Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Лекции по "Философии"

Автор:   •  Январь 24, 2021  •  Курс лекций  •  4,606 Слов (19 Страниц)  •  513 Просмотры

Страница 1 из 19

Мазӯи 1 Предмет ва вазифаҳои  фалсафа 

Мазӯи 2 Фалсафаи Бостон.

Накша:

 1.Ба вучудоии фалсафа аз асотир то ба логос. - Афлотун  асосгузори назарияи идеяхост, ки дар фалсафа бо унвони «идеяхои Афлотун» маъруф шудааст. Мувофиќи ин назария он чи дар ин дунё мушохида мешавад, аслу хаќиќаташ дар чахони дигар, олами таѓйирнопазири маъќулот – «олами идеяхо» аст ва чизхо, чисмхо, афроди ин чахони хисшаванда  монанди сояхо ва аксхои хаќиќати он чахони дигаранд ва инсони асилу хаќиќи инсони он чахон аст, хамчунин хамаи ашё. Назарияи идеяхои Афлотун хам чихати маърифати (гносеологи) ва хам хастишиноси (онтологи) дорад. Афлотун аввалин файласуфест, ки мавзўи куллият (универсум) - ро ба фалсафа дохил кард. Вай аќидаи гузаштагонашро, ки як ё якчанд нахустунсур ё нахустиллати хасти: хаво, об, апейрон, оташ, эфир ва ѓайраро мечустанд, эътироф намекард. Ба сифати чунин иллат, маъни - логоси ашё, логоси хастиро мечўст. Ба хамин сифат ў куллият – универсумро, ки дар назарияи идеяхои ў ифода шудааст, ќабул дорад. Ба аќидаи Афлотун ашёи зебо аз он рў зебоянд, ки ба зебогии махз  - эйдоси зебои) пайванданд. Барои он одамон накўкоранд, ки некўи махз вучуд дорад. Ба хамин тариќ, мафхумхои кулли - эйдосхо) аз мавчудияти чузъии онхо муќаддаманд. Ин мафхумхо на натичаи амали тачридии зехни инсон, балки дар зехни инсон ханўз то таваллуд будаанд ва маърифат танхо ёдоварии онхост. Афлотун зимни ин назарияи худ масъалаи таносуби чузъу кулл дар маърифат ва чустучўи куллият дар хастиро гузоштааст.

 2. Космокентризми фалсафаи Юнони Бостон « Хатти Афлотун ва хатти Демокрит». - Фалсафа дар тўли таърихи мавчудияти худ чор мархилаи асосии ташаккулро аз сар гузаронидааст. Дар мархилаи аввал – Давраи Ќадим (асрхои VI то мелод – III мелоди) масъалаи асосии мавриди назари файласуфонро кайхон ва асрори пайдоиши он ташкил медод. Бинобар хамин фалсафаи давраи ќадим, хусусан, мактаби фалсафии Миллети Юнони Бостонро фалсафаи космосентри (кайхонмаркази) меноманд.  Намояндагони бузургтарини фалсафа дар ахди бостон – Фалес ва Гераклит, Левкипп ва Демокрит, Суќрот, Афлотун, Арасту, хамчунин, мактабхои калбиён, эпикурихо, равоќиён, шаккокиён ва навафлотуния ба шумор мераванд. Дар мархилаи дуввуми ташаккули фалсафа – Асрхои Миёна (асрхои IV-XIV мелоди) масъалаи асосии  фалсафа – шинохти Худо мебошад, бинобар хамин  фалсафаи асримиёнагиро фалсафаи теосентри (Худомаркази) меноманд. Ин мархила, алалхусус, мархилаи рушди бесобиќаи фалсафаи  илохиётшиноси, илмхои шаръи, ирфону адаб ва дигар илмхо ба шумор меравад.  

3.  Шаклгирии диалектикаи Антиќи. - Илми фалсафӣ дар бораи қонунҳои умумиҷаҳонии ҳаракат ва рушди табиат, ҷомеа ва тафаккури инсонӣ, усули илмии шинохти падидаҳои абадӣ ҳаракаткунанда ва тағирёбандаи табиат ва ҷомеа тавассути ошкор сохтани зиддиятҳои дохилӣ ва муборизаи зиддиятҳо, ки ба гузариши ҷаҳонӣ аз як сифат ба сифати дигар оварда мерасонад.

