Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Лекция по "Научной организации труда"

Автор:   •  Декабрь 4, 2022  •  Лекция  •  51,182 Слов (205 Страниц)  •  159 Просмотры

Страница 1 из 205

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

[pic 1]

МАТНИ ЛЕКСИЯЊО АЗ ФАННИ «ТАШКИЛИ ИЛМИИ МЕЊНАТ»

    [pic 2]

Данғара – 2022

Муќаддима

       Мењнат категорияи иќтисодиест, ки бояд доиман мавриди омўзиш ва тањлилу тадќиќ дар сатњњои гуногуни истењсолоти љамъиятї ќарор  дошта бошад. Аслан, кулли масоили иќтисодї- иљтимоии љомеаро бояд аз диди мењнат њаллу фасл кард: чун кулли масоили љомеа хоњ- нохоњ бо масоили ташкили мењнат дар сатњњои гуногуни он ба таври ногусастанї  алоќманд мебошад. Агар таърихан бигирем, мавриди омўзиш ќарор гирифтани  мењнат, њамчун мафњуми илмї-фалсафї ва фаъолияти мењнатии инсон њамчун предмети тањлилу тадќиќ аз ќадимулайём ривољ доштааст. Шояд на њама муаллифон бо як услубу сабки хос ва истилоњоти умумї баёни маќсад менамуданд, вале моњиятан мавзўъ  доираи як масъаларо дар бар мегирифтааст. Инкишофи муносибатњои сармоядорї ва  пешрафту такомули илму тамаддуни инсонї ба ташаккулёбии илмњои алоњида бо вожаву истилоњоти хос мусоидат намуданд ва њамин тавр илм оиди мењнат низ дар таркиби илмњои иктисодї њамчун як шоњаи алоњида људо шуда монд.

         Алъон, бо назардошти он, ки иктисодиёти замони муосир нињоят гуногунљабњаву серпањлў шуда мондааст ва њамчунин бо назардошти он, ки илму техникаи имрўза ба таври њайратангез дар рушду инкишоф аст ва воситаи истењсолоту мењнат низ рўз ба рўз дар таѓайюру ивазшавианд ва аз тарафи дигар раќобати соат ба соат тезу тундшаванда имкон намедињад, ки шаклу низомњои ташкили мењнат доимиву таѓирнопазир бошанд, албатта, омўзишу тадќиќи масоили ба мењнат дахлдор ањамияти нав ба нав касб менамоянд. Мутаассифона, дар љумњурии мо бо вуљуди љой доштани таќозои шадид аз љониби доираи васеи алоќамандон, хоса донишљўёни факултањои иќтисодї, оиди баъзе ќисматњои алоњидаи ин илм, аз ќабили ташкили илмии мењнат, бозори мењнат, ташкили музди мењнат, њифзи иљтимоии ањолї ва ѓайра нигоштањои  олимони ватанї аз ќабили доктори илмњои иќтисодї, профессор Нурмањмадов М, устоди марњум, номзади илмњои иќтисодї, дотсент Каноатов М, доктори илмњои иќтисодї Љабборов  А, доктори илмњои иќтисодї, дотсент Ќодиров Д ва ѓайра хело зиёд аст. Хоса нигоштањои  профессор Нурмањмадов М дар ин самт на танњо дар дохил, балки берун аз љумњурї низ борњо чоп шудаву аз арзишу ањамияти бузурги илмї- тадќиќотї бархурдор мебошад. Вале нигоштањои эшон, чунон гуфтем, пеш аз њама дар доираи як ё якчанд ќисмати алоњидаи илми иќтисоди мењнат бањс мекунад ва аз тарафи дигар бештар характери илмї- тадќиќотї дорад, ки ин истифодаи асарњои мазкурро ба сифати воситаи таълимї душвортар мегардонад.

         Айни њол дар адабиётњои иќтисодї ду равияи баррасии масоили Иќтисодиёти мењнат мушоњида мешавад: як гуруњ олимон мекўшанд, ки масоили иќтисодиёти мењнатро дар алоњидагї аз иљтимоиёти мењнат баррасї намоянд. Инон интихоби худро бо гуногун будани предметњои тадќиќоти иќтисодиёти мењнат ва иљтимоиёти мењнат асоснок менамоянд. Предмети иќтисодиёти мењнат ин мењнат дар шакли муайяни таърихиаш- ташкили љамъияти мењнат мебошад.  Ташаккули илмии мењнат ба ќатори илмњои мушаххас дохил мешавад, ки фаъолияти мењнатии инсон ва роњњои баландбардории самаранокии  онро меомўзад. Предмети иљтимоиёти мењнат бошад, таркиб ва механизми муносибатњои иљтимої- мењнатї ва масоили иљтимої дар соњаи мењнат ба њисоб меравад. Шубња нест, ки илми иќтисодиёти мењнат ва иљтимоиёти мењнат бо њам алоќамандии ногусастанї доранд, якдигарро пурратар менамоянд ва танњо дар якљоягї метавонанд оиди наќш ва ањамияти  мењнат дар њаёти инсон ва љомеъа тасаввурот ба амал оваранд. Аз ин рў, дар алоњидагї баррасї намудани масоили зикршуда сирф характери шартї дошта, танњо бо маќсади осону соддатар шудани тарзи баён ва мафоњими зикршаванда интихоб карда мешавад. Гурўњи дуюм, ки масоили Иќтисодиёти мењнатро дар алоќамандии органикї баррасї менамоянд, интихоби худро дар аниќият ва мушаххас ифода шудани хулосабарорињои илмї њангоми интихоби равияи мазкур асоснок менамоянд. Албатта, барои хонандаи огоњ интихоби равияи дуввум ба маќсад мувофиќтар аст. Вале мо равияи якумро интихоб намудем, зеро аз як тараф, чуноне ки гуфтем,  кўшиши таълифи воситаи таълимї дар ин бахш то ин дам дар љумњурии мо собиќа надоштааст ва мафњуму истилоњоти фан барои њамагон ошно нестанд, аз тарафи дигар тамоюли инкишофи муносибатњои ичтимої – мењнатї дар љумњурии мо аз тарафи олимони соња пурра омўхта нашудааст ва оиди зуњуротњои алоњидаи он хулосањои илман асоснокшуда дастрас нест. Хосса шаклу механизмњои нави ташкил ва идоракунии мењнат, ки гузариш ба иќтисоди бозорї ба миён овардааст ва њанўз љараёни ташаккулёбиашон идома дорад, ба омўзиш ва тадќиќи амиќ эњтиёљ доранд, ки танњо дар асоси истифодаву тањлилии маълумотњои он метавон ба  баровардани хулосањои мушаххас оиди бартарияту камбудињои иктисодї- иљтимоии   ин ё он шаклу механизми ташкил ва идоракунии мењнат  љуръат намуд.

...

Скачать:   txt (507.7 Kb)   docx (1.6 Mb)  
Продолжить читать еще 204 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club