Асосњои омодагї ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї
Автор: uwhu fwejiw • Апрель 28, 2023 • Анализ учебного пособия • 6,255 Слов (26 Страниц) • 192 Просмотры
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
ДОНИШГОЊИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН
БАРНОМАИ ТАЪЛИМЇ
АЗ ФАННИ
«АСОСЊОИ ОМОДАГЇ БА ЊОЛАТЊОИ ФАВЌУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНЇ»
(барои тамоми ихтисосњои)
Душанбе - 2020
ДОНИШГОЊИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН
ФАКУЛТЕТИ ТИББЇ
КАФЕДРАИ АСОСЊОИ ТАЙЁРИИ ТИББЇ ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНЇ
БАРНОМАИ ТАЪЛИМЇ
АЗ ФАННИ «АСОСЊОИ ОМОДАГЇ БА ЊОЛАТЊОИ ФАВЌУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНЇ»
(барои донишљўёни тамоми ихтисосњои ДМТ)
Мураттибон:
Ахмедова А.Р.
Табаров Н. М.
Муллоев В. С.
Нозиров К.Б.
Мирова Н.Д.
Муњаррири масъул:
Њошимов Њ.
Муќарризон:
муал.калон Миралиев.М. К.,
дотсент Ѓаффуров С.Љ
Барнома дар љаласаи Шўрои илмї-методии факултети тиббї тасдиќ карда шудааст.
Суратљаласаи №___аз “____”_____20 сол.
Раиси ШИМ-и факултети тиббї,
н.и.т., дотсент: Каримова О.А.
МУЌАДДИМА
Барномаи таълимї аз фанни «Асосњои омодагї ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї» барои омода намудан ва омўзонидани донишљўёни муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон вобаста ба шакли низоми кредитии тањсил дар асоси «Барнома”-и Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки аз 1-уми сентябри соли 2010 мавриди амал ќарор дорад, тањия гардидааст.
Њадаф аз тањияи барномаи таълимї аз фанни "Асосњои омодагї ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї" барои донишљўён ин баргаштан ба таълими ягона дар њамаи муассисањои тањсилоти олии касбї ба масъалањои љории соњаи њолати фавќулодда ва мудофиаи гражданї мебошад. Дар мавзўњои фарогирифтаи барнома ќариб тамоми масъалањои соњаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданиро дар асоси ќонунгузорї, санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва сиёсати давлат дар соњаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї омадаанд.
Омўзиши фанни "Асосњои омодагї ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї" тибќи барномаи мазкур донишљўёнро бо донишњои назариявї ва малакањои амалї бобати татбиќи масъалањои зерин - доир ба системаи ягонаи давлатии пешгирї ва рафъи њолатњои фавќулодда, маќоми идоракунї, ќувваю воситањои маќомоти њокимияти давлатї ва ташкилотњое, ки њалли масъалањои њифзи ањолї ва њудуд аз њолатњои фавќулодда ба салоњияти онњо марбутанд, шинос месозад.
Донишљўён доир ба пешгў намудану бањо додани натоиљи имконпазирии њолатњои фавќулодда, таъмин намудани устувории иншоотњои иќтисодї дар љумњурї вобаста ба вуќўъ омадани заминларза, тармафарої, сел, ярч, обхезї, сўхтор ва дигар намудњои њолатњои фавќулоддаи дорои хусусияти табиї ва техногенї, эпидемияњо ва тањдидњои дигари бехатарии миллї мансуб донисташуда соњиби маълумот мешаванд.
Инчунин донишљуён дар бораи тарзи тањия ва банаќшагирию татбиќи тадбирњои сариваќтии њифзи ањолї дар шароитњои њолатњои фавќулодда, расонидани кумаки аввалини тиббї ба зарардидагон, тарзњои истифода бурдани воситањои њифзи инфиродї ва дастаљамъї оид ба омилњои зараровари воситањои њозиразамони зарбазананда ва фалокатњо њангоми бартараф сохтани оќибатњои њолатњои фавќулодда мусаллањ мешаванд.
Барнома дар асоси наќшаи таълимию таќвимї тањия шуда, дар он масъалањои муњимми “Асосњои омодагї ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї" барои бењтар намудани малакањои амалии донишљўён оид ба расонидани ёрии аввал ба худ ва ба њамдигар њангоми њолатњои фавќулодда ва осеббинињои гуногун тартиб дода шудааст.
...