Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Сулҳ асоси зиндагӣ

Автор:   •  Июль 16, 2018  •  Реферат  •  418 Слов (2 Страниц)  •  1,020 Просмотры

Страница 1 из 2

2 Сулҳ асоси зиндагӣ

Сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ , хушбахтиву шодкомиҳо буда , ба туфайли он одамон бо хотири ҷамъ баҳри ояндаи дурахшон , баҳри ободии диёру хонадони худ меҳнат мерунанд .Сулҳ шоистатарин неъмати рӯйи замин аст .Бале мехостам дар бобати ин мавзӯъ фикру андешаҳоямро баён намоям .Сулҳ ва ҳаёт аз ҳам ҷудонашавандаанд , зеро агар сулҳу амонӣ бошад , он гоҳ шукуфоии дарахтон , болафшонии кабӯтарон , тулӯи офтоби зарринбол , нигоҳи гарми модарону хандаи беғаши кӯдакон ба назари кас таровиши зебое пайдо мекунанд . Хоби ором , хандаи кӯдакон , ҳузуру ҳаловати модарон , амалишавии орзуву ормони одамон ҳама аз сулҳу амонӣ бар меояд.Дар ситоиши сулҳ Қаҳрамони Тоҷикистон , мунодии сулҳ,устод Мирзо Турсунзода менависанд:

Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст ,

Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст .

Дар суруди аллаву бедор чашми модарон ,

Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон .

Таърих гувоҳ аст , ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофарии худ шуҳратёр гардид .Маҳз бо кӯшишу эҳтимоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат пойдор гардид . Эмомалӣ Раҳмон меъмори ваҳдат , сулҳ ва зиндагии осудаҳолона гардид . Президенти ҷавон гурезаҳоро ба Ватан баргардонд , манзилҳояшон , зиндагияшонро обод гардонд ,ватан ва халқи тоҷикро аз фитнаю хунрезиҳо наҷот бахшид , миллати тоҷикро аз хоби ғафлат бедор карда ба роҳи рост ҳидоят кард .Ду гурӯҳи мухолифро тавонист дар муддати кӯтоҳ ошти диҳад .Ду тан, ки бо ҳам омад , ғазаб аз байн рафту миёни онҳо дарахти сулҳ реша ронд .Аз ин рӯ барои миллати тоҷик санаи 27-уми июн санаи муқаддас – Рӯзи Ваҳдати миллӣ аст .

...

Скачать:   txt (4.6 Kb)   pdf (185.4 Kb)   docx (297 Kb)  
Продолжить читать еще 1 страницу »
Доступно только на Essays.club