Исми фоил ва мафъул дар забонӣ арабӣ
Автор: Maya129 • Апрель 25, 2023 • Реферат • 4,312 Слов (18 Страниц) • 180 Просмотры
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ
ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
КАФЕДРАИ ГРАММАТИКАИ ЗАБОНИ АРАБӢ
КОРИ КУРСӢ
Мавзӯъ: “Исми фоил ва мафъул дар забонӣ арабӣ.”
Иҷрокунанда : Ҷонмирзаева С.
донишҷӯи курси 5 , гурӯҳи 504
ихтисоси арабӣ- англисӣ
Роҳбари илмӣ: Абдуллоева
Кори курсӣ ___ ____ 2022 с. бо баҳои ____ ҳимоя гардид.
Аъзои комиссия : _________
_________
_________
ХУҶАНД- 2022
Мундариҷа
Муқаддима
Боби I. Фоилу мафъул дар забони тоҷикӣ
- Тарзи фоили ва мафъули дар забонӣ тоҷикӣ
- Шаклу воситаҳои ифодаи тарзи мафъулӣ
Боби II. Фоилу мафъул дар забонӣ арабӣ
2.1 Исми фоил ва шаклу воситаи он дар забонӣ арабӣ
2.2 Исми мафъул ва шаклу воситаи он дар забонӣ арабӣ
Хулоса
Рӯйхати адабиёт
Муқаддима
Дар замони муосир забоншиносии муқоисавӣ хеле тараққи кардааст ва хеле васеъ истифода бурда мешавад. Ин ба мо чуқуртар омӯҳтани муқоисавии забонҳо бо нишон додани махсусиятҳои инкишофи системаи забонҳо ва унсурҳои ҷудогонаи онро мефаҳмонад.
Забоншиносӣ муқоисавӣ ҳамчун илм чунон инкишоф ёфтааст, ки вай метавонад дар доираи васеъ вазифаҳои назариявӣ ва забоншиносию дидактикиро ҳал намояд. Ин фан вазифаҳои мушаххаси худро дошта, он соҳаи забоншиносиеро дар бар мегирад, ки бо усули омӯзиши забонҳои хориҷӣ зич алоқаманд аст.
Асоси ин илмро тадқиқотчиёни машҳури асри XX , ба монанди Е.Д.Поливанов, Л.В.Щерба, И.И.Мешанинов ва дигарон гузоштанд.Дертар дар тадқиқотҳои В.Н.Яртсева, А.И.Смирнитский, В.А.Звегинсев, В.Д.Аракин, В.Г. Гак ва дигарон доираи васеи муаммоҳо оиди усул ва масъалаҳои амалӣ намудани таҳлили муқоисавӣ-типологӣ кор карда шуда, аҳамияти он барои назарияи уумии забон муайян карда мешавад. Муқоисаи ҳамон як ҳодисаи забонӣ дар забонҳои гуногун имконият медиҳад, ки аниқ ва дақиқ моҳияти ходисаи омӯхташавандаро кушода, хусусияти он аз нуқтаи назари функсионалӣ, нутқӣ ва забонӣ муайян карда шавад.
Забоншиносии муқоисавӣ-типологӣ ба сифати мавзуи таҳлили он муаммоҳоеро интихоб менамояд, ки дар забоншиносии муосир хеле муҳим, актуалӣ мебошанд. Он ба кор карда баромадани асосҳои назарияи умумии таҳлили муқоисавӣ-типологӣ хеле мадад мерасонад.
Дар даҳсолаи охир омӯзиши муқоисавии забонҳо дар Ҷумхурии Тоҷикистон хеле вусъат ёфт. Бояд зикр кард, ки ҷараёни мазкур дар забоншиносии муосир чунон амиқ рафтааст, ки тамоми сатҳи сохтори забонҳоро дарбар гирифтааст.
Фоил- кунанда, омил,соҳибу ҳаракату кор анҷомдиҳандаи кор 2.грам. мубтадо (субъект) мебошад.
Тарзи фоилӣ. Тарзи фоилӣ вобаста ба шаклу маънои феълҳо ҳаминро мефаҳмонад, ки иҷрокунандаи амал худи мубтадо (субъект) мебошад:
Боби I. Фоилу мафъул дар забони тоҷикӣ
- Тарзи фоили ва мафъули дар забонӣ тоҷикӣ
Тарзи феълӣ, ҳамчун категорияи махсуси грамматикӣ, бо феълҳои мондаву гузаранда ва бевоситаю бавосита алоқаманд буда, муносибати дар феъл аксъёфтаи байни фоил ва мафъули амалро ифода мекунад. Дар забони тоҷикӣ ду тарзи феъли ҳаст:
1. Тарзи фоилӣ
2. Тарзи мафъулӣ.
Тарзи фоилӣ. Тарзи фоилӣ вобаста ба шаклу маънои феълҳо ҳаминро мефаҳмонад, ки иҷрокунандаи амал худи мубтадо (субъект) мебошад: Ҳакимҷон ду чойник чой овард [Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро]. Дар ин ҳангом аз дур, аз дарае гирдбоди сахте берун омад [Р.Ҷалил, Шӯроб]. Дар яке аз қишлоқҳои калон бо калтакдорони сурх маҷлис гузаронидам [ Ҳ. Карим, Оқшуда].
...