Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Шароити захирањо ва сарватњои табии Тољикистон

Автор:   •  Сентябрь 17, 2022  •  Реферат  •  1,220 Слов (5 Страниц)  •  723 Просмотры

Страница 1 из 5

Шароити захирањо ва сарватњои табии Тољикистон

2.1.Бахои иқтисоди ба релеф ва иқлими Чумхурии Точикистон. 2.2.Бахои иқтисоди ба сарватхои зеризаминии Чумхурии Точикистон. 2.3.Бахои иқтисоди ба сарватхои обию заминии Чумхурии Точикистон. 2.1.Бахои иқтисоди ба релеф ва иқлими Чумхурии Точикистон. Ба сарватхои табии релеф, иқлим, олами наботот, олами хайвонот, канданихои фоиданок, сарватхои оби ва замини дохил мешавад. Точикистон сарзамини кӯхсор аст. Баландии мутлақии он аз 300 то 7495м мебошад. 93 фоизи худуди Точикистонро кӯххо ва 7 фоиз онро хамворихо ишѓол кардаанд. Тақрибан 50 фоизи сатхи қаламрави чумхури аз 3000 метр баландтар воқеъ гардида аст.  Релефи кӯхии ЧТ барои рушди туризм, гидроэнергетика ва кӯхнаварди мусоид мебошад. Иқлими Точикистон дар натичаи таъсири мутақобилаи бисёр омилхои гуногун (масалан, мавқеи географи, релеф, радиатсияи Офтоб, гардиши атмосфера) ташаккул меёбад. Точикистон дар чануби Осиёи Миёна, дур аз бахри уқёнусхо чойгир аст. Бинобар ин таѓироти унсурхои метеорологии мавсими ва шабнарӯзи дар ин чо зиёданд. Дар чануб чойгир шудани Точикистон (36-420 арзи шимоли) бузургии радиатсияи Офтоб ва давомоти давраи нашвро муқаррар мекунад. Мачмӯи радиатсияи солонаи Офтоб дар минтақахои амуди 151-176 ккал/см2-ро ташкил медихад. Дар як сол Офтоб ба хисоби миёна 2097-3166 соат партав меафшонад, бинобар ин давомоти давраи нашв 195-315 рӯз мебошад. Чамъулчамъи харорати миёнаи мусбати шабонарӯзи (аз+50 боло) дар тӯли сол дар водихо аз 60000 беш аст. Дар ИДМ ин яке аз нишондихандахои баланд буда, барои парвариши растанихои гармидӯст (ситруси ва субтропики), инчунин дар мавсим рӯёндани ду – се хосил мусоидат мекунад. Вобаста ба релеф ва баландии махал аз сатхи бахр дар чумхури чанд навъи иқлим ташаккул ёфтааст. Иқлими хушки субтропики (дар водихои Вахш ва Хисор), ки тобистон тӯлони, гарм, зимистони кӯхтои нарм ва боришот кам (150-200мм) аст; иқлими хушки континенти, ки тобистон гарм зимистон хунук буда, 350-700мм боришот мешавад; иқлими мӯътадил (дар минтақахои миёнакӯх), ки тобистон салқин ва зимистон хунук буда, боришот то 1500мм-ро ташкил медихад: иқлими баландкӯхию биёбони (минта-қаи баландкӯх) бо зимистони қахратуни тӯлони, тобистони кӯтохи хунук, боришоти кам (60-100мм).  Махали гармтарини Точикистон нохияи Шахритӯс (Айвач +480) ба шумор меравад.  Боришоти аз хама зиёд дар нишебихои чанубии қаторкӯхи Хисор ( соле ба хисоби миёна то 1200мм, бештаринаш2000мм) рух медихад.  Мавзеи аз хама камбориши Точикистон Помири Шарқи аст. Дар ин мавзеъ борон ва барф қариб намеборад. Дар мавзеи Қарокӯл соле хамаги 70мм боришот мешаваду бас. Ин яке аз чойхои камбориштарини на фақат Точикистон, балки ИДМ мебошад. 2.2.