Ширкатхои байналхалки дар хочагии чахони
Автор: Buffon_98 • Сентябрь 10, 2020 • Лекция • 1,405 Слов (6 Страниц) • 997 Просмотры
Мавзуи 8. Ширкатхои байналхалки дар хочагии чахони
1.Намудхои ширкатхои байналхалки ва хусусиятхои фарккунандаи он.
2.Хусусиятхои асосии идоракуни ва сиёсати иктисодии ШФМ.
3.Мавкеи ШФМ дар робитахои чахони.
4.Иштироки сармояи ШФМ дар иктисодиёти ЧТ, гуруххои молиявию саноати (ФПГ) ва дурнамои онхо.
1.Намудхои ширкатхои байналхалки ва хусусиятхои фарккунандаи он.Тагйирот дар характер ва самти харакати сармояи (инвеститсияи) байналхалки, натичаи бевосита тавонотар шудани фаъолияти ширкатхои бисёрмиллати мебошад. Дар интихои асри XX дар чахон 40 хазор ширкатхои бисёрмиллати дар мукобили 7 хазори соли 1970-ум амал мекард. Онхо наздик 250 хазор корхонахои фаръии дар хамаи кисмхои олам пахншударо назорат менамуданд. Аз руи маълумоти журнали америкоии "Форчун", фаъолияти ширкатхои бисермиллати асосан дар чунин сохахо ба монанди электроника, истихроч ва коркарди нафт, химия, автомобилсози чамъ омада, кисми асосии онхо дар ШМА, мамлакатхои ИЕ ва Япония чойгир карда шудаанд.
Пайдоиши муассисахои истехсолии байналхалки натичаи конунияти таквияти диалектикии таксимоти мехнат ва кооператсияи истехсолот мебошад. Иштироки корхонахо дар таксимоти мехнат ба махсусгардонии онхо меоварад, ки боиси афзоиши тамаркузи истехсолот ва сармоя, яъне зиёдшавии микёси худи корхона мегардад.
Омори СММ дар ибтидо ба сифати корпоратсияи байналхалки факат ширкати калони на камтар аз 100 млн. долл. гардиши солона доштаро барраси мекард, ки дар навбати худ дар на камтар аз шаш ва зиёда аз он дар мамлакати дунё филиалхо ва ширкатхои фаръи дорад. Холо ба нишондихандахое, ки макоми (статуси) байналхалкии ширкатро тавсиф медиханд, хачми фуруши ширкат илова шудаааст, ки берун аз мамлакати чойгиршудаи худ, инчунин хиссаи дороихои (активхои) хоричи дар сохтори умумии дороихо (активхо) ба амал бароварда мешавад.
Се гурухи корпоратсияхои байналхалки вучуд дорад.
1. Гурухи якум - ин корпоратсияхои фаромиллати (КФМ) мебошанд, ки онхо ширкатхои бузурги дар заминаи бартарияти сармояи сахомии милли баркароргаштаро ташкил мекунанд ва, мувофикан, назоратро аз болои фаъолияти корпоратсия дар ихтиёри худ мегиранд. Онхо фаъолияти пуравчи худро дар мамлакатхои дигар ба воситаи дар каламрави онхо ташкил кардани филиалхо ва ширкатхои фаръи ба рох мемонанд, ки дар навбати худ инхо хадамоти мустакили истехсол ва фуруши махсулот, хамчунин марказхои илмию тадкикоти доранд. Мисоли чунин корпоратсияхои байналхалки ширкатхои америкоии "Ченерал моторс", "Форд", "ИБМ (IBM)", "Экссон", консерни швейсарии хуроквори "Нестле" ва гайра мебошанд.
2. Гурухи дуюм - ин корпоратсияхои бисёрмиллатие (КБМ) мебошанд, ки аз иттиходияхои бузурги истехсоли иборатанд, ки ва на факат аз руи доираи фаъолияташон ширкатхои байналхалки мебошанд, инчунин аз лихози назорат кардан аз болои онхо низ. КБМ ширкатхои миллии ду ва зиёда аз он мамлакатхоро дар заминаи истехсоли ва илмию техники муттахид менамояд, ки ба моликони ин мамлакатхо тааллук дорад. Мисоли хоси корпоратсияи бисёрмиллати консерни англисию голландии кимёву технологии "Юнилевер", консерни англисию голландии "Ройял Датч Шелл", консерни англисию италиёвии резинотехникии "Данлоп-Пирелли", консерни италиёву фаронсавии автомобилии "Фиат-Ситроен" ва гайра мебошанд.
3. Гурухи сеюм - ин иттифокхои байналхалкии корпоративи мебошанд, ки одатан дар шакли ташкилии консернхо ифода меёбанд ва хамчун иттиходияхои махсуси саноати, бонки ва дигар консернхои мамлакатхои гуногун барои халли масъалахои калони иктисоди ташкил мешаванд. Мисоли классикии чунин намуди иттифоки байналхалкии консернхо консорсиуми Европаи Гарби "Эрбас индастри", ЭБИК (Ширкати байналхалкии бонкхои европои) аз тарафи бонкхои шаш мамлакати асосии европои созмон дода шудааст, АБЕКОР (Бонкхои муттахидшудаи Европа), ки ба он бонкхои хафт мамлакатхои европои гарби шомиланд ва гайра мебошад.
...