Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Таҳияи блогҳои интернетӣ

Автор:   •  Октябрь 12, 2018  •  Реферат  •  629 Слов (3 Страниц)  •  549 Просмотры

Страница 1 из 3

МАҲФИЛИ БАРНОМАСОЗОНИ ҶАВОН

Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси информатика

Исмоили Исуф

Мавзуъ: Таҳияи блогҳои интернетӣ

Роҳбари илмӣ, н.и.п. Рафиев С.А.

Таърихи пайдоиши интернет ба солҳои 60-70-уми асри гузашта рост меояд. Ҳанӯз 20 сол қабл Вазорати мудофиаи ИМА шабакаеро сохт, ки ба Интернет асос гузошт ва он ARPAnet ном дошт. Баъд аз ин шабакаи интернет ба яке аз шабакаҳои байналимиллалӣ табдил ёфт.

Шабакаи байналмиллалии Интернет аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

[pic 1]

        

        WWW – аз калимаи англисиии World Wide Web гирифта шуда, маънояш торнигори анкабуди ҷаҳонӣ мебошад. Ин абревиатура муҳити абарматниест, ки он миқдори бениҳоят зиёди санадҳои гуногунро дар бар гирифтааст. Ба ин санадҳо пойгоҳи иттилоотию маълумотӣ, санадҳои ҳукуматӣ, феҳристи китобхонаҳо, рӯномаву маҷаллаҳо ва ғайраҳо дохил мешавад.

Бо шабакаи байналмиллалии Интернет термини дигаре бо номи блог алоқаманд мебошад. Блог (калимаи англисии “Blog”, - маҷаллаи рӯзона, рӯзномаҳои онлайнӣ) веб-сомонае мебошад, ки дар мундариҷаи онҳо мунтазам ворид намудани матнҳо, тасвирҳо ва иттилооти мултимедиявӣ сурат мегирад. Одамоне, ки дар ин блогҳо фаъолият мекунанд, блогерҳо номида мешаванд.

Блоги аввал – аз ҷониби Тим Бернерс - Ли, соли 1992 нашр шудааст. Бештари блогҳо аз соли 1996 инҷониб паҳн шудаанд. Моҳи августи соли 1999 ширкати компютерии Pyra Labs аз San Francisco аввалин сомонаи хизмати блогиро бо номи Blogger.com ба бор овард.

Дар ҳар блог барои "хонандагон" ва "нависандаҳо" ду самти ҳавасмандгардонии коммуникатсионӣ пешниҳод мешавад:  алоқа бо дӯстон ва вусъат додани доираи муошират бо дигарон.

Дар блогҳо меҳмонон имконияти нашр кардани шарҳҳоро доранд. Аксари блогерҳо мегӯянд, ки онҳо блогҳоро барои алоқа бо одамоне, ки ба онҳо манфиат доранд, истифода мебаранд. Пеш аз ҳама, ин имконият медиҳад, ки як маълумотро як нафар пешниҳод мекунад ва бисёриҳо онро меомӯзанд.

Дар серверҳое, ки блогҳо мавҷуданд, иттилоот ҳамчун пайдарпаи паёмҳо муаррифӣ мешавад. Сохтори ҷамъоварии маълумот ҳамчун сохтори оддӣ ё маҷалла ба назар мерасад.

Блог бо хусусиятҳои хуб доштанаш боз тарафҳои заифӣ низ дорад. Махсусан ҳангоме, ки як масъаларо ду блогнавис ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани чунин вазъиятҳо зиддият миёни ду блогер ба вуҷуд меояд.

Имкониятҳои техникӣ ва маҳдудияти блогҳо пурра аз ҷониби технологияҳои умумии шабакавӣ муайян карда мешаванд. Мавҷудияти нармафзори блогинг имконият медиҳад, ки аз шахсони миёнарав ва истифодабарндагони тасодуфӣ блоги Шумо ҳифз карда шавад. Ин нармафзорро муҳаррики блог меноманд.

...

Скачать:   txt (7.6 Kb)   pdf (126.8 Kb)   docx (1 Mb)  
Продолжить читать еще 2 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club