Бахои иқтисоди ба сарватхои зеризаминии Чумхурии Точикистон. Дар тӯли солхои Хокимияти Шӯрави дар Точикистон 70 намуди сарватхои зеризаминии маъданию ѓайримаъдани кашф ва тақрибан 400 кон ошкор карда шудаанд. Алхол аз 100 кон қариб 40 навъи ашъёи хоми маъдани мегиранд. Сарватхои зеризаминии Точикистон ба 3 навъ чудо карда мешаванд: сӯзишворию энергетики, металли ва ѓайримем-талли. Ба сарватхои сӯзишворию энергетики ангишти бӯр, ангиштсанг, торф, варақсангхои сӯзанда, нефт, гази табии мансуб мебошад. Захирахои калони ангиштсанг дар Точикистони Маркази ва Точикистони Чануби Шарқи чой гирифтаанд. Дар чумхури тақрибан 40 кони ангиштсанг маълум аст, ки аксари онхо ахамияти саноати доранд: Шӯроб, Фону Яѓноб, Моѓиён, Назарайлоқ ва ѓайра. Кони нефт аз газ фақат дар худуди ду пастхами – Фарѓонаи Ғарби (КИМ, Айритон, Ниёзбек, Нефтобод, Равот) ва Точикистони Чануби (Кичикбел, Балчувон, Хочасар-тез, Сулдузи, Оқбошадир, Кизилтумшуқ ва Шамбари) воқеъ гардидаанд. Захираи нефт ва гази Точикистон зиёд нест. Вале дар натичаи тадқиқотхои геологи муқаррар карда шудааст, ки дар водихои Вахшу Кӯлоб ва Фарѓонаи Ғарби дар тахнишастахои давраи табошир ва юра конхои газу нефт вучуд доранд. Сарватхои зеризаминии металли асосан дар Точикистони Шимоли (кӯхи Қаромазор) ва Маркази (қаторкӯххои Хисору Олой) мавчуданд. Дар кӯххои Қаромазор конхои сершумори маъданихои полиметалли (рух, сурб), металлхои нодир (кадмий, висмут,молибден, волфром) ва асил (тилло, нуқра) ошкор шудаанд. Дар ин мавзеъи кони охани Чоқадамбулоқ кашф гардида, дар кӯххои Хисору Олой волфрам (Майхӯра), сурма ва симоб (Чичикрӯд, Қавноқ, Кончоч), шпати сахрои (Такоб) ва ашёи хом барои саноати алюминий (кони Турпи) ёфта шуд. Аз чихати захираи сурма ва симоб Точикистон дар Осиёи Маркази чойи аввалро мегирад. Сарватхои зеризаминии ѓайриметалли (асбест, абрақ, озокерит, фосфорит, намаксанг, масолехи сохтмон ва ѓайра) дар Точикистон хеле зиёданд. Зиёда аз 50 кони намаксанг (Хочамӯъмин, Хочасартез, Оқсуқон, Тошбулоқ, Танобчи ва ѓайра) ёфт шудаанд. Кӯли Оқсуқони нохияи Ашт барои муоличаи беморихо низ истифода мешавад. Дар чумхӯри даххо кони хурди фосфорит муқаррар карда шудаанд.   Дар чумхури зиёда аз сад кони масолехи сохтмони ба қайд гирифта шудааст. 2.3.Бахои иқтисоди ба сарватхои обию заминии Чумхурии Точикистон. Точикистон дар саргахи ташаккулёбии обхои минтақаи Осиёи Маркази чойгир буда, дар қаламрави он қариб 65% обхои минтақа сарчашма мегирад. Дар Точикистон 947 дарёе, ки аз 10км зиёдтар дарози доранд ба хисоб гирифта шудаанд. Қисми зиёди дарёхои Точикистон ба хавзаи Бахри Арал тааллуқ доранд. Дарёхои асосии Точикистон Ому, Панч, Вахш, Сир, Зарафшон ва ѓайрахо мебошанд. Дарёи Панч яке аз дарёхои калонтарин буда, дар тӯли 921км қад-қади сархади чанубии чумхури чори мешаванд.  