Синоним ва вазифаҳои он дар забони англисӣ
Автор: Юсуф Акрамов • Май 14, 2019 • Реферат • 1,340 Слов (6 Страниц) • 1,256 Просмотры
Синоним (юн.sinonimos-ҳамном) калимаҳое мебошанд, ки аз ҷиҳати таркиби овозӣ ҳархела буда, як маъно ё маъноҳои ба ҳамдигар наздикро ифода мекунанд, аъзои як ҳиссаи нутқ мебошад ва ба як савол ҷавоб медиҳанд. Дар забони англисӣ чунин калимаҳо бисёр ҳастанд. Барои омӯхтани синонимҳои забони англисӣ хело бодиққат шуда, барои аниқ гуфтани фикр калимаи мувофиқро интихоб кардан лозим аст. Омӯхтани синонимҳо дар забони англисӣ аҳамияти калон дорад.
Масалан: калимаи wonderful-олиҷаноб.
Синонимҳои wonderful: amazing, extraordinary, incredible, astounding, unbelieveable, improbable, fabulous, astonishing, great;
Amazing—ҳайратангез
Extraordinary—ғайриоддӣ
Incredible—номумкин
Astounding—аҷиб
Unbelieveable—боварнакарданӣ
Improbable—имконнопазир
Fabulous—муъҷизавӣ
Astonishing—зарарнорасон
Great —олӣ
Нигоҳ кунед ҳар як калима тобиши маъноҳои якхела дорад ва маънои ҳар гапи шуморо муайян мекунад. Ҳамаи ин калимаҳо ба як савол ҷавоб медиҳанд, як аъзои нутқ ҳастанд, аммо тарзи навишташон ва хонданашон ҳар хел ҳастанд. Маънои аниқи ҳар як калимаҳоро дар луғат ёфтан мумкин аст. Дар баъзе луғатҳо ҳатто калимаҳо бо синонимҳояшон меояд.
Мебинем ки кай ва дар кадом ҳолат синонимҳои калимаҳои «Ҷароҳатбардошта, зарардида, захмӣ»-ро истифода мешавад:
«Hurt» (захмдор кардан)-ро дар вақти таъсири тафаккури ҷисмонӣ истифода бурда метавонем: «words hurt my feelings—калимаҳо ҳиссиёти маро захмдор мекунад».
«Wonded» (ярадор, ҷароҳатбардошта) – дар вақте ки истифода мешавад, ки руй зарари ҷиддии ҷисмони дидааст: « Wonded officer-офитсери ҷароҳатбардошта ва ё офитсери захмӣ».
«Injured» (зарардида, вайроншуда), дар вақти расидани зарари ҷисмонӣ ба одам ва вайрон ё корношоям шудани асбобҳо техникӣ истифода мешавад. «Injured leg-пойи латхурда (зарардида) », «injured car-мошини вайрон»
Синонимҳои серистеъмолтарини забони англисӣ
Awful—dreadful, terrible, horrible ---- бадвоҳима, пурдаҳшат
Angry—mad, furious, exasperated ---- хашмгинона, бадхашм, қаҳромез
Brave—courageous, fearless, heroic, valiant ---- боқувват, нотарс, қаҳрамонона
Cry— shout, yell, scream, roar ---- дод задан
Calm—quiet, peaceful, still ---- ором, оҳиста
Dull– boring, uninteresting, slow ---- бемароқ, дилгиркунанда, зиқна
Idea– thought, concept, understanding, view ---- нақша, фикр
Happy— joyful, cheerful, glad, pleased ---- хушбахт, хурсанд, хушнуд
Албатта ин ҳамаи синонимҳои англисӣ нест ва ин хел калимаҳо хело бисёр ҳастанд дар забони англисӣ. Ҳар як забоне ки дар он синонимҳо бисёр бошад, захираи луғавии ҳамон забон бойтару калонтар мешавад. Дар гуфтугу чи қадар бисёртар аз синонимҳои ҳархела дар ҷои муфйян истифода барем, нутқамон хушру зебо мешавад.
Акнун мебинем ки, феъл-синонимҳо дар куҷо ва дар кадом вазъият истифода мешавад ва вазифаи онҳо дар забони англисӣ чист.
SAY or TELL He told, “I will go home” (ӯ гуфта буд, “ман хона меравам”) I said, “I will go home”. (ман гуфтам, “ман хона меравам”) Ҷумлаи якум ба ягон нақли дароз монанд нест. Дар ҳамин ҷумла феъли SAY-ро истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.
LIKE or LOVE. I like you. Will you marry me?!.( ман шуморо нағз мебинам, бо ман издивоҷ мекуненд?!.) I love you. Will you marry me?!. (ман шуморо дӯст медорам бо ман издивоҷ мекуненд?!.) Ҳар як духтар ҷумлаи якуми шуморо шунида ба саволи шумо ҷавоби розигӣ намедиҳад. Барои нағзидани ягон ашё ё ҳайвонот калимаи LIKE-ро истифода мебарем. Барои ишқу муҳаббат бошад калимаи LOVE-ро истифода бурдан лозим аст. Гуфта мешавад: “I love dogs”. Аммо ин маънои онро дорад ки шумо бе сагҳо ҳаётро тасаввур карда наметавонед.
STAY or REMAIN. We remained in a very good hotel.(мо дар меҳмонхонаи хело хуб истодем) We stayed in a very nice hotel. (мо дар меҳмонхонаи хело хуб истодем). Феъли REMAIN-ро дар вақте истифода мебарем ки мо дар меҳмонхона ба вақти дароз истодани мешавем. Феъли STAY вақте истифода мешавад ки мо дар меҳмонхона бо муҳлати кутоҳ, якчанд руз меистем.
TAKE PLACE or TAKE PART. The meeting will take part soon.(Вохӯри дертар мешавад); The meeting will take place soon. (Вохӯри дертар баргузор мешавад); I will take part in this meeting. (ман дар ин вохӯри иштирок хоҳам кард). TAKE PLACE- ҳамчун «баргузор шудан» тарҷума мешавад. TAKE PART - «иштирок доштан». Шумо чун одам дар ҳа ҷо иштирок карда метавонед. Дар хотир гиред: дар вохӯриҳо иштирок кардан мумкин аст (take part), аммо ҳамон вохӯри ва дигар ҳодисаҳо фақат баргузор шуданашон мумкин (take place).
...