4 Масъалаи инсон ва чомеа дар фалсафаи Афлотун ва Арасту. - Афлотун  асосгузори назарияи идеяхост, ки дар фалсафа бо унвони «идеяхои Афлотун» маъруф шудааст. Мувофиќи ин назария он чи дар ин дунё мушохида мешавад, аслу хаќиќаташ дар чахони дигар, олами таѓйирнопазири маъќулот – «олами идеяхо» аст ва чизхо, чисмхо, афроди ин чахони хисшаванда  монанди сояхо ва аксхои хаќиќати он чахони дигаранд ва инсони асилу хаќиќи инсони он чахон аст, хамчунин хамаи ашё. Назарияи идеяхои Афлотун хам чихати маърифати (гносеологи) ва хам хастишиноси (онтологи) дорад. Афлотун аввалин файласуфест, ки мавзўи куллият (универсум) - ро ба фалсафа дохил кард. Вай аќидаи гузаштагонашро, ки як ё якчанд нахустунсур ё нахустиллати хасти: хаво, об, апейрон, оташ, эфир ва ѓайраро мечустанд, эътироф намекард. Ба сифати чунин иллат, маъни - логоси ашё, логоси хастиро мечўст. Ба хамин сифат ў куллият – универсумро, ки дар назарияи идеяхои ў ифода шудааст, ќабул дорад. Ба аќидаи Афлотун ашёи зебо аз он рў зебоянд, ки ба зебогии махз  - эйдоси зебои) пайванданд. Барои он одамон накўкоранд, ки некўи махз вучуд дорад. Ба хамин тариќ, мафхумхои кулли - эйдосхо) аз мавчудияти чузъии онхо муќаддаманд. Ин мафхумхо на натичаи амали тачридии зехни инсон, балки дар зехни инсон ханўз то таваллуд будаанд ва маърифат танхо ёдоварии онхост. Афлотун зимни ин назарияи худ масъалаи таносуби чузъу кулл дар маърифат ва чустучўи куллият дар хастиро гузоштааст. Арасту (384 - 323 то мелод) аз бузургтарин хакимони замони худ ва шогирди Афлотун буд, ки аз устодаш дар бисёре аз масъалахои хикмату илм пеш гузашта, дар таърихи фалсафа бо номи муаллими аввал маъруф гаштааст. Вай нахустин шуда, усули мантиќро танзим кардааст ва онро ба унвони олоти фикри сахех ба чўяндагони дониш ва мухаќќиќон таќдим  намудааст. Арасту бунёдгузори мактаби машшоъия (перипатетика) мебошад. Арасту дар боѓи ин мактаб бо шогирдонаш рохравон дарс мегуфтааст. Аз ин рў, онро мактаби  перипатетикхо, ба забони араби «машшоъ» - ќадам задан, сайругашт кардан ва пайравони Арастуро машшоиён номидаанд. Ба ќалами Арасту чунин асархо  монанди «Органон», «Метафизика», ё «Фалсафаи уло», «Равоншиноси», «Политика» («Сиёсат»), «Ахлоќи Никомах», «Ахлоќи Эвдеми», «Риторика», «Поэтика» ва ѓайра мансубанд. Фалсафаи Арасту  аз коркарди илми мантиќ хамчун хунар ва равиши дуруст фикр кардан шурўъ мешавад.  Арасту аввалин шуда, донишро ба пояи илми нихода, инчунин илмхоро табаќабанди намудааст. Тибќи табаќабандии ў фалсафа ба се ќисм: хикмати назари, амали ва шеър таќсим мешавад. Хикмати назари худшиноси, хастишиноси, риёзиёт, физика, равоншиносиро фаро мегирад. Ба хикмати амали ахлоќ, тадбири манзил ва сиёсат дохил мешавад. Хикмати шеър ба пояи санъат ва зебои устувор аст.

...

Скачать:   txt (54.5 Kb)   pdf (804.4 Kb)   docx (24.3 Kb)  
Продолжить читать еще 18 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club