Проблемагузорй дар нашрияи "Чумхурият"
Автор: mahmud1996 • Февраль 20, 2023 • Курсовая работа • 20,407 Слов (82 Страниц) • 190 Просмотры
ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ФАКУЛТЕТИ ЖУРНАЛИСТИКА
КАФЕДРАИ ЖУРНАЛИСТИКАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
ПРОБЛЕМАГУЗОРӢ ДАР НАШРИЯИ “ҶУМҲУРИЯТ”
(ДАР МИСОЛИ ЖАНРҲОИ ТАҲЛИЛӢ)
Кори хатми магистри курси 2-юми
ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ
Қодирова Меҳрангез
Роҳбар: дотсент Гулов С.
Ба муҳокима дар ҷаласаи кафедра тавсия мешавад.
Роҳбар дотсент Гулов С.
Дар ҷаласаи кафедра (суратҷаласаи №____, аз_______________) муҳокима ва барои ҳимоя дар КАД тавсия мешавад. Ба ҳайси муқарриз __________________________________________ пешниҳод гардид.
Мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ,
дотсент / / А. Қутбиддинов
ДУШАНБЕ – 2019
МУНДАРИҶА
МУҚАДДИМА .......................................................................................... 3
БОБИ I.
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИЗОМИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ДУҶОНИБА..................... 9
БОБИ II.
ИНЪИКОСИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР РӮЗНОМАИ “ҶУМҲУРИЯТ” ...................................................................................................................... 42
ХУЛОСА ..................................................................................................... 77
АДАБИЁТ................................................................................................... 81
МУҚАДДИМА
Воситаҳои ахбори омма дар замони муосир ба дастгоҳи пуриқтидоре табдил ёфтанд, ки барои ноил шудан ба аҳдофи сиёсӣ, пиёдасозии сиёсати дохилию хориҷӣ хидмат мерасонанд.
Бо пеш рафтани ҷомеа журналистика низ дар шакли наву тоза намо карда, рӯз ба рӯз доираи фаъолияташ васеъ мегардад. Вижагии васоити ахбори оммаи муосир аст, ки аз баррасии проблемаҳои хурди ҷомеа баромада, ба инъикоси масъалаҳои мубрами минтақавиву байналмилалӣ мепайвандад. Ва ба раванди идораи давлат, гурӯҳҳои иҷтимоӣ дахл карда, муҳимтарин рӯйдодҳоро меомӯзад, таҳлил мекунад, мухотабро ба ақидаи худ моил кардан мехоҳад.
Ба ибораи дигар метавон гуфт, ки журналист вобаста ба вазифае, ки бар дӯш дорад, таърихи замонро меофарад. Журналистика бо воқеаи имрӯза кор мегирад ва бо тарғиби ақидаи пешқадам, баёни ҳақиқати имрӯзу зикри дирӯз, фардоро пешгӯӣ менамояд. Чуноне муҳаққиқони соҳа иброз медоранд: “Бидуни муболиға, ба ҷуз журналистика ягон намуди фаъолияти дигари инсон барои амалӣ гардидани орзую омол, қонеъ гардондани ҳисси кунҷковии табиӣ, талаботи донистани олам ва шинохтан инсон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи олам чунин имконият фароҳам оварда наметавонад”[1]. Ҳамин аст, ки тақозо мешавад то журналист чашми ҳамабин дошта бошаду воқеаҳоро пеш аз ҳама дарк кунад ва он чизеро, ки дигарон дида наметавонанд, бинад ва барои дарки ҳақиқат ба омма кӯмак намояд.
Бояд гуфт, ки ҳоло мамлакатҳои мутараққӣ талош бар он доранд, то журналистикаи соҳавиро рушд бахшанд. Вижагии ин журналистон дар он ифода меёбад, ки мавзӯи матраҳшавандаро на сарсарӣ, балки жарфтар таҳлил менамоянду дар баробари коршиносони соҳа нуқтаи назари худро доранд. Омӯзиши пайвастаи соҳа имконият медиҳад, ки умқи масъала кушода ва муҳимтарин ҷузъиёт баррасӣ гарданд. Аз ин рӯ, муҳаққиқон журналистони соҳавиро ба равияҳо ҷудо намудаанду дар муассисаҳои кадромодакунанда вобаста ба он қаламкашони оянда тайёр мешаванд.
Журналистикаи сиёсӣ яке аз бахшҳои фарохи соҳаи журналистика буда, предмети инъикоси он метавонад ҳамаи соҳаҳои ҳаёт: аз илм то варзишу авзои байналмилалӣ бошад.
Журналистика ҳамеша майл ба сиёсат дошту ҳоло дар шаклҳои нав ин робита зуҳур мекунад. Дар ин росто, журналистикаи тоҷик низ дар зарфи қариб 110 соли мавҷудияташ рисолаташро иҷро намуда истода, ба мактабе табдил ёфт, ки дастпарваронаш барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша дар сафи пеш қарор доштанд. Аз ҷумла, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки аввалин шуморааш бо номи “Иди тоҷик” 15-уми марти соли 1925 ба нашр шуда, аз шумораи дувум бо номи “Бедории тоҷик” ба табъ расид, минбаре буд барои бедории сиёсию худшиносии миллӣ. “Баъдҳо низ рӯзнома тағйири ному алифбо кард, аммо мақсуд ва ҳадаф ҳамон буд: пойдории миллату давлат, муаррифии дурусту бештару беҳтари он дар арсаи ҷаҳон, боло бурдани сатҳи маърифат ва ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ. Имрӯз низ ҳамон рисолатро дорад, ки дар оғози таъсисёбиаш ва баъдҳо дошт”[2].
...