Контрольная работа по "Биологии"
Автор: komronshodiev • Ноябрь 2, 2021 • Контрольная работа • 422 Слов (2 Страниц) • 219 Просмотры
- Хучайраи растаннҳоро бо кадом асбобҳо дидан мумкин аст?
- пурбин ва микроскоп.
- Микроскоп чи гунна асбоб аст ва онро кай ихтироъ I намуданд?
- микроскоп асбоби пурбиншаклест, ки акси ашёро садҳо ва ҳазорҳо маротиба калон нишон медиҳад.Аввалин микроскоп , ки ашёро 270 маротиба калон нишон медод, дар асри 17 аз тарафи олими ҳолландӣ Антони Ван Левенгук кашф шуда буд.Дар соли 1665 олими англис Р.Гук дар зери микроскопи ихтироъкардааш таркиби ҳуҷайраи пӯкро аз назар гузаронид.
- Ҳуҷайра чист?
- воҳиди хурдтарини инкишоф ва унсури афзоиши тамоми мавҷудоти зинда мебошад.
- Сохти хучайраи пусти пиёз чй гуна аст?
-иборат аст, аз пӯсти ҳуҷайра, ядро, вакуола, ситоплазма, масома.
- Дар хучайраи растанй кадом нластидаҳоро дидан мумкин аст? - се намуди пластидаҳоро:
Шакли пластидаҳб | Ранги пластидаҳо | Мавқеъи чойгиршавиашон |
хлоропластҳо | Сабз | барг, поя, ғӯра |
хромопластҳо | норинҷӣ, зард, сурх | гул, меваҳо |
лейкопластҳо | Беранг | реша,бехмева,тухм. |
- Тақсимшавии хучайраи растанй чй хел мегузарад?
-дар аввали тақсимшавии ҳуҷайра ядрои он калон шуда, дар он хромосомаҳо ба хуби аён мешаванд, баъд хромосомаҳо ҷойҳои худро иваз карда нисфи хромосомаҳо ба як қутбп ҳуҷайра нисфаш ба дигар қутб ҷой иваз мекунанд. Дар қутбҳо ду ядрои нав пайдо мешавад, ки микдори хромосомаҳо дар ҳар кадоми онҳо ба микдори хромасомаҳои ядрои пеш ба тақсимшавӣ шурӯъкардаи ҳуҷайраи модарй баробар аст. Дар ин вақт дар дохили ситоплазмаи ҳуҷайраи тақсимшудаиетода лавҳача пайдо мешавад, вай ҳуҷайраро ба ду қисми баробар тақсим мекунад дар ҳар як қисм яктогй ядро дой мегира.а Ҳамин тавр дар натиҷаи тақсимшавй аз ҳар як ҳуҷайраи модарй ду ҳуҷайраи ҷавон (духтарӣ) ба вуҷуд меояд.
...