Сарфи оби он ба 1000м3/ сония баробар аст. Аз андароби дарёхои Вахш ва Панч дарёи Ому сар шуда, ба масофаи 35 км аз худуди Точикистон чори мегардад. Тӯли дарёи Ому 2294км мебошад. Вахш бузургтарин шохоби дарёи Ому аст. Тӯли он 524км мебошад. Сарфи миёнаи солонаи обаш ба 600м3/ сония баробар аст. Кофарнихоншохоби рости дарёи Ому буда, 387 км тӯл мекашад.  Сарфи оби он 102м3/ сония мебошад. Зарафшонба чумлаи дарёхои калони Осиёи Миёна мансуб буда, дар байни хавзаи дарёхои Ому ва Сир чойгир шудааст. Тӯли умумии Зарафшон 877км-ро ташкил менамояд. Сарфи обаш 164м3/ сонияро ташкил медиханд. Сир дарёи дуюмин ва дарозтарини Осиёи Миёна мебошад. Тӯли дарёи Сир аз сарчашмааш 2684 км буда, 195 км-и он аз сарзамини Точикистон мегузарад.  Дар чумхури масохати кӯлхо 0,5 фоизи қаламрави онро ташкил медихад. Хачми оби хамаи кӯлхо 46,3км3 мебошад. Аз ин 19,3 км3-и он оби нӯшоки мебошад. Асосан кӯлхо дар Точикистони Маркази ва Помир чой гирифтаанд. Калонтарин кӯли пайдоишаш пиряхию тектоники Точикистон Қарокӯл аст(Помири Шарқи). Масохати он (бидуни чазирахо) 380 км2 ва чуқуриаш (дар қисми ѓарби) то 236м мебошад. Оби кӯл шӯр аст ва дар он тақрибан хаёт нест. Кӯлхои пайдоишашон пиряхи дар қаторкӯххои Зарафшон (Кӯликалон) ва Пётри Якум – Хазорчашма дар болооби дарёи Сурхоб низ мавчуданд. Ба кӯлхои ярчи Яшилкӯл ва кӯли Сарез мансубанд. Масохати ин кӯл 88км2 ва чуқурияш 500м аст. Хачми оби он ба 17,3км3 баробар меояд. Дар Точикистон обхои зеризамини фаровон мебошад. Захираи солонаи онхо 18,7км3-ро ташкил менамояд. Аз чумла захираи истифодашавандаи он ба 2,8км3/ сол баробар аст. Холо ба хисоби миёна аз он солее 2,3км3 истеъмол менамоянд. Кӯххои осмонбӯси Точикистон манбаи бузурги пиряххо мебошанд. Масохати умумии пиряххо тақрибан 8,5хаз. км2 буда, қариб 6 фоизи сарзамини чумхуриро ташкил медихад. Қисми зиёди пиряххо дар шимол ва ѓарби Помир, инчунин дар кӯххои Точикистони Шимоли ва Маркази чой гирифтаанд. Пиряххои калон мисли дарёхо номи худро доранд: Федченко, Грум-Гржимайло, Зарафшон, Гармо, Чамъияти географи, Хирсон ва ѓайра. Пиряххои аз хама калони Точикистон пиряхи Федченко  буда, дарозии ин пирях 77км, бараш тақрибан 5км ва ѓавсияш то 1800м мебошад. Оби пиряххо 25 фоизи хачми чараёни дарёхои Точикистонро таъмин менамояд. Омилхои асосии хокхосилшави ин иқлим, чинсхои кӯхи, релеф, сохти геологи, наботот ва олами хайвонот мебошанд. Вобаста ба ин омилхо ва минтақаи амуди дар худуди Точикистон чунин навъхои хокро метавон чудо кард: минтақаи хамворию пасткӯхи бештар ба хоки хокистаранг, минтақаи миёнакӯхи – бо хоки дорчинии кӯхи, минтақаи баландкӯхи –бо хокхои марѓзори баландкӯхи, дашти, биёбони ва минтақаи осмонбӯс – бо хоки сода. Фонди умумии заминхои Точикистон 14,2млн га буда, заминхои кишоварзи – 66,1 фоиз, фонди давлатии захиравии чангал – 32,0 фоиз ва дигар сохаи истифода – 1,9 фоизро ташкил медихад.  Дар тӯли 30 соли охир андозаи замини кишт ба хар сар ахоли аз 0,48 то 0,11 га кам шудааст

...

Скачать:   txt (14.6 Kb)   pdf (108.8 Kb)   docx (772.9 Kb)  
Продолжить читать еще 4 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club