бояд шарх дод, ки аз ин махфигох  шох метавонист мухокимаронии корхои  сафирро  бишунавад. Хамин хел “махфигох’’ ё “хонае ки назорат бурда мешуд” дар палатаи  Грановити сохта шуда буд,  ки доим расмиёти бошукухи сафир ва курсихои зиёфати –ро нишон медод. Аз ин махфигох ба воситаи тиреза подшох метавонист ба фарзандон нигох кунад чунки дар холатхои истисно вобаста ба этикети дипломатии  дар кабулгох хузур дошта наметавонистанд. Холатхое буданд, ки патриарх ва эпископхо и омада хонаи калони шохзода меомаданд.         Новобаста аз оне, ки палатаи калони қабул ки  подшох  сафиронро мепазируфт ҷои махсусеро дар дарбор касб мекунад дар деворҳояш модаҳои шохи ва тиллоии гаронбахо, матоьхои гуногун ва атласхои тиллои овез он буданд. Дар фарш бошад қолинхои форсӣ ва хиндуи  ва дарчои алохида болиштхои зарин мавчуд буданд. Дар палатаи “посбонхо”  бошад зарфхои тиллои ва нукраги ва дар тиреза бошад гох-гох соатхо овехта мешуданд. Кабули сафирон дар Москва махсусан дар охири асри XV  хангоми издивочи Ивани III бо София  Полеолог  тарзи   расмиёти одатхои византи макбул гардида ,бо расмият гуселонидани сафирон хатто хурдтарин масоили аньанахои дипломати ва хамчунин номбурдани подшох бо хамаи  унвонхо ва алохазрат буданаш, к ибо тарзи нави дипломатии подшохи  Руссия мепазируфт. Ба сафирон нишон медоданд ,ки онхо дар кучо карор дошта алохазратро  интизор бошанд баьди интизорихои зиёд ба сфирони хорич дар самти вохури руз ва вакте, ки  кай шох уро мепазирад муаян мегардид. Барои сафирон одатан чанахо равон менамуданд, ки то онхо нишаста ояндва ба сафир ахамияти хоссае зохир менамуданд. Хамаи ин коидаи маросим пешаки оид ба барномахои алохида тархрези карда мешуд. Дар  барнома чои хар як иштирокчии маросим аник, либосхои маросимиаш, аломатхои фарккунандааш,  хатто  рангхояшон, тарзи амал кардан ва   суханрони кардан дар назди сафир муаян карда мешуд. Робитахои Осиёи Миёна чи тичори ва чи иктисоду дипломатия дар гузашта чои махсусеро касб менамуд. Ин минтака аз даврахои кадим мавкеи гузаргохиро касб намуда буд чун корвонхо аз Осиёи Пеш ва Хитой ба Мугулистон мегузааштанд. Дар тулии 250 сол яьне аз соли 1550 то соли 1800 аз Бухоро ба Руссия 25 сафорат фиристода шуданд. Аз чониби Руссия бошад аз соли 1557 то соли 1800  ба Бухоро 14 сафорат равона шудааст. Дар он замон ба якдигар иньому хадяхои  кимматбахо  хусусияти равобити савдоиро тачлил менамуд. Оиди ин масьала муаррихони зиёде вобаста ба хуччатхо маьлумот медиханд. Аввалин сафорате, ки аз тарафи Абдуллохон аз Бухоро ба подшоҳи Москва Феодор Иванович фиристода шуд бо роҳбарии Ахмад Алӣ сурат  гирифтааст. Ин сафорат ба шаҳри Москва соли 1589 омада мерасад. Бо мақсади баркарор кардани муносибатхои судманд  байни харду кишвар  то инки боиси рушди тичорат ва иктисод гардад. Хамчунин хони Бухоро  ба воситаи сафири фиристодааш иньомхо мефиристад. Дар мурочиатномаи Муҳаммад  Алӣ омадааст:» Маро шоҳи Бухоро, алоҳазратам Абдуллохон бо назди шумо  подшохи бузург бо иньомхо фиристодааст…  ҳадяву иньомҳо бошад чодари ҳиндуӣ барои шумо олиҷаноб шохам фиристодаанд… митколи  сурх  дар дарунаш бошад алафҳои рангҳои гуногун…         Дар чодар бошад  сию ду бандҳои коғазин оро дода шудаанд… Ман ба шумо таазим мекунам подшохибузург яккатор иньому хадяхоро башумо мисли асбобхои пулодин, шамшери аз тилло сохта шуда, корди пулодин,  кордхои пулодини тиллои, чомхои гаронбахо, ва дигар иньомхои гуногунранги арзишмандро»[2] месупорам.\

...

Скачать:   txt (31.7 Kb)   pdf (292.2 Kb)   docx (1.1 Mb)  
Продолжить читать еще 16 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club