Нишондињандањои бозори ќарзии Љумњурии Тољикистондар
Автор: Marupova • Июнь 14, 2019 • Статья • 2,465 Слов (10 Страниц) • 432 Просмотры
ТАЊЛИЛИ НИШОНДИЊАНДАЊОИ МУОСИРИ БОЗОРИ ЌАРЗИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА БАЊОДИЊИИ ОМИЛЊОИ БА НИЗОМИ ИЌТИСОДЇ ТАЪСИРРАСОН
Марупова Нигора Шоназаровна
ассистенти кафедраи фаъолияти бонкї, ДДТТ
Шањри мухтасар: маќсад аз навиштани ин маќола тањлил намудани вазъи муосири бозори ќардињии Љумњурии Тољикистон ва муайян кардани мушкилот дар самти нигоњдории сифати сандуќи ќарзї ва имконияти зиёд кардани ќарздињї, мебошад.
Вожањои калидї: бозори ќарзї, рушди иќтисодиёт, ташкилотњои ќарзї, фаъолияти бонкї, сандуќи ќарзї, омил, низоми бонкї.
Рушди устувори бозори ќарзї боиси рушди тамоми иќтисодиёт њоњад гашт, чунки дар њолати зиёд шудани маблаѓгузорї ба соњањои хољагии халќ он боиси рушди фаъолияти соњибкории хурду миёна мегардад. Рушди фаъолияти соњибкорї боиси пайдо шудани љойњои нави корї мегардад. Дар баробари ин даромадњои буљаи давлатї низ дар асоси супоридани андоз аз тарафи соњибкорон ѓанї хоњад гашт, ки ин имкон медињад, лоињањои аҳамияти стратегӣ дошта, маблағгузорї карда шаванд. Дар маљмўъ њамаи ин боиси зиёдшавии маљмўи мањсулоти дохилї ва бењшавии шароити зиндагонии ањолї хоњад гашт. Аз ин лињоз шароит фароњам овардан барои рушди бозори ќарзї яке аз ќисмњои муњими сиёсати пулию ќарзии давлат ба њисоб меравад [3]. Доир ба вазъи бозори ќарзї дар Љумњурии Тољикистон нишондињандањои љадвали 1 маълумот медињанд.
Љадвали 1- Нишондињандањои бозори ќарзии Љумњурии Тољикистондар солњои 2013-2018
Нишондињандањо 2013 2014 2015 2016 2017 2018
Шумораи ташкилотњои ќарзї (бонкҳо) 137
(16) 138
(17) 138
(17) 104
(18) 84
(17) 79
(17)
Дороињои бонкњо ва ташкилотњои молиявии ѓайрибонкї, млн. сомонї 12653 14854 17250 21187 20 932 21 201
Ќарзњои додашуда, млн. сомонї 6 511 9 661 9 546 8 000 8 507 8 677
Сарчашма: Бюллетени омори бонкї Декабр 2018 (281) , сањ. 74.
Чи тавре ки маълумотњои љадвали 1 нишон медињанд, пайи се соли охир теъдоди умумии ташкилотњои ќарзї дар љумњурї кам шуда истодааст. Ин маънои онро дорад, ки ташкилотњои хурди ќарзї баъзан ба раќобат тоб оварда наметавонанд ва ё меърњои муќарраркардаи бонки марказиро иљро карда наметавонанд ва маљбур њастанд, ки худро муфлис эълон кунанд ва ё бо дигар ташкилотњои ќарзї якљоя шаванд. Алалхусус дар давраи бўњронї раванди њамљояшавии ташкилотњои хурди ќарзї бештар мегардад. Аз ин лињоз аз эътимол дур нест, ки дар соли 2019 низ шумораи умумии ташкилотњои ќарзї кам шаванд, яъне баъзеи онњо бо њам мепайванданд, то ин ки таъсири бўњрони иќтисодї ба онњо камтар гардад ва ба раќобат тобовар гарданд.
Аммо нигоњ накарда ба кам шудани шумораи умумии ташкилотњои ќарзї сол то сол шумораи бонкњои тиљоратї афзуда истодааст. Соли 2013-ум дар љумњурї њамагї 16 бонки тиљоратї фаъолият мекард, соли 2018 бошад шумораи онњо ба 17 адад расидааст.
Таѓйирёбии теъдоди ташкилотњои ќарзї бевосита ба камшавии маблаѓгузорињо ба соњањои хољагии халќ гардид. Агар дар соли 2015 аз тарафи ташкилотњои ќарзї ба субъектњои хољагидорї ба маблаѓи 11,3 млрд. сомонї ќарз дода шуда бошад, пас дар соли 2018 он зиёда аз 8,7 млрд. сомонї расидааст, ки ин нисбати њамин нишондињанда дар соли 2015-ум 23% кам мебошад, ки дар љадвали 2 оварда шудаст.
Љадвали 2 - Тавсифи ќарзњои низоми бонкї дар солњои 2013-2018
Нишондињандањо 2013 2014 2015 2016 2017 2018
Њамаи маблаѓгузорињо млн. сомонї 7 530,9 9 783,1 11 341, 6 9 930, 0 8 608,0 8 741,3
Бо фоиз нисбат ба ММД (%) 18,58 21,45 23,43 18,22 14,08 12,69
Бо пули миллї млн. сомонї 3 051,9 3 905,7 4 186,2 3 810, 2 3 537,5 3913,3
Бо пули хориљї млн. сомонї 4 479,0 5 877,4 7 155, 4 6 119,7 5 070,5 4 828,0
Корхонањои давлатї 914 890 930 254 1626 028 1669 850 2182565 2168176
Корхонањои хусусї 2880736 3953708 4981871 4027374 2672592 2609952
...