Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Технологияи компютерӣ дар тарҷумаи матнҳои техникӣ

Автор:   •  Май 16, 2019  •  Статья  •  715 Слов (3 Страниц)  •  676 Просмотры

Страница 1 из 3

Технологияи компютерӣ дар тарҷумаи матнҳои техникӣ

Иброҳими Юсуф (E_mail: ibrohimi-yusuf@mail.ru)

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

        Аннотатсия:  Дар мақолаи мазкур истифодаи технологияҳои компютерӣ дар тарҷумаи танҳои техникӣ шарҳ дода шудааст. Матнҳои техникӣ яке аз шаклҳои муҳими иттилоот буда, тарҷумаи он ба забонҳои дигар омили асосии тарақиёти техника ва технологияи муосир мебошад.

Калимаҳои калидӣ: тарҷума, техника, компютер, ҷумла

Замони ҳозира, ки асри тараққиёти илму техника буда, он тамоми соҳаҳои ҷомеаи муосирро фаро мегирад, технологияи мавҷуда қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон мебошад. Навгониҳои техникии дар дунё пайдошуда ҳаёти моро қулай ва шавқовар карда, равандҳои истеҳсолиро самаранок ва сарфакорона мегардонад. Талабот ба тарҷумаи босифати ҳуҷҷатҳои техникӣ зиёд шуда истодааст ва барои ин истифодаи технологияи компютерӣ дар тарҷумаи матнҳои техникӣ зарур аст.

        Тарҷумаи автоматӣ(ТА англ. Computer-Aided Translation)  — ин тарҷумаи матнҳо дар копютер бо истифодаи технологияҳои компютерӣ мебошад. Аз турҷумаи муқаррарӣ он бо раванди тарҷума фарқ мекунад. Яъне одам матни тайёрро ба компютер ворид карда, дар муддати ками вақт матнро ба забони лозимӣ тарҷума мекунад. Ҳоло тарҷумонҳо дар раванди тарҷумаи матнҳои гуногун аз  луғатҳои электроние чун Socrat, ABBYY Lingvo, Google Tramlate, Yandex Translate  ва ғайра, инчунин таъминоти барномавии махсусгардонидашуда, ки ба  раванди тарҷума ва беҳсозии он кумак мекунанд, ба таври васеъ истифода мебаранд.  Бояд қайд кард, ки барномаҳои тарҷумонии махсусгардонидашуда, дар худ воситаҳои гуногунеро дарбар мегиранд, ки раванди тарҷумаро то андозае содда мегардонанд.

        Бо шарофати технологияи компютерӣ имконияти босифат ва фавран иҷро кардани ҳаҷми зиёди корҳо пайдо гуда, ҳалли масъаҳои зиёди назариявӣ ва амалии лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ имконпазир шуд.

        Матнҳои техникӣ як қатор хусусиятҳои хос доранд ва истифодаи самараноки технологияи компютерӣ ҳангоми тарҷумаи манбаҳои иттилоотии забонҳои дигар як қатор бартариятҳоро фароҳам меоваранд.  Пеш аз ҳама асоси матнҳои техникиро дурустӣ ва дақиқии маводи он ташкил мекунад.  Дар матнҳои техникӣ услубҳои ороиши забонӣ татбиқ намешавад, зеро принсипи асосии матни тахникӣ  — дурустӣ ва фаҳмо будани фикр вайрон нашавад. Яке аз дигар фарқиятҳои матни техникӣ аз нуқтаи назари таркиби луғавӣ ин терминҳои махсус ва хусусиятҳо барои ҳамон соҳа мебошад.  

        Мисоли матни техникӣ даструрро ҳисобидан мумкин аст. Дар қолаби умумӣ дастур метавонад матни расмӣ-кории муҳтавои техникидоштаро фаро гирад. Дастур- ҳуҷҷати услуби расмӣ-корӣ мебошад. Ороиши забони матни дастурҳо дар ҳамаи сатҳҳо дараҷаи баланди стандартикунониро талаб мекунад, ки он сарфакориро дар навишт ва қабули ҳамон навъи матн таъмин менамояд.  

        Жанри дастур намудҳои гуногуни матнро ифода мекунад: дастур оид ба истифодаи моли истеҳсоли саноатӣ, дастурамал доир ба истифодаи воситаҳои техникӣ, дастурҳои вазифавӣ, шарҳи маводҳои тиббӣ, роҳнамои истифодабарӣ, маслиҳатҳои муфид ва ғайра.

...

Скачать:   txt (8.6 Kb)   pdf (98.5 Kb)   docx (768.2 Kb)  
Продолжить читать еще 2 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club