Таҳлили муқоисавии сифатӣ феълӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар ( Ёддоштҳо – и Садриддин Айнӣ )
Автор: Alisher17 • Май 12, 2018 • Курсовая работа • 6,662 Слов (27 Страниц) • 1,361 Просмотры
Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
Факултети забонҳои Осиё ва Аврупо
Кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ
Таҳлили муқоисавии сифатӣ феълӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар ( Ёддоштҳо – и Садриддин Айнӣ )
Кори курсии донишҷӯи соли
дуюми ихтисоси англисӣ -тоҷикӣ
Бобоев Лоиқ
Роҳбари илмӣ: асс. Шехов И.
Душанбе – 2018
Нақша:
Муқадима……………………………………………………................. 3- 4
БОБИ I . Маълумоти умумӣ дар бораи сифатӣ феълӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ……………………………………………………………….. 5 - 12
БОБИ II. Таҳлили муқоисавии сифатӣ феълӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ…………………………………………………………………. 13- 18
Хулоса...................................................................................................... 19 - 20
Феҳристи адабиёт.................................................................................. 21
Муқаддима
Забон воситаи муҳимтарини муомилоти инсоният аст. Туфайли забон мардум бо ҳамдигар иртибот барқарор мекунанд, афкору эҳсосоту хостаҳои худро ба дигарон интиқол медиҳанд. Забон ба ҳайси муҳимтарин воситаи робитаи одамон, қисмати ҷудонашавандаи фарҳанги миллист. Маҳз забон аст, ки ҳар фардро ба ҳалқаи ҷамъият пайваст менамояд. Тавассути забон инсонҳо ба якдигар алоқа намуда фикру андешаи худро нисбат ба якдигар иброз мекунанд.
Мувофиқи таснифоти генеологӣ тамоми забонҳои дунё ба 24 оила ҷудо мешаванд, ки яке аз он оилаҳои калонтарин забонҳои ҳиндуаврупоӣ мебошад. Забони тоҷикӣ ба гуруҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад. Забони адабии тоҷик таърихи хеле қадима дорад. Ташаккулу инкишофи он ба асри IX-X, ба даврони ба вуҷуд омадани аввалин хонадонҳои давлатдории тоҷикон рост меояд. Забони адабии тоҷик, ки дар ин аҳд бо номи форсии дарӣ маъруф буд, ба хусус, дар замони хонадони Сомониён ба авҷи инкишоф расидааст. Забони адабии муосири тоҷик анъанҳои беҳтарини форсии дарӣ ва форсии классикиро дар худ таҷассум кардааст.Дар инкишофу таҷдиди он дар асри XX хидмати устод С.Айнӣ ва шоиру нависандагони маъруф – М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев ва дигарон бузург аст. Бо кушишу заҳмати ин адибони хушсалиқа ва зиёиёни пешқадами мамлакат меъёрҳои истеъмолии забони адабии муосири тоҷик дар ин давр сайқал ёфтанд ва ба ҳадди эътидол даромаданд.
Забони англисӣ яке аз забонҳои ғарби Олмони буда аввалин бор дар асри миёна дар Англия мавриди истифода қарор ёфтааст. Ҳоло бошад яке аз забонҳои бештар истифода шаванда дар дунё мебошад. Дар асри 5 мардумоне, ки дар Британия сокин шуданд ва шумораашон на онқадар зиёд буд бо ин забон гап мезаданд. Аммо забони англисие, ки онҳо гап мезаданд ба кулли аз забони имрӯзаи англисӣ фарқ дошт. Ҳоло бошад ин забон ҳамчун забони давлатӣ дар Британияи Кабир, ИМА, Канада, Австралия ва Зеландияи Нав мавриди гуфтугӯ қарор дорад. Ин забонро ҳамчун забони хориҷӣ дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо меомӯзанд.
Дар забони англисӣ ва тоҷикӣ то имруз мавзӯъҳои мухталифро пажуҳиш намудаанд, аммо дар мавзуи мо муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ кор кардаанд. Аз қабили онҳо: Качалова.К.Н (English grammar) , Каушанская. В.Л ( A grammar of the English Language), Шарофиддин Р. Раззоқ Ғ. (забони адабии муосири тоҷик), Н.Туйғонов (Грамматикаи Забони Англисӣ) ва ғайраҳо, ки сарчашмаи беҳтарин барои дарёфти маълумот дар бораи сифатӣ феълӣ дар ҳарду забони муқоисашаванда (англисӣ ва тоҷикӣ ), муфид аст.
Рисолаи мазкур аз муқаддима, ду боб, хулоса ва адабиётҳо иборат аст.
...