Маълумоти умумӣ дар бораи масолеҳҳои конструксионӣ
Автор: asadabdullo • Май 9, 2022 • Лекция • 1,934 Слов (8 Страниц) • 275 Просмотры
Лексияи 1
Маълумоти умумӣ дар бораи масолеҳҳои конструксионӣ
Асосан дар таҷриба ва амал, нақлиёт яке аз мавқеъҳои асосӣ дар рузгор, тараққиёти саноат, рушди иқтисодӣ ва робитаҳои байни шаҳрвандии минтақаҳои гуногунро дар ҳар як мамлакат ишғол менамояд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки бе тараққии нақлиёт дурнамои рушд номумкин мебошад. Дар ҳолати гуногуни робита нақлиётҳои гуногунро истифода менамоянд. Масалан дар аксар малакатҳо роҳҳои обӣ хело ҳам рушд ёфтаанд. Дар мамлакатҳои дигар роҳҳои оҳан ва ҳавоӣ хуб ташаккул ёфтаанд. Дар мамлакатҳое, ки асосан мавқеъи ҷойгиршавиашон дар шароити куҳӣ мебошанд, роҳҳои автомобилгард бисёртар зарурат пайдо мекунанд, аммо бо истифода аз нақлиётҳои автомобилӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ кашонидани борҳо ва мусофирон ба минтақаҳои нисбатан дурдаст наонқадар мувофиқ аст. Аз ҳамин сабаб дар ҷумҳурии мо дар баробари роҳҳои автомобилгард дурнамои рушди сохтмони роҳҳои оҳан низ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз айни ҳол роҳҳои нав ба нави нақлиётӣ сохта шудаанд, ба монанди Роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон – Вилояти Хатлон, инчунин роҳҳои мавҷудбуда азнав таъмиру таҷдид карда истодаанд. Чӣ хеле, ки маълум аст пеш аз сохтмони роҳ онро лоиҳагирӣ менамоянд, корҳои кофтуковӣ-ҷустуҷуӣ мегузаронанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ онро барои сохтмон вобаста менамоянд. Асосан роҳ иншооти хело ҳам мураккаб буда, аз элементҳои гуногун (ҷодаи роҳ, қабати балластӣ, хати роҳ, зерконструксияи он) ва иншоотҳои муҳандисӣ (купрук, нақб, такядеворҳо ва ғайра) иборат мебошад. Ҳар яки ин иншоотҳои номбар шуда аз як мавод ё маводҳои гуногун иборат мебошанд. Масалан, релс аз филиз, ки бо элементҳои дигари металлӣ лигеронида шудааст, иборат мебошад ва шпалаи чубин аз чуб сохта шуда, ки бо маводҳои органикӣ ҷабонида шудааст иборат мебошад. Шпалаи оҳану бетонӣ- бо истифода аз маводи сементабетонӣ ва маводи филизӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар навбати худ чӣ хеле, ки маълум аст бетон ин яке аз масолеҳҳои мураккаб буда, аз маводҳои гуногун иборат мебошад. Аз ҳамин сабаб омухтани сохт, таркиб ва устуворӣ онҳо хело ҳам зарур мебошад.
