Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Мавқеи физикӣ-географии харитаи №8

Автор:   •  Апрель 18, 2021  •  Курсовая работа  •  2,619 Слов (11 Страниц)  •  322 Просмотры

Страница 1 из 11

             ДОНИШГОҲИ МИЛИИ ТОҶИКИСТОН

                               Факултети Геология

       Кафедраи____________________________________________

КОРИ КУРСӢ

Мавзҷӯъ:_______________________________________________

Иҷрокунанда:     Ханҷаров Руслан

              Қабулкунанда:  Набиев Неъматулло

                     

         Душанбе 2021

                                            Нақша

    Сарсухан.

Боби I. Мавқеи физикӣ-географии харитаи №8.

Боби II. Сохти геологии харита .

                2.1 Стратиграфия.

                2.2  Тектоника.

Боби III. Таърихи тарақиёти геологии харита.

Боби IV. Канданиҳои фоиданок.

Хулоса .

Адабиётҳои истифодашуда.

                                                

Сарсухан.

          Харитаи №8 бо масштаби 1:100000 сохта шуда мақсад аз омӯзиши ин харита асосан дарк кардан ва аз худкардани тамоми ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои геологии  дар ин минтақа дар давоми таърихи геологӣ гузашта мебошад. Дар таърихи геологӣ бисёр ҳодисаҳое  дар ин минтақа (минтақаи дар харита буда) гузаштарро бояд ошкор ва равшан намоем. Аз рӯйи маълумоти дар харита буда сараввал бояд  мавқеи физикӣ-географии харитаро муайян кардва баъд аз он шароитҳои пайдоиши дарёҳо, сабабҳои самтдигаркунии ҷараёни дарё, сабабҳои хушк шудани он, пайдоиши ҷисҳои кӯҳӣ, ба кадом давра хос будани онҳо, сабабҳои пайдо шудани кафидагиҳо дар сатҳи замин,ва дигар ҷараёнҳои геологиро  бояд мавриди омӯзиш қарор дод.

        Ҷараёнҳои геологӣ-ин ҷараёнҳои физикӣ- кимёвие мебошанд, дар дохили замин ё сатҳи он ба тағйирёбии таркиб ва сохти он меорад.

          Дар баробари муайян кардан  ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои геологӣ бояд синну соли қабатҳо ва ба кадом эра ва кадом давра  мансуб будани онҳо, инчунин кунҷи хобиши онҳо, кӯчиш  ва шусташавии қабатҳо дар натиҷаи ҳаракатҳои   экзогенӣ(фаъолияти геологии инсон, фаъолияти геологии обҳои равон, фаъолияти геологии об, фаъолияти геологи бод ва ғайра) ва эндогенӣ  (магматизм-ҷараёнҳое мебошанд, ки ба он пайдошавӣ, ҳаракат ва мубадал шудани магма ба ҷинсҳои кӯҳии магматикӣ алоқаманд аст  ва ғайра), ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои тектоникӣ ва синну соли онҳо ва сабабҳои пайдоиши платформаҳо, пайдоиш ва инкишофи куҳҳо дар тӯли таърихи геологӣ ва  дигар масъалаҳои марбутаро низро бояд омӯхт.

          Дар харита бояд бештар ба омӯзиш, пайдо ва истифода бурдан конҳои канданиҳои фоиданок ҳамчун ашёи хом ва саноатӣ бояд таваҷҷӯҳи бештаре равона бояд кард. Аз ҳамин сабаб дар харитаи геологи 2 буриши геологӣ барои чуқуртар омӯзиши кардани он гузаронида шудааст. Дар буришҳо тамоми номувофиқиҳо, фуромадан ва бардоштан  қабатҳо ба воситаи ҳаракатҳои тектоникӣ бараъло мушоҳида мешавад.

   Дар бораи тамоми ҷараёнҳо , ҳаракатҳо ва ҳодисоти дар ин харита ба амал омада, бештар дар поёнтар боз ҳам пурратар шинос хоҳем шуд.

                

 





        

   Боби I. Мавқеи физикӣ-географии харитаи №8.

Релеф. Ноҳамвориҳои рӯйи заминро   релеф меноманд.         Дар харита горизонталҳо байни худ 100 метри масофа доранд ва пас аз 4 горизонтали бо хатти тунуктар кашида шудааст, ки онҳоро горизонталҳои асосӣ ном мебаранд, як горизонтали ғафс гузаронида мешавад, ки он горизонталӣ асосии ғафс ном дорад. Инчунин дар баъзе қисматҳои харита горизонталҳои хурд-хурде  дида мешавад, ки онҳо баландиҳои якхеларро доро мебошанд.Асосан тамоми ҳамвориҳо, дарёҳо ва дигар пастхамиву қуллаҳоро ба воситаи релеф маълум мекунанд. Релефи харита аз ҳамвориҳо, куҳҳо, қуллаҳо ва теппаҳо иборат мебошад.

...

Скачать:   txt (24.9 Kb)   pdf (156 Kb)   docx (557.9 Kb)  
Продолжить читать еще 10 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club