Маълумоти умумї дар бораи фанни информатика
Автор: Sohibjon Mahmanazarov • Март 26, 2019 • Лекция • 1,655 Слов (7 Страниц) • 7,921 Просмотры
Мавзўи 1. Маълумоти умумї дар бораи фанни информатика
Наќшаи дарс:
1. Таърихи тараќќиёти информатика.
- Мафњум ва хосиятњои информатсия.
- Системањои њисобї.
Адабиёт
1. Куртаков Ќ.Ш., Наврўзов С.Т. Асосњои информатика ва программасозї дар забони Бейсик – MSX . Васоити таълимї – Душанбе, 1993, 185 с.
2. Информатика. Базовый курс. Учебник для вузов. Под.ред.
Симоновича С.В., Питер 2000г, с.32-92.
3. Ф.С. Комилов., Ш.М. Тоиров Информатика-Душанбе, 2002-171с.
4. Острейковский В.А. Информатика, М, 1999.
5. Фигурнов В.Э. - IBM РС для пользователей. Информатика - М, 1999.
1. Таърихи тараќќиёти информатика
Информатика илмест, ки љињатњои љамъ овардан, нигоњ доштан, коркард ва интиќол додани информатсия ба воситаи компютерро меомўзонад. Информатика дар нимањои асри гузашта, ваќте ба ривољ ёфтан оѓоз намуд, ки таљњизоти махсус – компютерҳои дорои имкониятњои дар хотир нигоњ доштан ва табдил додани информатсияро дошта ихтироъ карда шуд, ки дар асоси онњо инќилоби компютерї ба амал омад.
Пайдо шудани компютерњо (мошинҳои ҳисоббарор) дар солҳои 50-уми асри гузашта, ба тараќќиёти информатика замина гузошт, ки барои дар хотир нигоҳ доштан ва коркарди информатсия шароит фароҳам овард. Аммо одамон то замони пайдо шудани компютерҳо ҳам ба информатсия сару кор доштанд. Аз замони «абакҳо»-и ќадим, ки то замони мо дар шакли чутҳои идораҳо маъмулу машњур буданд, асбобњои гуногуни њисобкунї барои коркарди информатсияи ададї сохта мешуданд. Асбобњои механикї ба монанди арифмометрҳо, мошинҳои тугмадори хисобии барќї, техникаи ҳисоббарорию таҳлилї ва дигар таљњизотҳо барои иљро кардани вазифаҳое пешбинї мешуданд, ки татбиќи онњо минбаъд дар компютерҳо пурра ҳалли худро ёфтаанд.
Ба ѓайр аз информатсияи ададї дар мадди назари мутахассисон ҳамеша информатсияи матни (рамзї) ҳам мављуд буд, ки ба мо дар шакли матнҳо бо забони муќаррарї, ҳисоботҳо дар бораи корҳои анљомдодашуда, маълумотномаҳои муассисаҳо, мактубҳо ва ѓайра маълуманд.
Компютер љараёни нигоҳ доштан ва коркарди информатсияи ададї ва информатсияи матниро дар худ таљассум намуд. Маҳз бо ҳамин сабаб пайдоиши компютер оѓози пайдоиши илми нав гардид.
Предмети илми информатика
Ҳар як илм предмети омўзиши худро дорад. Дар физика ҳодисаҳои табиат, дар фалсафа – ќонунҳои умумии тараќќиёти табиат ва љомеа омўхта мешавад. Информатика ҳам предмети худро дорад ва он информатсия ном дорад.
Информатсия – мафҳуми фундаменталї мебошад, аз ин рў пурра муайян кардани он ба воситаи мафҳумҳои нисбатан оддї ѓайриимкон аст. Ҳар як тафсири муайянкунии информатсия дорои ягон љиҳати номукаммалї мебошад.
Ба таври оддї информатсия маљмўъи маълумот ва донишҳоест, ки мо аз он истифода мебарем.
Ба маънои васеъаш информатсия инъикоси олами воќеї буда, дар шакли ишораҳо ва нишонањо ифода меёбад. Ишораҳо хусусиятҳои физикии протсессҳо ва объектҳоро инъикос менамоянд.
Ниҳоят, предмети информатика - информатсия мебошад.
...