Технологияи масолеҳи конструксионӣ
Ҳангоми ба лоиҳагирии иншоотҳои гуногун ё ин ки ҷузъиётҳои нақлиёти бояд маводро дуруст интихоб кунем, технологияи истеҳсоли онро тавре ба роҳ монем, ки ҳангоми истифодабарӣ устувории онро таъмин намояд. Чи хеле,ки маълум аст новобаста аз соҳа ба монанди воситаҳои нақлиётӣ, сохтмони нақлиётӣ ёсохтмонҳои шаҳрвандию саноатӣ аз конструксияҳои гуногун иборат буда, ва ба онҳо қувваҳои гуногун ҳангоми истифодабарӣ таъсир мерасонанд. Масалан, қатора ё автомобил ҳангоми аз болои купрук гузаштан ба он таъсир мерасонанд, ё ин ки оҳангар барои обу тоб додани оҳан ба он зарба мезанад. Аз ин ҷо савол ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе масолеҳҳо аз таъсири ин қувваҳо вайрон мешаванд ва дигари онҳо боқӣ мемонанд. Асосан ин хосиятро дефформатсия (шаклдигаршавӣ) баҳо медиҳад. Дефформатсия мумкин аст баргарданда (чандирӣ) бошад, ҳангоми гирифтани қувва ба ҳолати аввала бармегардад, барнагарданда (боқимонда)-(пластикӣ) ҳангоми гирифтани қувва ба ҳолати аввала бар намегардад. Аз ҳамин сабаб ҳангоми конструкиронӣ ин ҳолатҳоро ба инобат мегирад, масалан, ҳангоми истифодаи маводҳои сементобетон дар дохили онҳо филиз мегузоранд, ки чандирияти онҳоро таъмин намояд, чун ки худи бетон нисбат ба қувваҳои дар ҳолати қатъшаванда таъсиркунанда хосияти чарсӣ дошта, хуб кор намекунад. Маводҳои филизӣ бошад, нисбатан хосияти хуби чандирӣ доранд. Аз ҳамин сабаб дар конструксияҳои сементобетонӣ масолеҳҳои филизиро ба шакли арматура истифода менамоянд. Дар ин ҷо бояд сементро тавре интихоб намоем, ки хосияти часпакиаш ба маводҳои филизӣ хубтар бошад.
Хосияти конструксияҳо ва санҷиши механикии онҳо
Хосияти конструксияҳоро чунин шарҳ медиҳанд: физикавӣ, химиявӣ, механикӣ, технологӣ. Асосан дар ин қисм мо ба хосияти механикии конструксияҳо диққат медиҳем.
Онҳо асосан хосиятҳои асосии маснуот ба ҳисоб мераванд, ки онҳоро дар шароити итеҳсолот дар озмоишгоҳҳо меомузанд. Ин хосиятҳо қобилияти ҷисмро нисбат ба таъсири қувваҳои таъсиркунандаи берунӣ ба монанди мустаҳкамӣ, чандирӣ, пластикӣ, часпиш, чарсӣ, хурдашавӣ ва сахтӣ шарҳ ва муайян менамоянд.
Мустаҳкамӣ – қобилияти муқовимати масолеҳ нисбат ба таъсири қувваҳои деформат-сиякунанда ё вайронкунандаи беруна мебошад. Дар амал чӣ қадар мустаҳкамии ва сифати маснуот баланд бошад, ҳангоми истифода хароҷотҳо нисбати ҳаҷми он камтар мешавад. Чун, ки аз ҳисоби баланд будани мустаҳкамӣ яке аз андозаҳои маснуоти истифодашаванда хурдтар интихоб карда мешавад, ки ин нисбатан хароҷоти маводҳои таркиби конструксияро кам менамояд. Ба ғайр аз ин бояд шароити ҷойи истифодаи маснуот, мустаҳкамии конструксионии он ҳангоми истифодабарӣ, фақат аз намуди мавод (қувваи бо ҳам таъсиркунии дохила) вобаста набуда, балки аз намуди ҳолати шиддатнокии муҳит, суръати тағйирёбии ҳарорат ва бузургии қувва (F) вобастагӣ дорад. Дар аксари ҳолатҳо баробари зиёд шудани мустаҳкамӣ, инчунин бузургиҳои дигар низ, ба мисоли чарсӣ зиёд мешаванд. Хосияти асосии истифодабарии мавод ин мустаҳкамии нисбии у мебошад, ки он нисбати мутаҳкамии маводро бар зичиаш мифода менамояд. Масалан, агар ба хосияти металҳои алюминий ва титан назар афканем бевосита дар нисбатан паст будани мустаҳкамии онҳо зиччиашон нисбатан баланд мебошад. Аз ҳамин сабаб онҳоро барои истеҳсоли ҳавопаймоҳо ва ноқилҳои барандаи қувваи барқ истифода менамоянд.
...